23 Ноябр, 2024

Хамкории дастачамьона дар самти мубориза бар зидди муҳочирати ғайриқонунӣ идома дорад

26 ноябри соли 2020 дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тариқи видеоконференсия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомотҳои салоҳиятдор оид ба муқовимат ба муҳочирати ғайриқонунии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Раиси Шӯрои мазкур, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-полковники политсия Александр Владимирович Горовой дар шаҳри Москва дар Маркази эътинооварӣ ба бӯҳронҳои СААД рафти чаласаро идора кард.

Дар кори ҷаласа муовини Дабири кулли СААД Валерий Анатольевич Семериков, қотиби Шӯро ва ҳайатҳои давлатҳои аъзои СААД ҳузур доштанд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласа муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Зумрад Абдуллозода, сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ, подполковники милитсия Мирзозода Ҷ.Ҷ. ва муовини сардори шуъбаи назорати  шаҳрвандони хориҷии ХШБ, подполковники милитсия Ҷобирзода Ш. иштирок доштанд.

Дар маҷлис масъалаҳои интихоб кардани Раиси Шӯро, шарҳ дар бораи вазъи муҳоҷиратӣ, дар бораи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳоҷират дар вақти пандемияи вируси нави COVID-19, дар бораи чораҳо баҳри муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳо дар соли 2020 ва рафти иҷроиши Нақшаи амалҳои давлатҳо аъзоёни СААД оид ба рушди низоми дастаҷамъонаи муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ то соли 2025.

Ҳангоми баррасии масъалаи якуми Рӯзномаи ҷаласа, иштирокчиён бо як овоз номзадии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-полковники политсия Александр Владимрович Горовой барои Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомотҳои салоҳиятдор оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии СААД дастгирӣ карданд

Дар баромадҳои худ намояндагони давлатҳо аъзоёни СААД дар бораи вазъи муҳоҷиратӣ, чораҳои зарурӣ оид ба пешгирии паҳншавии вируси нави COVID-19, такмили манбаи қонунгузорӣ ва иҷроиши Нақшаи давлатҳо аъзоёни СААД оид ба рушди низоми дастаҷамъонаи муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ то соли 2025 посух доданд.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои баимзорасонии Созишнома дар бораи реадмиссия, татбиқи авфи муҳоҷиратӣ нисбати категорияи муайяни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯихати манъи вуруд қарор доранд, имкониятҳои қонунигардонии будубош ва фаъолияти меҳнатӣ дар вақти пандемия мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва иштирокчиён мубодилаи афкор намуданд.

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони мақомотҳои салоҳиятдор оид ба муқовимат ба муҳочирати ғайриқонунии давлатҳо аъзоёни СААД дар фазои якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ гузашт.