27 Апрел, 2024

Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

ФА Р М О И Ш И    Я К Ҷ О Я

Дар бораи Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

                        230.070.000.

 

Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

 

ФАРМОИШ МЕДИҲЕМ:

 

  1. Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони шуъбаҳо (шуъбачаҳо)-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳо, ноҳияҳо:

– омӯзиши Дастурамалро дар байни кормандон, ҳайати шахсие, ки ба кори додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сарукор доранд, ташкил намуда, инчунин оид ба фаҳмондадиҳии муқаррароти Дастурамал ҷаласаҳои дастурдиҳӣ гузаронанд;

– иҷрои бечунучарои талаботи Дастурамалро, ки бо фармоиши якҷояи мазкур тасдиқ гардидааст, таъмин намоянд.

  1. Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ҷузъу томҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо варақаҳои зарурӣ, китобҳои намунааш муқарраргардида, муҳр, маводи хароҷотӣ таъмин намоянд.
  2. Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 2016, №48 б/з  ва аз 20 июли соли 2016, №395 б/з, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 июли соли 2016, №825  ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
  3. Фармоиши якҷояи мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  4. Назорати иҷрои фармоиши якҷояи мазкур ба зиммаи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилӣ-сарпарастони соҳа вогузор карда шавад.

 

 

Вазири корҳои дохилии                                         Вазири корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Ҷумҳурии Тоҷикистон

генерал-полковники милитсия                              Сироҷиддин Муҳриддин

Раҳимзода Рамазон Ҳамро                                     ______________________

_________________________

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замима ба

фармоиши якҷояи

вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___»______соли 2021, №_____

ва вазири корҳои хориҷии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___»_______соли 2021, №____

 

 

 

Дастурамали муштараки

тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Дастурамали мазкур ҷиҳати иҷрои банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2014, №406 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, асосҳо ва тартиби барасмиятдарорӣ, додан, иваз намудан, баҳисобгирӣ, нигоҳ доштан, гирифтан ва нобудсозии шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ва дар маҳалли будубош, азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат ва маҳалли будубоши пештара, ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Қоидаҳо), инчунин бурдани коргузориро муайян месозад.
  2. Барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд–шиносномаи намунаи соли 2014) аз ҷониби раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – раёсати персонализатсия) ва хадамоти шиносномавию бақайдгирии воҳидҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ) амалӣ карда мешавад.
  3. Бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ва маҳалли будубош, азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат ва маҳалли будубоши қаблиро хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ амалӣ менамоянд.
  4. Вазифаҳои асосии раёсати персонализатсия дар амалисозии Қоидаҳо аз инҳо иборатанд:

– таъмини саривақтии хариди бланкҳои шиносномаи намунаи соли 2014 ва варақаи худчасп (стикер)-и бақайдгирӣ аз истеҳсолкунанда;

– санҷиши нигоҳдорӣ ва истифодаи таҷҳизоти ҷамъоварии маълумоти шаҳрвандон дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он;

– хизматрасонии зарурии техникӣ, азнавкунӣ ва нигоҳдории таҷҳизоти персонализатсионӣ ва махсус тибқи тартиби муқарраргардида;

– санҷиши шиносномаи намунаи соли 2014-и чопшуда барои муайян намудани ноқисиҳо, ҳангоми дарёфти ноқисиҳо такрорӣ чоп намудани шиносномаи намунаи соли 2014. Нобудсозии шиносномаи намунаи соли 2014 дар раёсати персонализатсия тибқи санади бо сабабҳои техникӣ вайроншуда ва ба махзани ягонаи автоматикунонидашуда ворид намудани ин маълумот;

– персонализатсияи маълумоти шаҳрвандон, сари вақт омода ва ирсол намудани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёр ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ирсол намудани рўйхати электронӣ баъди фиристонидан дар муҳлати як шабонарўз;

– таҳияи гузарвожаҳо (паролҳо)-и истифодаи барномаи таҳияи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ;

– таъмини кор кардан ва нигоҳ доштани маълумоти ягонаи низом (махзан)-и автоматикунонидашуда;

