Вохӯрии сардори Хадамот бо шахсони паноҳҷӯянда ва гуреза

 

Санаи 27 июли соли 2023 тибқи дастури вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир дар шаҳри Ваҳдат бо шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, ки асосан аз кишвари Афғонистон мебошанд, вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни вохӯрӣ, ки дар фазои озоду самимӣ сурат гирифт, масъалаҳои мубрами дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳифзи дарозмуҳлати шахсони паноҳҷӯянда бо назардошти талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва манфиатҳои амнияти миллӣ таъмин карда шаванд.

Ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар баробари дигар шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври қонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош доранд, ҳуқуқу уҳдадориҳо пешбинӣ гардидаанд. Барои мисол, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо метавонанд таҳсил намоянд, ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоянд ва кору фаъолият намоянд. Шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳо ва лоиҳаҳои иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд.

Қайд карда шуд, ки дар Тоҷикистон ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ мунтазам ёрии ҳуқуқӣ, моддӣ ва машваратӣ мерасонанд. Дар ин самт ҳамчунин барои гурезаҳо давраҳои омӯзишӣ ва барномаҳои таълимӣ ташкил карда мешаванд.

Дар идомаи вохӯрӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Ҳусейн Халилзода ҳамчунин оид ба даст назадан ба қонуншиканию ҷинояткорӣ, махсусан гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои будубош ва зисту фаъолият корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Аз шахсони паноҳҷӯянда ва гуреза даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, онҳоро ба илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва одобу хулқи ҳамида ҳидоят намоянд.

Х. Солиҳӣ