19 Апрел, 2024

ФАРМОНИ №1519 Дар бораи ҷори намудани шиносномаи шаҳрванди ҶТ

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282)

  Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тартиботи  ҷамъиятӣ  ва  мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 марти соли 2014 кортҳои шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282).

2. Муқаррар карда шавад, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар қаламрави кишвар то ба итмом расидани мўҳлати амали он эътибор дорад (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282).

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— аз 1 марти соли 2014 барои бо шиносномаи шаҳрвандӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282);

— то 1 октябри соли 2013 талаботи техникиро нисбат ба шиносномаи  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани озмуни байналмилалӣ омода намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282);

— тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати маблаггузорӣ ва тайёр намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад (Фармони Президенти ҶТ аз 28.10.2014 № 282);

— бо тартиби муқарраргардида ва тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои хориҷиро дар хусуси мавриди амал қарор гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор намуда, оид ба эътирофи онҳо ҳамчун ҳуҷҷати байналмилалии муайянкунандаи шахсият бо мақсади таъмини сафарҳои хориҷии шаҳрвандони Тоҷикистон чораҷўӣ намояд;

— дар мўҳлати чор моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 20 сентябри соли 2013, № 1519