– пешниҳод намудани маълумот оид ба миқдори дода шудани шиносномаҳои намунаи соли 2014 аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тибқи дархости воҳидҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Роҳбарии бевоситаи кор оид ба Қоидаҳо дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Таъмини кор дар самти амалисозии Қоидаҳоро сардори раёсати персонализатсия ташкил мекунад.
  3. Вазифаҳои асосии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ доир ба амалисозии Қоидаҳо аз инҳо иборатанд:

-қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои гирифтан, иваз намудани шиносномаи намунаи соли 2014, бақайдгирии шаҳрвандон дар ҷойи истиқомат ва дар маҳалли будубош, аз қайди ҷойи истиқомат ва маҳалли будубоши пештара баровардани шаҳрвандон;

– сохтани файлҳои электронӣ бо истифодаи маҷмуи барномавӣ-дастгоҳӣ ва фиристодани онҳо ба раёсати персонализатсия;

– додан ва иваз намудани шиносномаи намунаи соли 2014 танҳо аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ амалишаванда;

– бақайдгирии шаҳрвандон дар ҷойи истиқомат ва дар маҳалли будубош;

– аз қайди ҷойи истиқомат ва маҳалли будубоши пештара баровардани шаҳрвандон;

– бо истифодаи маҷмуи барномавӣ-дастгоҳӣ ба шаҳрвандон додани шиносномаҳои намунаи соли 2014;

– бақайдгирии шахсони доғи судидошта ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014, бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ;

– тафтиши шиносномаҳои намунаи соли 2014-и дастрасшуда барои муайян намудани ноқисиҳо, ҳангоми дарёфти ноқисиҳо таҳияи санади дахлдор бо истифодаи барномаи таҳияи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон «GetID» (минбаъд – барномаи «GetID») ва ирсол намудани шиносномаҳо ба раёсати персонализатсия;

– нобудсозии шиносномаҳо. Ба махзани ягонаи автоматикунонидашуда бо истифодаи маҷмуи барномавӣ-дастгоҳӣ ворид намудани маълумот оид ба бекор кардани тамоми шиносномаи беэътибори намунаи соли 2014, нолозим ва бо сабабҳои техникӣ вайроншудаи қаблан омодашуда, ба ғайр аз шиносномаҳои намунаи соли 2014, ки ба ҷойи онҳо шиносномаи намунаи соли 2014-и нав тайёр шуда, маълумоти беэътибор донистани (бекор шудан) онҳо, ба таври автоматӣ ба махзан ворид карда мешавад;

– пешбурди кори суроғавӣ-маълумотдиҳӣ;

– таъмини риояи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ;

– муайян намудани ҷинояткорон ва дигар шахсони дар ҷустуҷў қарордошта.

  1. Бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ барои баҳисобгирии рафтуомади аҳолӣ ва пешбурди кори суроғавӣ-маълумотдиҳӣ маълумоти зарурӣ медиҳад, инчунин барои дар қайди ҳарбӣ гузоштан ва азқайдбарории шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ ва ба хизмати ҳарбӣ даъватшавандаҳо мусоидат менамояд.
  2. Кори суроғавӣ-маълумотдиҳӣ мутобиқи Дастурамал оид ба корҳои суроғавӣ-маълумотдиҳии мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
  3. Роҳбарии бевоситаи кор оид ба таъмини Қоидаҳоро дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ менамоянд, ки вобаста ба ин ҳамкориҳои байни хадамот ва воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариатҳои ҳарбӣ, дигар мақомот ва дар минтақаҳои сарҳадӣ бо воҳидҳо ва қисмҳои қӯшунҳои назди сарҳадиро ташкил менамоянд.
  4. Кор оид ба таъмини Қоидаҳоро сардорони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (минбаъд-мақомоти корҳои дохилӣ), ки барои риояи қонуният ва ҳолати кор дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ масъулияти шахсӣ доранд, ташкил мекунанд.
  5. Вазифаҳои асосии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои иттилоотии раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаи Рашт (минбаъд марказҳои иттилоотӣ) дар амалинамоии Қоидаҳо аз инҳо иборатанд:

– амалисозии санҷишҳои саривақтӣ аз рўи қайдҳои шаҳрвандони санҷидашаванда;

– фиристодани дархостҳо ба мақомоте, ки парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намудаанд, ё ба муассисаҳои ислоҳӣ, ҳангоми набудани маълумот нисбати шахсони санҷидашаванда аз рўи қарорҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё маълумот дар бораи озодшавӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ.

