29 Апрел, 2024

Татбиқи талаботи Қонун дар ҷойҳо

 

Масъулини ХШБ ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ бо ташкили ҷамъомади тантанавӣ, ки бо иштироки муовини раиси ноҳия Умарзода Зайнура Васлӣ ва дигар намояндагони МИҲД дар маҷлисгоҳи шуъба сурат гирифт, ба 10 нафар сокинони таҳти амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикситон карор доранд» қароргирифта, гувоҳномаи иқомати доимӣ супориданд.

Тавре сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ майори милитсия Сироҷиддин Усмонзода таъкид намуд, нафарони аз сабукиҳои қонунгузорӣ баҳраваршуда бо ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумотномаҳо, гузаштан аз раванди санҷишӣ бо мусоидати кормандони хадамоти шиносномадиҳӣ, соҳиби ҳуҷҷате шуданд, ки дар оянда ҳуҷҷати асосии тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандӣ шиносномаи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро хоҳанд гирифт.

Баъди гирифтани гувоҳномаи иқомат муҳлати соҳиб шудан ба шиносномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикситон 5 солро фаро мегирад.

Шахсони гувоҳномаи иқомат гирифта, ки аз 15 то 35 сол аз беҳуҷҷатӣ ва надоштани шиноснома дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ба мушкили рӯ ба мешуданд, аксаран аз ҳамсоякишварҳо ҷумҳуриҳои осиёи миёнагии Итифоқи Шӯравӣ ба Тоҷикситон келин шудагон мебошанд, ки дар вақташ қоидаҳои низоми шиносномадориро риоя накардаанд ва ин беаҳамиятӣ  имрӯз ба онҳо мушкилӣ пеш овард.

Аммо бо иқдоми инсонпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҳуқуќи инсон ҳамеша бартарӣ медиҳанд, мақомоти қонунгузор қонунеро қабул намуд, ки ин мушкилотро бартараф сохт.

Корбарии масъулини Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар самти таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикситон қарор доранд» аз оғози мавриди амал қарор гирифтан, яъне 18 декабри соли 2019 то марҳилаи ниҳоии тадбиқи қонуни мазкур 31 декабри соли 2022 шароитеро фароҳам овард, ки шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳолатҳои будубоши худро барасмият дароварда соҳиби гувоҳномаи иқомати доимӣ шуданд, ки дар идома шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст хоҳанд овард.

Дар хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ дар асоси қонуни мазкур муроҷиати 51 нафар қабул гардида баъди гузаштан аз раванди санҷишию назоратӣ дархости 50 нафар қонеъ карда шудааст.

 Акбар Шарифӣ, майори милитсия