Дар доираи ҳамкориҳои густурдаву судманди Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД, нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи ХШБ, роҳбарият ва масъулини ХШБ пайваста вохӯриву чорабиниҳои судманд роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин асно, бо ташаббуси сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Ҳусейн Халилзода дар муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе барои тақдим намудани шиносномаи шаҳрвандӣ чорабинӣ баргузор гардид.
Дар он сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода, роҳбарият ва кормандони бахши шиносномадиҳии ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ва устодону хонандагони ин боргоҳи илм иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мавсуф зикр кард, ки донишгоҳу донишкадаҳои оливу касбии дохил ва хориҷи кишвар барои қабули довталабон дарҳои худро боз намудаанд ва ҳар як хатмкунандаи муассисаҳои таълимии миёна саъй доранд донишҷӯи макотиби олӣ гарданд. Аз ин хотир, барои дохилшавӣ ва сари вақт ҳуҷҷатгузорӣ намудан ба чунин муассисаҳои таълимӣ доштани шиносномаи шаҳрвандӣ зарур ва муҳим мебошад.
Яке аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахсе, ки аллакай ба синни 16 расидааст, бояд шиносномаи шаҳрвандӣ дошта бошад. Барои ҳуҷҷатгузорӣ ва барасмиятдарорӣ на он қадар вақти зиёд лозим мешавад. Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми бахшҳои шиносномадиҳӣ бо дастгоҳу лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, мушкилие пеш намеояд. Хуб мешуд хонандагоне, ки ҳамакнун ба ин синну сол расидаанд, аз имкониятҳои мусоид истифода намуда, сари вақт шиносномаи шаҳрвандии худро дастрас намоянд, – гуфт М. Миршамсзода.
Дар идома, кормандони шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ ба зиёда аз 30 нафар хонандагон, ки шиносномаҳояшон омода гардида буданд, дар фазои тантанавӣ ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро тақдим намуданд.
Дар чорабинӣ директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Лайло Ғайратзода иброз дошт, ки бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи кормандони бахши шиносномадиҳии ХШБ тамоми хонандагони чор синфи 11 ва панҷ синфи 10-и муассиса сари вақт шиносномаҳои шаҳрвандии худро дастрас намудаанд.