27 Апрел, 2024

Қадрдонии бонувон бахшида ба «Рӯзи Модар»

 

7-уми марти соли равон дар хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар вилояти Суғд бахшида ба «Рӯзи Модар» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маросими таҷлил аз «Рӯзи Модар» роҳбарият ва ҳайати шахсии хадамоти мазкур иштирок доштанд.

Сардори ХШБ РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Бахтиёр Ҳайдарзода зимни баромадаш қайд намуд, ки нақши зан-модар, махсусан корманд-занонро дар баробари тарбия намудани фарзандон инчунин дар пешрафти ҳар коргоҳ хуб арзёбӣ намуда, дар симои онҳо ба тамоми модарони тоҷик саломатӣ, умри бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд.

Дар идомаи чорабинӣ корманд-занони ХШБ РВКД дар вилояти Суғд бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.