Парчам-Рамзи Истиқлолият: Баргузории дарси хизматӣ дар ХШБ ҶТ

  Дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дарси хизматӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
  Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият ва ҳайти шахсии Хадамот ширкат намуданд.
  Чуноне зикр гардид Парчам рамзи давлатдорӣ ва истиқололияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар он тамоми унсурҳои миллии тоҷикон ва далериву шуҷоати шермардон меҳан инъикос ёфтааст.
  Дар ҷараёни ҷаласа Сардори шӯъбаи таҳлилӣ-назоратӣ ва ҳуқуқии Хадамот, подполковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад, таҳти унвони “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи Истиқолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
  Номбурда аз таърих ва ташаккули Парчам ва фарҳанги парчамдории миллати тоҷик суханронӣ намуда, иброз дошт, ки миллати тоҷик дар ҳама давру замон иттиҳод ва ҳамдилиро пешаи худ намуда, дар зери Ливои худ муттаҳид буданд.
  Инчунин дар ҷараёни ҷаласаи номбурда ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дод.
  Ҳамзамон, дар идома доир ба муқаррароти Созишномаҳои байналмилалие, ки будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медароранд, посух дода шуд.
  Дар фарҷоми дарси хизматӣ дар бораи вазъи сиёсӣ-ҷамъиятӣ дар ҷаҳон ба кормандон маълумот дода шуд.