Натиҷаҳои гузаронидани амалиёти муштараки “Нелегал-2019”

Мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсози мубориза бо ҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва нақшаи чораибиниҳои муштараки тасдиқгардидаи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила амалиёти муштараки “Нелегал” гузаронида шуд.

Амалиёти мазкур дар тамоми манотиқи кишвар-шаҳри Душанбе, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадаҳшон, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт гузаронида шуд. Дар се марҳила 3798 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳонхонаҳо ва хобгоҳҳо ба қайд гирифта шудаанд, 800 корхонаву ташкилот ва маконҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, санҷида шуданд.

Дар натиҷаи амалиёт шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ доданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.

Амалисозии ин гуна тадбирандешиҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохтору идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, баҳри ҳифзи тартибти ҷаъмиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.