27 Апрел, 2024

Ҳамкории зичи кормандони Хадамоти шиносномавию-бақайдгирӣ бо аҳолӣ

 

Кормандони Хадамоти шиносномавию-бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои поёнии он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар асоси дастуру супоришҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД вобаста ба минтақаи хизматиашон пайваста дар маҳаллаву ҷамоатҳо бо аҳолӣ вохӯриҳову сӯҳбатҳо мегузаронанд.

Чунин вохӯриҳои судманд аз 1-ум то 3-юми феврали соли 2023 бо намояндагону масъулони Хадамотҳои шиносномавию-бақайдгирии ШВКД дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз, Н.Хусрав, Ҷ.Балхӣ ва ноҳияи А.Ҷомӣ бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон ва намояндагони ширкатҳои мобилии «Мегафон», «Tселл», «Вавилон», «Билайн» ва «Зет-мобайл» баргузор гардиданд.

Дар ҷамъомадҳо муовини сардори Хадамоти шиносномавию- бақайдгирии ВКД полковники милитсия Сафарзода Нуралӣ суханронӣ намуда, зимни баромади худ оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» иброз дошт, ки муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014, то 15-уми феврали соли 2023 муайян шудааст ва аз кормандони милитсия ва фаъолони ноҳияҳо даъват ба амал оварда шуда, ки дар байни мардуми маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботиро равнақ бахшанд, то ки сокинон ҳуҷҷатҳои худро бемушкилӣ барасмият дароранд.

Кормандони Хадамоти шиносномавию-бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки шаҳрвандон бе мушкилӣ метавонанд барои иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 ба намунаи соли 2014 аз имкониятҳои мусоид истифода бурда, сари вақт ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин дар чорабиниҳо оид ба масъалаи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1652 аз 18 декабри соли 2019 «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд” ва пешгирии гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳама гуна ташкилотҳои террористию экстремистӣ ибрози назар намуданд.

Аз кормандони хадамотҳои шиносномавию-бақайдгирии ШВКД дар шаҳру ноҳияҳо даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри пос доштани волоияти қонун, ҳамкории зич бо аҳолӣ, иҷрои саривақии вазифаҳои ба дӯшдошта, ошкору пешгирии қонуншиканӣ ва ҳифзи оромиву осоиштагии Ватани азизамон камари ҳиммат банданд.

Дар фарҷоми ҷамъомад иштирокдорон вобаста ба фаъолияти дахлдор ба кормандони Хадамоти шиносномавию-бақайдгирӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Офоқ Қодириён, полковники милитсия