29 Апрел, 2024

Тақдими шиносномаҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаи таҳсилотӣ

 

Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр мунтазам ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташриф оварда, ба хонандогоне, ки ба синни 16 расидаанд, вохӯриҳои судманд доир намуда, дар фазои тантанавӣ шиноснома месупоранд.

Ин навбат, чунин як вохӯрӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №112 баргузор гардид.

Зимни суханронии хеш сардори ХШБ ШВКД дар ш.Ваҳдат подполковники милитсия Мансур Зокирзода хонандагонро ба донишомӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунар ва тақвияти малакаю истеъдод даъват намуда, оқибатҳои даст ба амалу кирдорҳои номатлуб задан, вақти худро беҳуда гузаронидан, бекорагардию авбошӣ, тамошои видеоҳои ғайримақбулу ғайриахлоқии шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар рафтори ғайриахлоқию зиддиҳуқуқиро шарҳ дода гузашт.

Қайд гардид, ки шахс аллакай аз синни 14 қудрати содир намудани ҳуқуқвайронкуниро дорад ва ба ҷавобгарӣ на танҳо волидайн, балки худи ӯ низ ҷалб карда мешавад.

Пас аз баромадҳои маърӯзачиён аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба 16 нафар хонандагони муассисаи таҳсилотии мазкур шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 Х.Солиҳӣ