27 Апрел, 2024

Маросими шиносномасупории тантанавӣ дар ноҳияи Балҷувон

 

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Балҷувон имрўзҳо бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҳамкориҳои зич ба роҳ монда, бо ташкили чорабиниҳои тантанавӣ ба хонандагони мактабҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият – шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд.

Ҳамзамон зимни вохӯриҳо бо хонандагон ҷиҳати илму донишомўзӣ, омодагӣ барои сари вақт супоридани ҳуҷҷатҳо ба марказҳои тестии дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бурда мешаванд.

Тавре нозири калон оид ба кори  шиносномавӣ ва раводиди ХШБ ШВКД дар ноҳияи Барҷувон майори милитсия Шарипов Хуршед Талбакович изҳор медорад, тибқи дастуру роҳнамоиҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чунин чорабиниҳои ба таври тантанавӣ супоридани шиноснома ба мактаббачагони ба синни 16 расида мунтазам ва нақшавӣ доир гардида, дар баргузории онҳо намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатии маҳаллӣ, бахшҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, дигар сохторҳои марбутаи ноҳия саҳмгузорӣ менамоянд.