Корҳои фаҳмондадиҳӣ-иттиоолотӣ байни ҷавонон

Бо мақсади иҷроиши супоришҳои Асоссгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон ва дар асоси талаботи Қарори Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ аз 19 январи соли 2017 дар Донишқадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 18 сентябри соли 2019 муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, сардори шуъбаи таҳлилӣ-назоратӣ, подполковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад ва нозири калони ҳамин шуъба Назарзода Шеравган, бо устодону донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифат вохӯрӣ гузаронидаанд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, пешгирии ходисаҳои номатлуб миёни ҷавонон ва наврасон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбия намудани ҷавонон ар руҳияи ватандӯстӣ баррасӣ шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба ҳозирин филми мустананди омоданамудаи Маркази матбуоти ВКД бо номи “Сад пушаймонӣ аз Сурия” намоиш дода шуд. Донишҷӯён аз таассуроти бардоштаашон аз ин вохӯрӣ ва филм намоишдодашуда ибрози андеша намудаанд.