29 Апрел, 2024

Чорабиниҳои тантанавии супоридани шиноснома дар шаҳри Роғун

 

Бо мақсади сари вақт таъмин намудани шахсони ба синни 16 расида, хонандагону хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни ҷавонону наврасон ҷиҳати баланд бардоштани рўҳияи ватанпарастию инсондўстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои тантанавии дастаҷамъона супоридани шиноснома роҳандозӣ гардида истодааст.

Санаи 16 феврали соли 2024 аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Роғун дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри мазкур чунин чорабиниҳо дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №28 ва №30 ҷамоати деҳоти Қади об баргузор карда шуданд.

Дар ҳар як муассисаҳои таҳсилотии зикргардида аз 8 то 10 нафарӣ хонандагону хатмкунандагон дар фазои тантанавӣ соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Чи тавре, зимни суҳбат яке аз ташкилкунандагони чорабинӣ – нозири калон оид ба кори шиносномавӣ ва раводидии ХШБ ШВКД дар шаҳри Роғун подполковники   милитсия  Абубакр Сангинмуродзода иброз дошт: «Ҳадаф на танҳо омода намудани хатмкунандагон барои сари вақт супоридани ҳуҷҷатҳои дохилшавӣ ба марказҳои тестӣ аст, балки огоҳ намудани ҷавонон барои мунисобати боэҳтиётона доштан бо ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ҳамчун фарди баробарҳуқуқи ҷомеа, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати интихоби касби хуб, азхудкунии илму дониш ва пешгирӣ аз даст задан ба амалу кирдорҳои ношоиста мебошад».

Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Роғун идома дорад.

Хисрав Солиҳӣ