23 Ноябр, 2024

Ба ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд тақвият баҳшида мешавад

27 январи соли 2021 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ воҳурии корӣ бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезагон Мулугета Зевди барпо гардид.

     Дар воҳурӣ Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, полковники милитсия Халилзода Ҳ.С., муовини Сардор, полковники милитсия З.Абдуллозода, сардори шуъбаи шаҳрванди ва кор бо гурезаҳо, полковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ. ва кормандони Намоядагии КОСММОГ иштирок доштаанд.

      Сардори ХШБ ВКД ҷаноби Мулугета Зевдиро хайру макдам гуфта, бо таъин намудан ба вазифаи Роҳбари Намояндагии КОСММОГ дар Тоҷикистон табрик кардаанд.

       Дар баромади худ Халилзода Ҳ .С. дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва корҳои ба анчомрасонида шарҳ дод.

    Вазорати корҳои дохилӣ бо Намояндагии Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ва бо дигар ташкилотҳои байналмилалию ғайридавлатӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои шахсони паноҳҷуянда ва гурезагон фаъолият доранд, дар ҳалли мушкилоти шахсони паноҳҷӯянда ва гурезагон, гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, конфренсияҳо ва дигар масъалаҳои дахлдор ҳамкории зич дорад.

   Дар назди мақомоти корҳои дохилӣ Комиссияи муштараки доимоамалкунанда оид ба муайян намудани мақоми гуреза таъсис дода шудааст, ки аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мақомоти корҳои хориҷӣ иборат мебошад.

    Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ 2553 нафар  гурезаҳо ва паноњҷӯяндагон  дар қайд меистанд, аз ин 2495 нафар гурезаҳо ва 58 нафар паноњҷӯяндагонро ташкил медиҳанд.

      Фарзандони шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо пурра ба таҳсил фаро гирифта шуда, онҳо барои гирифтани таълим дар мактабҳои миёна, литсейҳо ва донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. Дар шаҳри Душанбе барои кудакони гурезаҳои афғон мактаб бо номи “Сомониён” фаъолият менамояд.

       Аз ҷониби Вазорати корњои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Қонуни мазкур санаи 18 декабри соли 2019, таҳти №1652 қабул гардид.

      Мақсади Қонуни мазкур қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва мусоидат намудан ба пешгирии бешаҳрвандӣ мебошад.

   Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан ба ноҳияҳои назди сарҳадӣ, ки дар онҳо шахсони таҳти амали Қонуни мазкур фарогиранда зиёданд, сафарбар карда шуданд.

     Дар ин давра баҳри иҷрои Қонуни мазкур 18 маротиба тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ, аз ҷумла тариқи шабакаҳои давлатии телевизонии Тоҷикистон, Ҷаҳоннамо, Сафина, шабакаҳои давлатии телевизиони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ анҷом дода шуда, видеофилм роҷеъ ба муҳимияти Қонуни мазкур ва мушкилии бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош намудан ва қаноатмандии шахсоне, ки соҳиби ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият гардидаанд, намоиш дода шуд. Инчунин, 2 маротиба бо иштироки кормандони масъул тариқи радиои Ватан ба муддати 60 дақиқа пахши мустақим бо шунаванда гузаронида шуд.

     Дар натиҷаи ин чораҳои андешидашуда дар давоми соли ҷорӣ (новобаста аз давраи эълон гардидани пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус КОВИД-19) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 764 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, муайян ва аризаҳои онҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 377 нафарро шаҳрвандони хориҷӣ ва 387 нафарро шахсони бешаҳрванд ва ё шахсони шаҳрвандиашон номуайян ташкил медиҳад. Пас аз қабул ва баррасии аризаҳо мақоми ҳуқуқии 151 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣгардонида шуда, ба 40 нафар иҷозати зисти доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гувоҳнома барои шахси бешаҳрванд ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, аз онҳо 9 гувоҳнома – ба шаҳрвандони хориҷӣ ва 31 гувоҳнома  барои шахсони бешаҳрванд дода шудааст.

        Аризаҳои 573 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд оид ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии онҳо дар баррасӣ қарор дошта, иҷроиши Қонун идома дорад.

        Ҷонибҳо дурнамоии хамкориҳо муҳоқима кардаанд.

     Дар қисми хотимавӣ дар доираи расонидани кӯмаки бебозгашт ба хадамоти шиносномаивию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби КОСММОГ дар маблағи зиёда аз 451 ҳазор сомонӣ дастгоҳҳои барои гирифтани изи даст супорида шуд.