29 Апрел, 2024

Дарси хизматӣ доир ба ҳуҷҷатгузории амалияи маъмурӣ

2 июни соли равон дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД бо ҷалби мутахассиси соҳа – собиқ раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродзода Бобокалон Раҷаб дар мавзӯи «Тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо» дарси хизматӣ доир гардид.

Б. Муродзода доир ба далелҳо, исботкунӣ ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани қоидаҳои будубош аз тарафи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиаи маъмурӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо андешаронӣ кард. Номбурда, ҳамзамон дар бораи тартиби иҷро намудани қарор оид ба таъини ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ва бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар амалия ибрози назар намуд.

Дар идомаи дарси хизматӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир зикр кард, ки кормандони хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ зимни фаъолияти хеш бо ҳуҷҷатгузории ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии аз ҷониби шаҳрвандони кишвар, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва дигар гурӯҳи шаҳрвандон содиршаванда бархўрдор буда, бояд талаботи қонунгузориро ҳамарӯза омӯхта, тибқи он амал намоянд. Ҳар мушкилоте, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронунии маъмурӣ пайдо мегарданд, барои ҳалли онҳо таклифу пешниҳодҳо манзур намоянд.

Дар охир кормандон доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи мазкур саволҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Тоҷиддин ЛАТИПОВ