Вокуниш оид ба матлаби интернетӣ вобаста ба шиноснома

Дар шабакаи иҷтимоии интернет матлабе нашр шудааст, ки дар он муаллиф зикр намудааст, ки гӯё тамоми онҳое, ки насабҳои “ев” ва “ов”-ро иваз карда, ба номи падар гузаштаанд, яъне номи худу номи падарро интихоб кардаанд, дар идораи шиносномадиҳӣ қасдан ба ҷойи номи худи соҳиби шиноснома номи падар ва номи падарро ба ҷойи номи фарзанд менависанд.

Бояд қайд намуд, ки чунин ҳолат умуман вуҷуд надорад ва тибқи фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2021 “Дар бораи Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз маълумотҳои ҳатмӣ (реквизитҳо)-и шиноснома насаб, ном ва номи падар мебошад.

Дар шиносномаи шаҳрвандӣ маълумотҳои шахс дар асоси маълумотҳои шаҳодатномаи таваллуд, ки аз ҷониби муассисаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, сабт карда мешавад. Кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз рӯи ин санад амал менамоянд ва ин ба талаботҳои санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Бинобар ин, маълумоти оне, ки гӯё кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ қасдан ба ҷойи номи соҳиби шиноснома номи падар ва номи падарро ба ҷойи номи фарзанд менависанд, асоси воқеӣ надорад.

Новобаста аз ин, ҳангоми пайдо шудани саволҳо оид ба ин масъала аз шаҳрвандони гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист муроҷиат намоянд.

Телефони боварии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: 227-55-54.