29 Апрел, 2024

Чорабиниии муштараки тарғиботӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ рӯзҳои 3-4 ноябри соли 2023 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорати номбурда дар тамоми вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабинии тарғиботӣ таҳти унвони “Аз шаҳрванди Тоҷикистон буданам ифтихор дорам!” баргузор гардид.

Ин чорабиниҳои тарғиботӣ, ки бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буданд, махсусан дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд доир карда шуданд.

Дар чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе бо иштироки донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилотии пойтахт ташкил ва гузаронида шуд, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва муовини сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф бо сухани табрикотӣ баромад намуданд.

Дар рафти чорабинӣ ба хонандагони ба синни 16-расидаи муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Сурудҳои ватанпарварона дар иҷрои ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, намоишҳои тарғиботӣ ва викторинаи ҷолиб дар атрофи мавзӯҳои Конститутсия ва шиноснома ба чорабинӣ ҷилои рангин бахшида, писанди ширкаткунандагон гардиданд.

 

ш. Бохтар

ВМКБ

 

ш. Ваҳдат

н.Шаҳритуз

Х. Солеҳӣ