Амалисозии тадбирҳои муҳим – омили пешрафти ҷомеа

????????????????????????????????????

Ҳар нуктаи Паёми Асосгузори сул­ҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” барои таҳкими соҳаҳои гуногун ва дар умум, ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мамлакат равона гардидааст.

Пешвои миллат 28 декабри соли 2023 дар Паёми навбатиашон нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2023-ро на танҳо барои тоҷикистониён, балки барои кулли мардумони дунё соли воқеан вазнину буҳронӣ арзёбӣ карданд. Аммо новобаста ба ҳамаи ин, Роҳбари давлат илова карданд, ки “Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид”.

Бо назардошти чунин соли вазнину буҳронӣ, Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор чораҳои саривақтие андешид, ки амалисозии онҳо боиси пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар гардиданд. Тавре Президенти мамлакат вобаста ба ин зикр намуданд: “Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 миллиарду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 миллиард сомонӣ равона карда мешавад”.

Дар Паёми навбатии Сардори давлат, инчунин як қатор масъалаҳо, аз ҷумла вобаста ба самту соҳаҳои муҳимми ҷомеа, аз қабили молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу тартибот ва волоияти қонун, амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2024 мушаххас гардиданд.

Бояд гуфт, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба ҳисоб рафта, аз ҷумла самтҳои асосии фаъолияти он таъмини амнияти шаҳрвандон, волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин ба танзим даровардани раванди сайёҳӣ, бехатарии сайёҳон ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Дар робита ба ин самт, Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, ки ниҳоди зерсохтори мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, гурезагону паноҳҷӯяндагон ва сайёҳонро ба зимма дорад.

Аз ҷониби кормандони ХШБ ВКД дар давраи семоҳаи аввали соли 2024 ҳамагӣ 8904 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ бо корҳои шахсӣ, фаъолияти меҳнатӣ, тиҷоратӣ, истиқомати доимӣ ва барои донишомӯзӣ ворид шудаанд, ба қайд гирифта шудаанд ва аз ин теъдод, муҳлати бақайдгирии 3259 нафари онҳо тамдид карда шудааст.

Ҳамзамон, то имрӯз беш аз 1400 оилаи паноҳҷӯяндагон ва гурезаҳо, ки дар қайди ХШБ ВКД меистанд, ҷиҳати будубош ва дарёфти маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бо кормандони мо дар робитаи доимӣ қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони имрӯза масъалаи ташвишовар ин таҳдидҳои киберӣ мебошанд, ки торафт муҳимтар мегарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон аҳамияти таҳкими амнияти киберии мамлакат, дастрасии технологияҳои навро барои муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ ва тақвияти чораҳои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ таъкид намуданд. Бешубҳа, ҷиноятҳои киберӣ ба амнияти миллии аксари мамлакатҳо хатари ҷиддӣ эҷод кардаанд. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва интернет, таҳдидҳои киберӣ мураккабтар, гуногунтар ва маъмултар шудаанд. Бо назардошти ин раванд, Роҳбари давлат таъкид карданд, ки “…барои таъмин намудани амнияти мудофиавии ҷумҳуриамон бояд тадбирҳои иловагӣ андешем. Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода сохтани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд”.

Дарвоқеъ, таҳлили бандҳои алоҳидаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат гувоҳи он аст, ки таъмини амнияти миллӣ доимо дар меҳвари асосии сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Моро зарур аст, ки ин сиёсати пешгирифтаро дастгирӣ намуда, дар ҳифз ва таъмини манфиатҳои миллӣ, бахусус таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат, рушду устувории иқтисодиёти ҷумҳурӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият, тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо, иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар асоси принсипи ҳамшарикӣ саҳм гузорем.

Ин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Паёмашон дуруст таъкид намуданд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди ҷумҳурии соҳибихтиёрамон равона созем”.

Воқеан, амалисозии тадбирҳое, ки Пешвои миллат вобаста ба тақозои замони муосир баён доштанд, пеш аз ҳама ба рушди иқтисоди миллӣ, баланд шудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, раҳоӣ ёфтан аз вобастагиҳои иқтисодӣ ва дар умум, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии ҳар як сокини кишвар равона шудаанд.

Ногуфта намонад, ки дар ин матлаб ҳамагӣ чанд нуктаро аз Паёми навбатии Президенти кишвар ёдовар шудем. Суханони роҳнамо, масъалаҳои фарогири тамоми паҳлуҳои рӯзгори мардум, ҳадафҳои баланди миллӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар ҳар сатри Паёми Пешвои миллат ҳар яки моро ба ҳал ва иҷрои саривақтии онҳо ҳидоят месозанд.

Ба таври хулоса метавон зикр кард, ки паёмҳои солонаи Пешвои миллат танҳо як даъвату нақша ва роҳнамои муқаррарӣ нестанд, балки ҳарф ба ҳарфи онҳо дар худ муҳаббату самимияти ватандӯстона доранд, ки моро гармиву равшанӣ мебахшанд ва мардумро ба созандагиҳо талқин месозанд.

Аз ин лиҳоз, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат чун дастури ҳуқуқиву ахлоқӣ, маърифативу фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ барои намояндагони тамоми соҳаҳои ҷомеа, хусусан барои мо – хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ, чун роҳнамо буда, амалисозии талаботҳои он давлату миллати тоҷикро ояндаи наздик боз ҳам пешрафта мегардонад.

 

Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон,

сардори ХШБ ВКД ҶТ,

полковники милитсия