29 Апрел, 2024

Баррасии масъалаҳои корӣ бо Намояндагии ВКД Россия

 

12 январи соли 2024 бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати адлияи кишвар бо  Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Егоров Алексей Сергеевич барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои дахлдори фаъолият изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки дар чорчӯбаи нақшаи чорабиниҳои вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари бо ҳам дӯст мушкилоти ҷойдошта сари вақт ҳалли худро меёбанд.

Дар вохӯрӣ аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Талабзода ва Ифтихор Самадзода, инчунин муовини роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рощина Тамара Григорьевна ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои сари вақт огаҳӣ доштан оид ба тағйирот дар қонунгузории дахлдори кишварҳо, нозукиҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, мубодилаи иттилоот ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳор доштанд.

Х. Солиҳӣ