30 Апрел, 2024

Ҳавасмандии хонандагон аз иқдоми созанда

 

Ҳафтаи гузашта бо мусоидати масъулини хадамоти шиносномавию бакайдгирии Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров дар муассисаи таълимии №34 ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия чорабинии шиносномасупорӣ ба хонандагон ташкил ва дар фазои ботантана 20 нафар хонандаи синфҳои болоӣ бори аввал ҳуҷчати асосии тасдиқкунандаи шахсият гирифтанд. Пеш аз супоридани шиноснома ба хонандагон сардори Хадамоти шиносномадиҳию бақайдгирии шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров майори милитсия Нозим Неъматуллозода маълумоти заруриро оиди қоидаҳои шиносномадорӣ ба хонандагон фаҳмонид.

 

Чунин чорабиниҳо ҳарчанд масъулияти иловагии кормандони хадамоти шиносномавию бакайдгири бошад ҳам, тақвият додани он имкон фароҳам меорад, ки наврасон оиди низоми шиносномавию бақайдгирӣ маълумоти лозима гирифта маърифати ҳуқуқиашон баланд бардошта шавад.

Бори аввал ба даст гирифтани ҳуҷҷати асосӣ дар вазъияти тантанавӣ хонандагонро руҳбаланд намуд.

 

Тавре масъулин иброз доштанд бо тамоми мактабҳои ҳудудуди хизматӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда марҳила бо марҳила хонандагони ба синни 16 солагӣ расида бо шиноснома таъмин карда мешаванд. Дар ин раванд албатта ташаббускории роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ низ ба маврид аст.

Масъулини ХШБ ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ низ дар ҳамкорӣ бо маъмурияти моктабҳо барои соҳибшиноснома гаштани хонандагон корбари намуда истодааст. Дар баробари эҳтиёҷоти сокинонро бо шиноснома таъмин намудан дар ҳамкори бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар байни хонандагон корҳои фаҳмонидадиҳӣ барои саривақт гирифтани шиноснома гузаронида бо ташкили чорабиниҳои тантанавӣ ҳавасмандии хонандагонро барои гирифтани шиноснома бештар менамоянд. Дар тамоми мактабҳои ноҳия хонандагон огаҳи доранд, ки бо расидан ба синни 16 солагӣ шаҳрванд бояд шиноснома дошта бошад.

Илова бар ин, бо сокинони ноҳия мунтазам вохӯриҳо гузаронида шуда вобаста ба низоми шиносномадорӣ ва раванди қонунгозорӣ суҳбат анҷом дода мешавад. Дар соли ҷорӣ, ки соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид ингуна чорабиниҳои тарғиботӣ боз ҳам бештар ба роҳ монда хоҳад шуд таъкид доштанд масъулин.

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ ин навбат шиносномаҳои омадагардидаро ба 15 нафар хонандагони МТМУ 4 ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳия дастрас намуда дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонаш супорид. Чорабинӣ бо ҳузури хонандагони муассисаи таълимӣ ва омӯзгорон баргузор гашт.

Ташкили чорабиниҳои тантанавии шиносномасупорӣ ба хонандагон талаботи муқарарнамудаи роҳбарияти ХШБ ВКД мебошад, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва волидони хонандагон тарафдорӣ пайдо намуда тайи се соли охир ба нақшаи кории хадамоти шиносномадорӣ ворид шудааст ва дар ин самт масъулин ҳисобот медиҳанд.

Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия