Тартиби воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ

        Мутобиқи моддаи 19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1997 № 482 (Дохил шудан (гузаштан) ба минтақаи сарҳадӣ ва хати сарҳад) ба минтақаи сарҳадӣ дохил шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, бе рухсати Вазорати корҳои хориҷӣ ва  мақомоти корҳои дохилӣ манъ мебошад, агар санадҳои меёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

         Мутобиқи банди 9.2.15. Низомномаи Хадамоти шиносномавию бацайдгирии ВКД ҶТ барасмиятдарорї ва ба шањрвандони хориљї ва шахсони бешањрванд додани иҷозатнома (ё рухсатнома) барои ворид гардидан ва иқомат намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар минтаќањои сарњадї ба ӯҳдаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД вогузор карда шудааст.

          Мутобиқи Фармони Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон № 418 б/з аз 16 июли соли 2007 “Оид ба тасдиқ намудани Дастурамал дар бораи додани Рухсатнома барои баромад ва воридшавии   шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба минтақаҳои сарҳадӣ вобаста аз мақсади баромад ва воридшавии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси  бешаҳрванд ба минтақаҳои сарҳадӣ, рухсатнома бо тартиби зерин дода мешавад: Шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ, расмӣ, сайёҳ, сафарҳои хусусӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва таҳсил баромада, вориди минтақаҳои сарҳадӣ меграданд – мутобиқи асосоҳои дархости вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, намояндагиҳо, муассиса ва ташкилотҳои тиҷоратии хориҷӣ, ва инчунин аз рӯи аризаҳои шахсии худи шаҳрванжони хориҷӣ сурат мегирад. Дар дархост ва аризаҳо нишон дода мешаванд: шаҳрвандӣ, ном, насаби шаҳрванди хориҷӣ, соли таваллуд, силсила ва рақами шиноснома, минтақаи сарҳадие, ки шаҳрванди хориҷӣ воридшавиро дар назар дорад, мӯҳлати воридшавӣ, мақсади сафар. Агар шаҳрванди хориҷӣ воридшавиро дар назар дорад – мӯҳлати воридшавӣ, мақсади сафар. Агар шаҳрванди хориҷӣ дар дигар воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайд гирифта шуда бошад, дар дархост нусхаи мӯҳр оид ба бақайдгирӣ ё варақаи бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ замима меградад. Ҳангоми баррасии дархости ташкилоти қабулкунанда то сафари шаҳрванди хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, иловатан нусхаи саҳифаи шиноснома, ки дорои маълумотҳо оид ба шаҳрванди хориҷӣ ва раводидӣ(ё дастгирии раводидӣҒғи он мебошад, замима мегардад. Масъалаи воридшавии шаҳрванди хориҷӣ ба ВМКБ барои ташриф овардан ба кулли Сарез, ташкилоти қакбулкунанда бо Кумита оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиуа менамояд.

         Рухсатнома дар муддати як рӯзи корӣ, баъд аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои лозима дода мешавад.

         Рухсатнома баъд аз пешниҳод намудани расид (квитансия) оид ба пардохти ҳаққи хизматрасонии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дода мешавад.

        Сабтҳо дар Рухсатнома бо забони тоҷикӣ амалӣ гардида бо имзои роҳбари воҳиди Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мӯҳри раводидӣ ба амал бароварда мешавад.            Ҳангоми гум кардан ё хурдашавии рухсатномаи шаҳрванди хориҷӣ, ташкилоти қабқлкунанда ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ҶУмҳурии Тоҷикистон ё воҳидҳои он бо дархост оид ба додани рухсатномаи нав, аммо шаҳрванди хориҷие, ки барои корҳои хусусӣ бақайд гирифта шудааст – бо ариза ба шакли ихтиёрӣ муроҷиат мекунад.

      Пардохт барои рухсатномае, ки бар ивази гумкардашуда ё фарсудашуда дода мешавад, дар асоси Нархномаи хизматрасониҳое, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он расонида мешаванд, амалӣ мегардад.

       Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба минтақаҳои сарҳадӣ бе иҷозати мақомоти дахлдор ворид шаванд.