Чаласаи Вазирони корҳои дохилии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаато

Дар ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ зимни ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва фаъол намудани ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар мубориза бар зидди дуздии амволи ғайр ибрози андеша намуд.

Дар ҷаласаи мазкур Ҳокими шаҳри Алмаато Сагинтаев Б.А. иштирок намуда, зимни баромад меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайра мақдам гуфт. Мавсуф ба ҳамкориҳои самараноки давлатҳои минтақа баҳои баланд дода, зикр кард, ки ба ҳамаи Шумо барои робитаи зич ва ҳамкориҳои муфид изҳори миннатдорӣ менамоям. Танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ мо метавонем бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон барем.
             Дар идомаи ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Тургумбаев Ерлан Заманбекович, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Пулат Бобожонов ва намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии иттилоот дар Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) баромад намуда, ҷиҳати такмил додани механизми ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

Дар вохӯрӣ дар ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баромад Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорат, полковники миитсия Халилзода Ҳусейн Собир иштирок намудаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи якҷояи ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин маросими баимзорасонии дигар ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкориҳо баргузор гардид.