  1. Сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилӣ:

корҳо оид ба додан ва иваз намудани шиносномаи намунаи соли 2014-и шаҳрвандон, бақайдгирӣ ва азқайдбарории аҳолиро ташкил менамоянд;

уҳдадориҳои вазифавии кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгириро муайян месозанд ва иҷрои онҳоро назорат менамоянд;

оид ба такмил додани шакл ва усулҳои фаъолияти хизматӣ чораҳо меандешанд.

  1. Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ дар доираи ваколати худ оид ба муайян, бартараф ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳо меандешанд ва сабабу омилҳои содиршавии онҳоро муайян месозанд.
  2. Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар ҳуҷраҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои кор ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ мувофиқанд, бо даромадгоҳи алоҳида барои шаҳрвандон ва дорои ҳуҷраи корӣ барои сардор ҷойгир мешаванд. Бо назардошти миқдори воҳидҳои корӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи ҷавобгӯ ба талаботи аксгирӣ барои кормандон, ки уҳдадориҳои вазифавиашонро вобаста ба барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳо, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ, таъмини реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ, ҷустуҷўро амалӣ менамоянд, инчунин ҳуҷраҳо барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҷорӣ ва маводи қайди бойгонӣ, ки шароити мусоид ба кориро барои кормандон таъмин мекунанд, ҷудо карда мешаванд. Барои қабули шаҳрвандон ҳатман бояд ҳуҷраи қабул ҷудо карда шавад, ки суҳбати озодона бо онҳоро таъмин намояд ва он бо лавозимоти зарурӣ, намунаи пур кардани варақаҳо, дигар дастурҳо ва ҳуҷҷатҳои маълумотдиҳӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳамчунин ҷойи интизоршавии дорои шароитҳои мусоид барои аризадиҳандагон бо мизу курсӣ ва роҳаткурсиҳо таъмингардида бошад. Дар ҳуҷраҳое, ки дар онҳо таҷҳизоти техникӣ автоматикунонида шуда бо ҷойҳои корӣ барои қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба масъалаҳои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ аз рўи шиносномаи намунаи соли 2014 ҷойгиранд, бо мақсади ифшо нагардидани гузарвожаҳои кормандон насб кардани дастгоҳҳои банаворгирии назоратӣ манъ аст.
  3. Биноҳои хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо таҷҳизоти огоҳкунандаи муҳофизавӣ-оташнишонӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.
  4. Барои хизматрасонии маъюбон бояд шароит муҳайё карда шавад:
  • ҳуҷраҳои бо таҷҳизоти махсус (пандусҳо) муҷаҳҳаз, панҷараҳои оҳанини иҳотакардашудаи махсус, ки ҳаракати бемайлон ва тоб хӯрдани аробачаҳои махсуси маъюбиро таъмин намояд;
  • ба шаҳрвандони имконияти ҳаракаташон маҳдуд, дар асоси аризаашон ё аризаи намояндаи онҳо шиносномаи намунаи соли 2014 бо истифодаи дастгоҳи махсуси сайёр ба расмият дароварда мешавад.
  1. Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо техникаи лозимаи муосир таъмин карда мешаванд. Барои ҳамкориҳо ва огоҳсозии саривақтӣ дар фаъолияти раёсати персонализатсия ва хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ба суроғаи электронии раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулӣ оид ба носозиҳои техникӣ, сари вақт нарасидани бланкаҳои шиносномаи намунаи соли 2014 ва дигар мушкилиҳои мавҷуда мубодилаи иттилоот ба роҳ монда мешавад.
  2. Фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тарзе ташкил карда мешавад, ки шаҳрвандон имконияти берун аз соатҳои корӣ ҳал намудани масъалаҳои худро дошта бошанд. Бо ин мақсад тибқи тартиби муқаррашуда қабули шаҳрвандон бояд дар яке аз рӯзҳои истироҳатии умумимуқарраргардида ба роҳ монда шавад.

 

  1. АСОСҲО, ТАРТИБИ ДОДАН ВА ИВАЗ НАМУДАНИ ШИНОСНОМАҲО

 

  1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ё берун аз он мутобиқи созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
  2. Шиносномаи намунаи соли 2014 аз рӯи намунаи ягона дар шакли кортҳои пластикӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд.
  3. Шиносномаи намунаи соли 2014 ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби дастгоҳи махсус хонда шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
  4. Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расида, дар ҷумҳурӣ ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, уҳдадоранд шиноснома дошта бошанд.
  5. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 (минбаъд–шиносномаи намунаи соли 1996) то ба охир расидани муҳлати эътибори он амал мекунад.
  6. Шиносномаи намунаи соли 2014 ба муҳлати 10 сол дода шуда, ҳангоми ба охир расидани муҳлати амали он шаҳрванд уҳдадор аст шиносномаи нав гирад.
  7. Шиносномаи намунаи соли 2014 аз ҷойи истиқомати шаҳрвандон (аз ҷумла ҷойи истиқомати муваққатӣ) ё маҳалли будубош, агар шаҳрванд аз қайди ҷойи истиқомати охир баромада бошад, дода мешавад.
  8. Додан ва иваз намудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– расидан ба синни 16 (бори аввал гирифтани шиноснома);

– гузаштани муҳлати амали шиноснома;

гум кардан, дуздида шудан ё гузаштани муҳлати истифодабарии минбаъда (корношоям гаштан)-и шиноснома;

тағйир додан, ислоҳ кардан, илова намудан, барқарор кардани маълумоти шахсӣ (ивази насаб, ном ва номи падар, сана ва ҷойи таваллуд ва дигар маълумот) тибқи тартиби муқарраргардида;

– ошкор шудани иштибоҳу ғалат ва сохтакориҳо дар сабтҳои ҳуҷҷатҳо;

– тағйиру ислоҳдарории мансубияти ҷинсӣ ё тарҳи рӯй (чеҳра);

соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

иваз шудани ҷойи истиқомат, агар часпонидани варақаи худчасп бо қайди нави ҷойи истиқомат ва бақайдгирӣ ғайриимкон бошад;

муроҷиати аризадиҳанда дар бораи иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 новобаста аз муҳлати амали он.

  1. Шиноснома ба шаҳрвандоне, ки ба синни 16 расидаанд (ҳангоми бори аввал гирифтани шиноснома), дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

– шаҳодатнома дар бораи таваллуд;

– шиносномаи падару модар ё нусхаҳои он;

ҳуҷҷатҳое, ки барои дар қайди ҷойи истиқомат гузоштан ё аз рӯи маҳалли будубоши муваққатан ба қайд гирифтан зарур мебошанд (дафтари ҳавлӣ ё ордер барои хонаҳои хизматӣ/давлатӣ ё маълумотномаи шакли №12 аз ҷамоат); 

– гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– як дона акси андозаи 3х4 рангаш сиёҳу сафед;

– маълумотномаи муассисаи тиббӣ дар бораи гурӯҳи хун ва резуси мансубият (бо хоҳиши аризадиҳанда);

– расиди пардохти маблағи муқарраргардида барои додани шиноснома.

  1. Ҳангоми аз ҷониби шаҳрвандони синни аз 18 боло дар муҳлати муқарраргардидаи қонунгузорӣ нагирифтани шиноснома, илова ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар банди 28 зикргардида, ариза барои гирифтани шиноснома бо сабабу омилҳои сари вақт нагирифтани шиноснома, дар сурати такрорӣ дода шудани шаҳодатномаи таваллуд нусхаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (минбаъд-САҲШ) оид ба дода шудани санади қайд дар бораи таваллуд пешниҳод карда мешаванд.
  2. Дар мавриди пайдо шудани шубҳа дар шахсияти шаҳрванди синнаш аз 18 боло (номутобиқатии синну сол, хатоӣ ва ворид шудани ислоҳот дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ва аломатҳои сохтакорӣ) корманди масъули хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ нисбати шаҳрванд санҷиш гузаронида, маълумотнома аз ҷойи истиқомат талаб намуда, протоколи айниятдиҳии шахсият ва хулоса тартиб медиҳад. Ҳангоми шубҳаовар будани шахсияти аризадиҳанда шахси масъул ҳамчунин метавонад барои тасдиқи зисти ӯ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баёноти шиносон, хешу табори ӯро (бо замимаи нусхаи шиносномаи онҳо) гирад ва онҳоро оид ба ҷавобгарӣ доштани додани маълумоти бардурӯғ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ намояд.
  3. Нусхаҳои шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи падару модар, саҳифаҳои дафтари ҳавлӣ (варақаҳои бақайдгирӣ ё азқайдбарорӣ аз китоби хоҷагидорӣ), ки дар қайд будани аризадиҳандаро тасдиқ мекунад, шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ ё билети ҳарбӣ, ки аз ҷониби корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тасдиқ карда шудаанд, ба маводи санҷидашаванда ҳамроҳ карда мешаванд.
  4. Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои муайян намудани шахсият, муайянсозии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҷойи истиқомат (маҳалли будубош) нокифоя бошанд, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳуқуқ доранд, аз аризадиҳанда ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб намоянд. Дар ин маврид, аз рӯи имконият, дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё дигар муассисаҳои давлатӣ дода шудааанд ва дар бораи ин шахс маълумот доранд, агар ҳуҷҷатҳои мазкур барои муайян намудани шахсият мусоидат намоянд, пешниҳод карда мешаванд.
  5. Дар мавриди падару модар надоштани аризадиҳанда ва шубҳаовар будани шахсияти ў аз муассисаи таълимӣ (агар шаҳрванд дар муассисаи таълимӣ таҳсил карда бошад), аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  (ҷамоат), бо акси аризадиҳанда, муҳри тасдиқкунанда ва имзои шахси масъул маълумотнома гирифта шуда, инчунин китоби ҳавлӣ (китоби ҳуҷравӣ) (минбаъд – дафтарҳои ҳавлӣ (шакли 15), варақаи бақайдгирӣ (шакли 13), нусхаи китоби хоҷагидорӣ, ки бақайдгирии аризадиҳандаро мутобиқи шаҳодатномаи таваллуд ё бақайдгирии падару модари (намояндагони қонунӣ) ўро тасдиқ менамояд, пешниҳод карда мешавад. Дар ҳолати шиноснома надоштани падару модар нусхаи аризаи шакли 1 дархост карда мешавад.
  6. Шаҳрвандон барои гирифтан ё иваз намудани шиноснома бояд ҳуҷҷатҳоро на дертар аз 30 рӯзи пас аз ба миён омадани ҳолатҳои дар банди 27 Дастурамали мазкур нишондодашуда, ба истиснои ҳолатҳои узрнок (беморӣ, ҳодисаҳои нохуш ва ғайра) бояд пешниҳод намоянд.
  7. Шиносномаи намунаи соли 2014 дар ҳама ҳолатҳо дар асоси қайди ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош дода мешавад. Вобаста ба ҳолатҳои муайян (истиқомат дар ҳудуди дигар давлат, ҳангоми шаҳрвандии гуногун доштани падару модар), барои гирифтан ва ё иваз намудани шиносномаи намунаи соли 2014 ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
  8. Вобаста ба ҳолатҳои алоҳидаи муайянсозии шахсият, инчунин ҳангоми барқарорсозии маълумот нисбати шахсони доғи судидошта, санҷишҳои зерини шахсияти шаҳрванд гузаронида мешаванд:

– аз ҷойи истиқомат, кор ё таҳсили пештара бо фиристодани аксҳои шахсони санҷидашаванда ҷиҳати пешниҳод барои айниятдиҳии шаҳрвандони бо ӯ якҷоя зиндагонӣ, кор ва таҳсилкарда, ки оид ба он Протоколи айниятдиҳии шахсияти шаҳрванд (шакли 31) тартиб дода мешавад. Протоколи айниятдиҳии шахсияти шаҳрванд шакли 31 аз ҷониби кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз рӯи акси шаҳрванд, ҳамзамон бо пешниҳоди аксҳои шахсони дигари ба ҳам монанд, ба миқдори на камтар аз се адад, бо ҷалби шаҳрвандоне, ки ӯро на камтар аз 10 сол боз мешиносанд (на кам аз ду нафар) ва хешовандони наздик (агар бошанд: як нафар ва ё беш аз он) тартиб дода шуда, нусхаҳои шиносномаҳои онҳо ба протокол ҳамроҳ карда мешаванд;

– аз рӯи ҷойи таваллуди шахсони санҷидашаванда бо фиристодани аксҳои онҳо барои шинохтани падару модар, хешу табори наздик ё пиронсолони маҳалли истиқомат, дар ҳолати зарурӣ, аз мақомоти САҲШ нусхаи қайди таваллуд бо муҳр ва имзои шахси масъул тасдиқшуда, бо нишон додани вазифа ва ному насаби ӯ талаб карда мешавад. Агар падару модар ё хешу табори наздик дар ҷойи таваллуди шахси санҷидашаванда истиқомат накунанд, дар он сурат дархостҳо бо замимаи аксҳо ба ҷойи истиқомати нави онҳо фиристода мешаванд.

-аз рўи бойгонии давлатии дахлдор;

-аз рўи қайдҳои оперативӣ ва криминалистии мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ, аз рўи қайдҳои нозирони минтақавии милитсия дар ҷойи таваллуд ва ҷойи истиқомати шахсони санҷидашаванда;

-ҳангоми зарурат аз рўи қайдҳои хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба мавҷуд будани шиносномаи шахсони санҷидашаванда;

-аз рўи қайдҳои мақомоти ваколатдори дигар давлатҳо, ки эҳтимол шаҳрвандони санҷидашаванда дар он ҷо зиндагонӣ намудаанд, тавассути Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-аз рўи ҷойҳои маҳкумшавӣ, адои ҷазои ҷиноятӣ ё ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалбшуда.

  1. Масъалаи зарурати санҷиши иловагӣ аз рӯи ҳар як ҳолати мушаххас вобаста ба вазъияти муайян ҳал карда мешавад.
  2. Дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз натиҷаи муайянсозии шахсият ва додани шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса (шакли 32) бароварда мешавад. Дар ҳолати набудани асос барои додани шиноснома, хулосаи асосноки рад намудани шиносномадиҳӣ бароварда шуда, сабабҳои раднамоӣ ба шаҳрванд фаҳмонда мешавад. Мавод оид ба муайян намудани шахсият дар парвандаи алоҳидаи номенклатуравӣ дӯхта мешаванд.
  3. Шиносномаи намунаи соли 2014 ба шаҳрвандони аз синни 16 боло, дар асоси яке аз ҳуҷҷатҳои зерин, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд, метавонад дода шавад:

шаҳодатномаи нафақавӣ ва иқтибос аз фармони дар бораи ба эҳтиёт рухсат додан, шаҳодатномаи таваллуд – барои хизматчиёни ҳарбии аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодшуда;

ҳуҷҷати ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардидаи созишномаҳо бо дигар давлатҳо ё тибқи тартиби репатриатсия (ба ватан бозгаштан ё баргардонида шудани шаҳрвандони асиркардашуда, асирони ҳарбӣ, гурезаҳо ва муҳоҷирон) ё кӯчонидан омадааст, дода шуда бошад;

ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қабул ё барқарорсозии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

маълумотномаҳои озодшавӣ барои шахсони аз ҷойҳои аз озодӣ маҳрумӣ озодшуда, агар онҳо то рӯзи маҳкум шуданашон шиноснома надоштанд ё онро гум карда бошанд. Нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки дар банди мазкур дарҷ шудаанд, ба маводи санҷишӣ ҳамроҳ карда мешаванд.

