27 Апрел, 2024

Семинар-машварат барои кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилояти Суғд

 

Рӯзи 20 май дар маҷлисгоҳи Маркази таълимии  раёсати минтақавии бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мутобиқи нақшаи кории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД барои кормандони зершуъбаҳои хадамот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд. Семинар-машварат атрофи ду мавзуъ; «Тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо» ва «Шарҳи мухтасари фаъолият дар самти шаҳрвандӣ, шиносномавию бақайдгирӣ» ҷараён гирифт, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагии Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва адолат» барои ҳарчи соддагардонии низоми шиносномадорӣ ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ташкил карда шуд.

Чорабинии таълимиро бо сухани ифтитоҳӣ сардори ХШБ ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир оғоз бахшида, зикр намуд, ки чорабинӣ бо дастури Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар самти шиносномадорӣ,  раванди тартиб ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқӣ, беҳбуд бахшидан ба сифати хизматрасонӣ, соддагардонии ҷараёни ҷамъоварии ҳуҷҷат ва дигар самтҳои фаъолияти ХШБ, ки ба мавзӯъҳои баррасишаванда алоқамандӣ доранд баргузор шуда истодааст.

Ҳамчунин аз таҷрибаи коргузории хадамотҳои шиносномадиҳии давлатҳои хориҷи дуру наздик ба ҳозирин маълумот дода шуд. Бардоштани монеъаҳои сунъии дастраснамоии маълумоти дахлдор вобаста ба шахсият барои таҳияи шиноснома ва гузаштан ба низоми электронӣ ҳангоми муросилоти маълумотномаҳо дар раванди ҳуҷҷатгузории шиноснома, будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар маърӯзаи сардори ХШБ таъкид рафт, ки метавонад ба сифатнокии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат намояд. Қайд гардид, ки сабукиҳои тадбиқшаванда ва ҳарчи соддаву дастрас будани хизматрасониҳои шиносномавию бақайдгирӣ имкон медиҳад, ки соҳаи туризму сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд намояд. Барои ин зарур аст кормандони хадамот дар ҳамкорӣ бо ҷузъу томҳои ВКД ва дигар мақомотҳои давлатӣ монеъаҳои мавчударо бартараф намоянд ва ҳар чи бештар барои тадбиқи Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд.  Фароҳам гардидани барномаи давлатии Ҳукумати электронӣ дар хизматрасонии ХШБ сарборӣ дар иҷрои вазифаи хизматиро коҳиш дода, саргардонии шаҳрвандонро барои ба даст овардани ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда пешгирӣ менамояд. Ба роҳ мондани фаъолият мутобиқи талаботи қонунгузорӣ аз талаботи дигари роҳбари хадамот буд.

Намояндаи Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикситон Хусрав Холов аз таваҷҷуҳи ВКД ба мавзӯи паноҳҷӯяндагон ва гурезаҳо изҳори сипос намуда баён дошт, ки дар тамоми ҷаҳон ҳуқуқи инсон ва мавқеъи шаҳрвандии ӯ арзиши олӣ дорад. Фароҳам овардани шароити хубу созанда ба ин қишри ҷомеа имкон медиҳад, ки давлати мусоидаткунанда дар арсаи байналмиллалӣ мавқеашро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду инсонпарвар устувор созад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин масир истисно нест ва ҳамчун узви ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои инсонпарваронаю сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном баровардааст.

Сипас, сарвари иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» Ширинбек Давлатшоев, собиқ раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобокалон Муродзода ва кормандони масъули ХШБ ВКД ва Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд дар мавзӯъҳои «Вазъи ҳуқуқии шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Далелҳо, исботкунӣ ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани қоидаҳои буду бош аз тарафи шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо», «Барасмиятдарории парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо», «Баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо», «Намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиаи маъмурӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо ва тартиби иҷро намудани қарор оид ба таъини ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ва бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» баромадҳои пурмуҳтавои дастурӣ методӣ намуданд.

Ҳамчунин масъулини ХШБ ВКД вобаста ба қонуну қарорҳои ҷорӣ ва тағйиру иловаҳо ба он, дастуру фармоишҳои дохилиидоравӣ ва барномаҳои ҷадиди коргузорӣ дар самти шиносномадорӣ баромад намуданд.

Дар ҷараёни ҳар як мавзӯи баррасишаванда миёни баромадкунанда ва иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, мутахассисон ҷиҳати мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ба масъулини хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дастурҳои муфиди хизматӣ доданд.

Қобили қайд аст, ки мавзӯи матраҳгардида яъне назорати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо самти фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ буда, хизматрасонии босифат ва соддагардонидашуда нисбати онҳо ҳамчун нишонаи эҳтиром ба ҳуқуқи инсон мавқеъи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳони баландтар менамояд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия