27 Апрел, 2024

Азнавбақайдгирии гурезаҳое, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд

 

Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо яке аз воҳидҳои пешбари Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД буда, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъба фаъолияти худро мутобиқи амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои амалкунандаи мамлакат, дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, қарорҳои Мушовара ва протоколҳои машваратии назди вазири корҳои дохилӣ ба роҳ монда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро сармашқи кори худ қарор додаанд.

Тавре сардори шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ ВКД подполковники милитсия Фатҳиддин Исматзода қайд намуд, имрӯз ҳайати шахсии шуъба барои амалӣ намудани вазифаҳои базиммадоштаашон, аз қабили ҳуқуқтатбиқкунӣ, уҳдадориҳо оид ба назорат, нигоҳдорӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ дар самтҳои фаъолият, истеҳсолоти масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои вобаста ба гурезаҳо, додани гувоҳномаи иқомат барои зист ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фаъолияташонро пеш мебаранд. Инчунин, барои амалӣ намудани уҳдадориҳои алоҳидае, ки қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд, самаранок фаъолият намуда, ба як қатор комёбиҳо ноил гардидаанд.

Мавсуф иброз дошт, ки баҳри иҷроиши саривақтии уҳдадориҳои хизматӣ, кормандони шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳо ҷиҳати иҷрои талаботи сархати 12, банди 1, моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” оид ба азнавбақайдгирии ҳарсолаи гурезаҳо дар якҷоягӣ бо воҳидҳои дахлдор ва иҷрои банди 4-и нақшаи чорабиниҳои асосии шуъбаи мазкур барои нимсолаи якуми соли 2024, аз санаи 1-уми феврали соли равон азнавбақайдгирии шахсони гурезаро, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ будубош доранд, шуруъ намуданд.

Чорабинии мазкур, яъне азнавбақайдгирӣ ба таври муташаккилона ҷараён дошта, ҳаррӯза теъдоди муайяни шахсони гуреза ва паноҳҷӯянда, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ будубош доранд, бевосита ба шуъба ҳозир гардида, худро аз нав ба қайд мегиранд.

Ҳамзамон, дар рафти амалишавии ин чорабинӣ аз тарафи кормандони шуъба бо шахсони гурезаву паноҳҷӯяндае, ки дар қайди шуъба меистанд, суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида мешавад. Яъне, ҳангоми ҳамсуҳбат гардидан бо онҳо оид ба риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми будубош, эҳтиром гузоштан ба расму оинҳои миллӣ, инчунин дурӣ ҷустан, яъне шомил нагардидан ба ҳар гуна гурӯҳу ташкилотҳои террористию экстремистӣ корҳои фаҳмондадиҳиро амалӣ менамоянд.

Ҳамчунин, аз шароитҳои иқоматии доштаашон дар маҳалли зист, шуғлу фаъолияти онҳо, вазъи оилавиашон бохабар гардида, пайваста таъкид месозанд, ки бо кормандони шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ дар робита бошанд.

Бояд қайд кард, ки ҳайати шахсии шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои ХШБ дар самти фаъолият, тибқи қонунҳои амалкунанда ҳуҷҷатгузорӣ намудан, назорату бақайдгирӣ ва баррасии саривақтии масъалаҳои шаҳрвандӣ масъулияти басо ҷидддиро ба уҳда дошта, дар иҷроиши онҳо ҳамеша дақиқкорона амал менамоянд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