29 Апрел, 2024

Омӯзиши тағйиру иловаҳои дастурамали соҳавӣ

 

3 июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар ВМКБ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои кормандони хадамотҳои шиносномавию бакайдгирии шахру ноҳияҳои ВМКБ гузаронида шуд.

Дар кори семинари омӯзишӣ муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Шокирзода Хайриддин, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар ВМКБ майори милитсия Шавкизода Мамадазим ва муовини сардори ХШБ мазкур полковники милитсия Боронзода Нигина Дилдорбек баромад намуданд.

Полковники милитсия Шокирзода Хайриддин аз номи роҳбарияти РВКД вобаста ба  фаъолияти хизматии кормандони шиносномавӣ, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон зимни фаьолияти хизматӣ, пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар ҷомеа ва риояи интизоми хизматӣ дастуру супоришхои мушахас дод.

Дар чорабинӣ масъулини ХШБ РВКД дар ВМКБ ба кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон», тағйиру иловаҳои тибқи фармоиши якҷояи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 200 аз 28 марти соли 2023 ва ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №171 аз 28 марти соли 2023 ба бандҳои аз 26, 28, 29, 30, 34, 36, 39, 137, 1371 ва 140-и  Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида муфассал шарҳ доданд.

Дар охир, байни маърӯзачиёну иштирокчиён қисмати саволу ҷавоб сурат гирифта, масъулин доир ба аҳамияти тағйиру иловаҳои воридгардида ибрози андеша намуданд.