29 Апрел, 2024

Иштирок дар ҷаласаи 26-уми Шурои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои СААД

 

Дар ҷаласаи 26-уми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳо – аъзоёни Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба мавзӯи мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки 13-уми декабри соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус – шаҳри Минск баргузор гардид, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Белорус ва Котиботи СААД масъалаҳо оид ба натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар самти амалиёти минтақавии СААД вобаста ба муқовимати муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо номи шартии «Нелегал», вазъи муҳоҷират дар кишварҳои аъзои СААД, таҷрибаи мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати амалисозии назорати муҳоҷиратӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, мубодилаи таҷриба доир ба таҳияи воридсозии тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи муҳоҷират, додани иҷозати зисти муваққатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, бо тартиби соддагардонидашуда ба шаҳрвандӣ қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, муқовимат ба шуғли ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар мавзуъҳои дахлдори соҳаро мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.

Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ дар масъалаҳои болозикр баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳо – аъзоёни СААД манзур намуданд.

Ҳамчунин, дар фарҷоми ҷаласа нақшаи чорабиниҳои Шуро барои соли оянда баррасӣ гардида, як қатор санадҳо ба имзо расонида шуданд.

Х. Солеҳӣ