29 Апрел, 2024

Корҳои фаҳмондадиҳӣ-таблиғотӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳанд

 

Фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ серпаҳлӯ буда, самти шиносномавию бақайдгирӣ яке аз ҷузъҳои муҳими онро ташкил медиҳад.

Дар ин замина бояд қайд намуд, ки кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои амру фармонҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир фаъолияти хизматиро хуб ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонидаанд.

Аз ҷумла баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ, таъмини шаҳрвандон бо шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаи биометрии дорои ҳомили электрони иттилоот, муайян ва ошкор намудани ҷиноятҳо, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартиб додани протоколҳои маъмурӣ нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Яке аз вазифаҳои асосии самти фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, пеш аз ҳама таъмини саривақтии шаҳрвандон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ мебошад. Дар баробари пешрафти илму техника дар ҷаҳони муосир бо мақсади баланд бардоштани хусусиятҳои ҳимоявии шиносномаи шаҳрвандӣ ва шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо иваз шуда, бо тарҳ ва сифати нав мавриди амал қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои саривақтии талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти 207-7 аз 30 апрели соли 2016» «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки дар асоси он бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба роҳ монда шудааст, реҷаи кори кормандони Хадамот ва ҷузъу томҳои он пурзӯр гардида, сари вақт ба аҳолӣ хизматрасонӣ менамоянд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади амалӣ намудани талаботи қарори мазкур роҳбарияти ХШБ РВКД дар вилояти Хатлон ба ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарҳои хизматӣ анҷом дода, бо масъулини воҳидҳои поёнӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, омӯзгорон ва фаъолони ҷамоатҳо вохӯриҳо намуда, ҷиҳати сари вақт иваз кардани шиносномаи намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотиро анҷом дода истодаанд.

Вобаста ба талаботи қарори мазкур аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаҳои иттилотӣ ирсол карда шуда, дар зиёда аз 150 ҷамоатҳои шаҳраку ноҳияҳо насб карда шудаанд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматӣ-маишӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷониби роҳбарияти ХШБ дар ҳамаи Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ гӯшаҳои иттилоотӣ оид ба реҷаи корӣ тибқи тартиби муқарраршудаи ВКД, намунаи аризаҳо, нархномаҳои хизматрасонӣ, номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, телефони боварии сардори РВКД дар вилояти Хатлон ва сардори Хадамот насб карда шудаанд, ки ин ҳам бошад баҳри самаранокии кор мебошад.

Имрӯзҳо кормандони ХШБ ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ин самт саъю кӯшиш доранд, ки масъалаи сари вақт иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба шиносномаҳои барориши соли 2014 ба охир расонанд.

Дар охир қайд кардани ҳастем, ки шахсоне, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи барориши соли 1996 дар ширкатҳои мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии маҳалли зисташон шиносномаҳояшонро ба шиносномаи барориши соли 2014 иваз намуда, симкортҳои мобилиашонро дар ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гиранд.

Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон