26 Апрел, 2024

Ҷамъомади корманд-занони ХШБ

08 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷамъомади навбатии Шурои занони Хадамот доир гардид, ки дар он роҳбарият ва корманд-занон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини сардори ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси Шурои занони ХШБ, подполковники милитсия Раҳмонализода Раҷабмоҳ Файзалӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, нахуст бонувони Хадамотро бо ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии кишварамон табрик гуфта, ба ҳамагон хонаободӣ, тансиҳатӣ, бахту саодат ва дар корҳояшон бурдборию муваффақият таманно намуд.

Зимни суханрониаш Раҷабмоҳ Раҳмонализода қайд намуд, ки бо дастгирии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан-модар дар ҷомеа сол аз сол тақвият меёбад, занону духтаронро дар тамоми соҳаю бахшҳои муҳими давлатию ғайридавлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва бахшҳои хусусӣ зиёд дидан мумкин аст. Имрўзҳо барои корманд-занон тамоми шароитҳои зарурии корӣ муҳайё аст, аз мо танҳо меҳнати софдилона, такмил додани малакаи донишу касбӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафту ободии Ватани азизамон мебояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар идомаи ҷамъомад муовини сардори Хадамот полковники милитсия Боймаҳмад Раҷабзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки нақши корманд-занони Хадамот дар пешрафти идора назаррас буда, онҳо ба ҳар як кору вазифаи ба зиммашон вогузоршуда бо масъулияти баланд муносибат менамоянд. Корманд-занони мо дар корҳои ҷамъиятӣ низ хеле фаъоланд, дар тозагию ободии коргоҳ саҳми арзанда доранд.

Зикр карда шуд, ки ҷамъомади имрӯза дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Шурои занони Вазорати корҳои дохилӣ “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” роҳандозӣ гардида, ҳадафи он дастгирии корманд-занон, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеаи навин мебошад.

Дар охир, дар асоси фармонҳои Вазири корҳои дохилӣ ба се нафар корманд-занони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои хизмати содиқона ва дар фаъолияти кориашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, дар фазои тантанавӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ тақдим карда шуд.

ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон