16 апрели соли 2021 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дарси хизматӣ баргузор гардид. Дарсро сарнозири Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани адлия Аҳлиддинзода Муҳриддин Айниддин ва корманди ҳамин Сарраёсат, лейтенанти калони адлия Файзуллозода Баҳрулло Изатулло бурдаанд.
Иштирок доштаанд: Роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД.
Дарс дар мавзӯи “Омилҳо, сабабу шароитҳои содиршавии ҷиноятҳои характери коррупсионидошта” Аҳлиддинзода М.А. маърӯзаи мушҳаҳҳас ва пурмазмун пешбарӣ кард.
Инчунин баромадкунанда дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда дар ин самт сухан кард.
Дар фарҷоми ҷаласа Аҳлиддинзода М.А. ба саволҳои кормандони ХШБ ҷавоби дақиқ дод.