Намунаи ибрат барои кормандони ҷавон

28 марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати гусели ботантанаи яке аз кормандони собиқадори хадамот, ки солҳои зиёд фаъолияти пурсамар дошт, чорабинии ботантана доир гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамот иштирок намуданд.

Сараввал сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар назди ҳозирин аз кору фаъолият ва таҷрибаи бойи полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, саҳми арзандааш дар тарбияи кормандони ҷавон, давраҳои якҷо фаъолият доштан то ба замони ба нафақабароияш аз вазифаи муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ибрози назар намуд.

Қайд карда шуд, ки полковники милитсия Зумрад Абдуллозода пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 1985 то моҳи феврали соли 2022, қариб 37 сол аст, бе танаффус дар вазифаҳои гуногун шурӯъ аз вазифаи нозир то ба сардори раёсат кору фаъолияти пурмаҳсул дошт. Барои хизматҳои шоёнаш дар мақомоти корҳои дохилӣ зиёда аз 25 маротиба бо мукофотҳои гуногун қадрдонӣ гардидааст, дар рушду пешрафти соҳа саҳми босазои худро гузоштааст.

«Фаъолияти полковники милитсия Зумрад Абдуллозода ба ҳар як корманди ҷавони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ намунаи ибрат мебошад, чунки бо эҳтироми баланд ва соҳиби обрӯи хоса ба нафақаи арзанда баромадан шарафи бузургест»-илова намуд дар идомаи суханрониаш сардори хадамот полковники милитсия Ҳусейн Халилзода.

Дар идомаи чорабинӣ дигар ҳамкасбон низ дар баромадҳои худ нисбати фаъолият ва хислатҳои неки инсондӯстона ва хизматҳои содиқонаи ӯ ба халқу Ватан ва кордонию ташаббусҳои наҷибаш дар рушду нумӯи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ суханронӣ намуданд.
Воқеан, Зумрад Абдуллозода зимни фаъолияти хизматиаш аз худ хислатҳои наҷиби инсониро нишон додааст. Маҳз ҳамин хислатҳои хуб ва лаёқату истеъдодаш ӯро маҳбуби коллективи кормандон ва соҳибэҳтирому баобрӯ гардонидааст. Бояд қайд намуд, ки оилаи Зумрад Абдуллозода – шавҳар ва ду фарзандаш низ кормандони милитсия мебошанд.

Зумрад Абдуллозода дар навбати худ барои иззату эҳтироми ҳамкасбон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки аз он ифтихор дорад, ки дар чунин коллективи ҳамкорон адои хизмат намудаасту имрӯз ӯро дар чунин фазои тантанавӣ ба нафақа гусел карда истодаанд. «Боварӣ дорам, ки минбаъд низ ҳамчун собиқадори соҳа дар фаъолияти кории хадамот фаъолона иштирок намуда, дар ҳалли мушкилоти он, хусусан ба кормандони ҷавон кӯмаки худро дареғ намедорам» – зикр намуд Зумрад Абдуллозода.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамот ба полковники милитсия Зумрад Абдуллозода тӯҳфаи қимматноки хотиравӣ ва дастагули зебо тақдим карда шуд.

Инчунин, ҳамкорон ба номбурда пеш аз ҳама саломатӣ, умри дарози бобаракат ва ободии хонадонашро таманно намуда, изҳор доштанд, ки дар оянда низ ӯ бо маслиҳатҳои муфиди хеш дар пешрафти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ёвару мададгор бошад.

Х. Солиҳов