  1. Иваз намудани шиноснома дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳаштум ва нуҳуми банди 27 Дастурамали мазкур амалӣ карда мешаванд.
  2. Дар ҳама ҳолат, ҳангоми бори аввал додани шиносномаи намунаи соли 2014, иваз намудан, додани шиносномаи намунаи соли 2014 ба ҷойи шиносномаҳои гумшуда, нисбати шаҳрвандон ҳатман аз рӯи қайдҳои бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ва марказҳои иттилоотӣ санҷиш гузаронида мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани алоқаи ҷойҳои кории автоматикунонидашудаи хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо марказҳои иттилоотӣ аз рўи қайдҳои марказҳои иттилоотӣ санҷида мешаванд. Муҳлати баррасӣ ва иҷрои дархостҳо дар бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ се рӯз ва марказҳои иттилоотӣ на зиёда аз даҳ рӯз мебошад.
  3. Нисбати шахсоне, ки зимни санҷиш муайян гардад, ки дар ҷустуҷў қарор доранд, фавран бо гузориш ба сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода мешавад. Ҳамзамон барои дастгиркунии шахсони дар ҷустуҷў қарордошта чораҳо андешида мешаванд. Агар шиносномаи намунаи соли 2014-и ин шахсон омода шуда бошанд, онҳо дар дасти сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё кормандони онҳоро ивазкунанда бояд нигоҳ дошта шаванд, ки онҳо то қабули қарори ниҳоӣ беосеб нигоҳдории шиносномаҳоро таъмин менамоянд.
  4. Маълумот нисбати шахсоне, ки тибқи қарори мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ бинобар содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна дар ҷустуҷӯ қарор доранд ё таҳти таъқиби судӣ қарор доранд, барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванд монеа шуда наметавонад. Додани шиноснома ба шахсоне, ки тибқи қарори мақомоти дахлдори давлати хориҷӣ барои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дар ҷустуҷў қарор доранд ё таҳти таъқиби судӣ қарор доранд, дар мувофиқаи хаттӣ бо сардор ё муовини сардор оид ба корҳои оперативии шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
  5. Ҳангоми ворид гардидани маълумот нисбати шахсоне, ки бо маълумоти шахсони дар ҷустуҷў қарордошта қисман монандӣ дошта бошанд, нисбати шахсияти онҳо фавран санҷиши иловагӣ гузаронида мешавад.
  6. Агар дар марказҳои иттилоотӣ маълумот дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани аризадиҳанда мавҷуд бошад, вале қарор нисбати парвандаи ҷиноятӣ дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ набошад ё аризадиҳанда аз ҷониби суд маҳкум шуда, маълумоти аз муассисаҳои ислоҳӣ ба озодӣ баромаданаш вуҷуд надошта бошад, марказҳои иттилоотӣ уҳдадоранд фавран дар бораи аризадиҳанда аз мақомоте, ки парвандаи ҷиноятиро оғоз намудааст ё аз муассисаи ислоҳӣ барои дастрас намудани маълумоти пурра дархост намоянд. Маълумоти дастрасшуда ба маводи бақайдгирӣ дӯхта шуда, дар ин бора ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки дархост ирсол намудааст, хабар дода мешавад. Дар ин маврид, ба шаҳрванд то пешниҳод гардидани қарори парванда шиносномаи намунаи соли 2014 дода намешавад.
  7. Ҳангоми иваз намудани шиноснома аз ҷониби шаҳрвандон вобаста аз вазъу ҳолат ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

барои иваз намудани насаб, дар натиҷаи бақайдгирии ақди никоҳ ё бекор кардани он – шаҳодатномаи ақди никоҳ ё шаҳодатномаи бекор кардани он. Аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ (бекор кардани ақди никоҳ) зимни иваз намудани насаб шаҳрванд шиносномаи қаблиашро дар давоми як моҳ иваз мекунад;

-шаҳодатномаи ақди никоҳ ва шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, ҳамчунин ҳангоми иваз намудани шиноснома ва ба ҷойи шиносномаи гумшуда гирифтани он пешниҳод карда мешаванд;

ивази насаб, ном ва номи падар шаҳодатномаи таваллуди такрории додашуда, шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном ва номи падар, хулосаи мақомоти САҲШ (нусхаи хулосаи САҲШ аз ҷониби корманде, ки ҳуҷҷатҳоро қабул кардааст, тасдиқ шуда, хулосаи аслӣ ба соҳибаш баргардонида мешавад); 

