Тамошои дастаҷамъонаи нигораҳои Осорхона

 

7-уми майи соли 2024 ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба Осорхонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз нигораю ёдгориҳои таърихӣ ва намоиши дастоварду комёбиҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ дидан намуданд.

Кормандони Хадамот махсусан ба таърихи таъсисёбӣ ва марҳилаҳои ташаккулёбии мақомоти милитсияи тоҷик, тарзу усулҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии он, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизмати содиқонаю ҷоннисориҳои собиқ кормандони ниҳод дар давраҳои гуногуни фаъолияти мақомот таваҷҷўҳу мароқ зоҳир намуданд.

Тамошои дастаҷамъонаи Осорхонаи Вазорати корҳои дохилӣ, шиносоӣ бо нигораҳои нодиру дастовардҳои навбатӣ ба ҳайати шахсӣ, алалхусус ба кормандони ҷавон тааасуроти калон бахшид.

Х. Солиҳӣ