Маросими ботантана супоридани шиноснома дар ноҳияи Сино

 

4-уми майи соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ба таври тантанавӣ супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону хатмкунандагони ин боргоҳи илм баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ ба 30 нафар хонандагоне, ки ба синни 16 расидаанд, шиноснома супориданд.

Муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ подполковники милитсия Раҷабмоҳ Раҳмонализода дар назди хонандагони муассисаи таълимии мазкур суханронӣ намуда, хонандагонеро, ки соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд, аз номи роҳбарияти Хадамот бо ин рўзи хотирмон табрик гуфт.

Зикр карда шуд, ки шиноснома на танҳо рамзи тааллуқият ба шаҳрвандии кишварамон буда, балки нишонаи камолёбии шахс, соҳибҳуқуқ ва ҳамзамон масъулият доштан дар амал ва қарорҳои худро нишон медиҳад.

Ба хатмкунандагон таманнои он карда шуд, ки аз шаҳрванди Ватани хеш будан ифтихор дошта, дар таҳсилу корҳои оянда ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гарданд ва саҳмгузори ободию пешрафти диёри худ бошанд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ оид ба муҳимияти шиноснома, таърихи пайдоиш ва дигар маълумот дар бораи он ибрози назар карда шуд.

Расми хотиравӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Х. Солиҳӣ