Вохўрӣ бо намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Корея

 

Санаи 6-уми майи соли 2024 вохӯрии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Мирзозода Ҷоми Ҷамахон бо консули Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Ҷисонг баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо, мубодилаи таҷриба доир ба тартиби бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, вазъи будубош ва иқомати онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар хотимаи вохўрии судманд, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки баҳри рушду пешрафти кишварҳои бо ҳам дўст ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият хоҳанд бахшид.

Х. Солиҳӣ