27 Апрел, 2024

Ташаббуси навбатӣ: Гулшинонию кабудизоркунӣ

 

Бо оғози фасли баҳор ва бедоршавии табиат мардуми шарафманду ободкори Тоҷикистон саргарми корҳои ободонӣ, кишту кор, тозагию хуррамгардонии диёри хеш мегарданд.

Дар ин раванд роҳбарият ва ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки дар қитъаҳои замини коргоҳ гулу гулбуттаҳои гуногун, ниҳоли дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонида, қисматҳои холимондаи онро кабудизор намоянд.

Кормандон тайи чанд рӯз дастаҷамъона кору заҳмат намуда, ҳар як ваҷаб замини барои ободонӣ пешбинишударо самаранок истифода бурданд.

Аксҳо аз ҷараёни корҳо: