27 Апрел, 2024

Риояи қонун барои ҳама ҳатмист!

 

Ҳамагон хуб медонем, ки ҷаҳони имрӯзаро бе муҳоҷират тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ҳатто сокинони тамоми кишварҳои дунё, аз қабили давлатҳои абарқудрату бузурги ҷаҳон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронсаву Британияи Кабир, Олмону Россия ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ба муҳоҷират рӯ овардаанд.

Дар ин зимн, ҳар як давлати қабулкунандаи шаҳрвандони хориҷӣ, новобаста ба он ки онҳо бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ намудан ва ё ҳамчун сайёҳу бо корҳои шахсӣ ворид гардидаанд, мақомоти назоративу санҷишии худро дошта, амалишавии ин равандро дар доираи қонунҳои амалкунандаи давлати худ таҳти назорати ҷиддӣ қарор додаанд.

Шуъбаи назорати шаҳрвандони хориҷии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз воҳидҳои назоратии мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт ба шумор меравад. Тавре сардори ин шуъба полковники милитсия Рустам Туразода иброз дошт, имрӯз роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи мазкур фаъолияти худро тибқи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва қарорҳои Мушовараи ВКД, инчунин протоколҳои ҷаласаҳои хизматии назди роҳбарияти ХШБ ВКД ба роҳ мондаанд. Ҳайати шахсӣ донишу малакаи касбии худро баҳри волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешрафти давлатамон равона намудаанд.

Рустам Туразода илова кард, ки имрӯз ҳар як корманди шуъба ва воҳидҳои поёнии он дар вилоятҳо бо мақсади пешгирии қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳимояи манфиатҳои ҷамъияту давлат аз кирдорҳои ҷинояткорона, инчунин иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаи худ, ошкору пешгирии роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ташкилкунандагони он, назорати рафтуомад ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ пайваста миёни корфармоёну шахсони мутасаддӣ ва худи шаҳрвандони хориҷӣ санҷишҳо доир намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад, танҳо дар ду моҳи соли равон аз ҷониби кормандони шуъба 56 корхонаву ширкат, иншооти саноатию сохтмонӣ, нуқтаҳои савдову таъмири нақлиёт, инчунин меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва манзилҳои зисти доимӣ ва муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки зимни баргузории санҷишҳо ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳайати шахсии шуъба бо шаҳрвандони хориҷӣ амалу рафтори хуб ва хушмуомилагиро пеша намудаанд.

Ҳамзамон, масъулини шуъба баҳри ба танзим даровардани раванди фаъолият ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба ҷумҳурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ, тиҷоратӣ ва ё истиқомати доимӣ ворид шудаанд, ҳамсуҳбат гардида, ҳуҷҷатҳои 359 нафарро мавриди санҷиш қарор доданд. Инчунин, онҳоро барои риоя намудани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, бақайдгирии саривақтӣ ва ошкору пешгирии ҳар гуна қонуншиканиҳо талқин намуданд.

Дар рафти санҷишҳо аз ҷониби кормандони шуъба барои дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 49 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 2 нафар қабулкунандагони шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 470 қисми 4 ва 499 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳо тартиб ва нисбаташон чораҳои дахлдор андешида шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари пешбурди самти фаъолият, ҳамасола ҷиҳати иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дар асоси Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила амалиёти “Нелегал” гузаронида мешавад.

– Саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ин қарзи инсонии ҳар як сокини диёр мебошад, зеро мо хонаи худ, ватани худ ва давлати худро обод мекунем. Дар ин асно, мо, ҳайати шахсии шуъба бо мақсади амалӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ ҳар ҳафта шанбегӣ гузаронида, ҳуҷраҳои корӣ ва қитъаҳои замини назди коргоҳро аз партовҳо тозаву покиза намуда, бехи дарахтону ниҳолҳои ҳудуди корхонаро нарм менамоем, – гуфт полковники милитсия Рустам Туразода.

Раҷаббек ИЛЁСОВ