Гусел ба нафақа

Дар асоси “Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ба хотири ба нафақа гусел намудани сардори шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии ХШБ полковники милитсия Аслов Садриддин Муҳриддинович, ки дар ин хадамот солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун кор кардааст, ҷамъомад доир гардид.

Полковники милитсия Садриддин Аслов фаъолияти кории хешро тибқи ҳисоби тақвимӣ зиёда аз 35 сол идома дода, дар вазифаҳои гуногун бо як ҳисси ватандӯстӣ хизмат намудааст.

Ба номбурда аз ҷониби сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир барои хизмати шоён дар мақомоти корҳои дохилӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии ХШБ ба собиқ корманди худ барои фаъолияти шоиста ва бенуқсон баҳри хизмат ба халқу Ватан изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки, «мо, кормандон, дар тӯли солҳои фаъолият бисёр хислатҳои ҳамида, поквиҷдонӣ, садоқатмандӣ, серталабӣ ва саъю кӯшишро аз полковники милитсия С. Аслов омӯхтем ва фаъолияти ин гуна инсонҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ибратомӯзи насли ҷавони милитсия мебошад».