27 Апрел, 2024

Чорабинии идона ба муносибати ҷашни «Рӯзи Модар»

 

Имрӯз дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо иштироки роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва корманд-занони дастгоҳи марказии Хадамот ҷашни «Рӯзи Модар» таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии идона сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон суханронӣ намуда, корманд-занону духтарони Хадамоти шиносномавию бақайдгириро ба муносибати «Рӯзи Модар» табрик гуфт.

Қайд карда шуд, ки модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад. Бузургии зан-модар дар рисолати тарбиятгарӣ ва иқдому ташаббусҳои созандагиву бунёдкории ӯ таҷассум меёбад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо корманд-занони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба мисли дигар корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, таъмини шаҳрвандон бо шиноснома, бақайдгирии шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ хизмати софдилона намуда, дар пешгирии ҳама намуди ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми босазо мегузоранд.

Бо таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мақому мартабаи корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ мавқеи хосро соҳиб гардидааст, шароити зарурии корӣ имкон медиҳад, ки онҳо фаъолияти худро боз ҳам самаранок ба роҳ монанд.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои хизматҳои арзандаю шоиста ва саҳмгузорӣ дар пешрафти коргоҳ якчанд корманд-занони Хадамот аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, раҳматномаву Сипоснома мукофотонида шуда, ҳамзамон тамоми корманд-занон бахшида ба ҷашни «Рўзи модар» қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом, дар саҳни бинои Хадамот расми хотиравӣ гирифта шуд.

Х. Солиҳӣ