29 Апрел, 2024

Чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ дар осоишгоҳи «Садбарг»

 

28 октябри соли 2023 аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар якҷоягӣ бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва адолат» дар осоишгоҳи “Садбарг”-и Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ барои шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳо ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба шахсони паноҳҷўянда ва гурезаҳо баррасӣ карда шуда, аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, намояндагони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва адолат» ба саволҳои онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои будубош ва пешгирӣ аз амалу кирдорҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.

Дар қисмати фарҳангӣ-фароғатии чорабинӣ байни иштирокчиён мусобиқаҳои варзишии шашкаю шоҳмот, тенниси рўи миз ва маҳфилҳои адабӣ доир карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки чорабинии фарҳангӣ-маърифатии чунин шакл бори аввал роҳандозӣ гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда баҳри рушди ҳамкориҳо ва ҳалли мушкилоти гурезаҳо чунин чорабиниҳо боз ҳам мусоидат хоҳанд намуд.

Х. Солеҳӣ