ҳангоми иваз намудан, ислоҳ даровардан, илова кардан, барқарор кардани маълумоти инфиродӣ (насаб, ном, номи падар, рӯз ва ҷойи таваллуд, вазъи оилавӣ ва дигар маълумот) муайян намудани носаҳеҳиҳо, хатоҳо, сохтакорӣ дар сабти ҳуҷҷатҳо – шаҳодатномаҳои таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, вафот ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо. Дар ин маврид, соҳибони шиноснома ариза пешниҳод менамоянд ва ҳатман аз рӯи қайдҳои бюрои суроғавӣмаълумотдиҳӣ, марказҳои иттилоотӣ ва дар ҳолати зарурӣ аз рӯи қайдҳои мақомоти САҲШ мутобиқи маълумоти шахсии қаблӣ ва нав санҷиши дақиқ гузаронида мешавад. Оид ба санҷиши ин ҳолатҳо аз ҷониби сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё шахсони онҳоро ивазкунанда, хулоса оид ба тағйир додани маълумоти шахсӣ (шакли 33) бароварда мешавад. Дар хулоса маълумоти мақомоти САҲШ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои тағйиру ислоҳдарорӣ, иловакунӣ ва барқарорсозии маълумоти шахсӣ асос шудаанд, нишон дода мешавад. Дар сурати рад намудани тағйирдиҳии маълумоти инфиродии шаҳрванд, хулосаи асоснок бароварда шуда, ба шаҳрванд сабабҳои рад шудан фаҳмонида мешавад. Дар мавриди муайян намудани носаҳҳеҳиҳо ва хатоҳое, ки санҷиши иловагиро талаб намекунад, хулоса бароварда намешавад;

ангоми ислоҳи мансубияти ҷинсӣ шаҳодатномаи таваллуди такрорӣ бо маълумоти нави ҷинсӣ, маълумотномаи муассисаи тиббие, ки ҷарроҳиро гузаронидааст, бо имзои шахси масъул ва муҳри муассисаи тиббӣ тасдиқ карда шудааст. Дар ин маврид, соҳиби шиноснома ариза пешниҳод менамояд ва ба таври ҳатмӣ дақиқона, аз он ҷумла аз рўи қайдҳои бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ва марказҳои иттилоотӣ санҷиш гузаронида мешавад. Аз ҷониби сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё корманди ивазкунандаи он хулосаи тағйирдиҳии маълумоти шахсӣ (ҷинсият) дар шакли озод бароварда шуда, дар он маълумоти шаҳодатномаи таваллуди такрорӣ ва маълумотномаи муассисаи тиббие, ки барои тағйири ҷинсият асос шудаанд, нишон дода мешавад;

ҳангоми тағйир додани тарҳи рӯй, ки намуди зоҳирии шаҳрвандро куллан тағйир медиҳад, маълумотномаи муассисаи тиббие, ки ҷарроҳиро гузаронидааст, бо имзои шахси масъул ва муҳри муассисаи тиббӣ тасдиқ кардашуда, дигар ҳуҷҷатҳое, ки чунин ҳолатро тасдиқ месозанд, дархост карда мешаванд. Ҳамчунин санҷиши шахсияти аризадиҳанда гузаронида шуда, протоколи айнияткунонии шахсияти шаҳрванд (шакли 31) тартиб дода мешавад. Чунин санҷишҳо инчунин ҳангоми бардоштани захм ва ҷароҳатҳои сӯхтае, ки қиёфаи шахсро тағйир медиҳанд, гузаронида мешаванд. Нусхаи ҳуҷҷатҳои зикргардида ба мавод ҳамроҳ карда мешаванд.

  1. Қайдҳо оид ба бақайдгирӣ ва бекор кардани ақди никоҳи мақомоти САҲШ дар шиносномаҳои намунаи соли 1996-и шаҳрвандон дар саҳифаи «Вазъи оилавӣ» бо гузоштани муҳри дахлдор ва пур кардани реквизитҳо (маълумоти ҳатмии муҳим) он гузаронида мешавад.
  2. Хулосаҳое, ки аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бароварда мешаванд, дар ҳама ҳолат мутобиқи Дастурамали мазкур аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё муовини ӯ тасдиқ гардида, муҳри хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ гузошта шуда, сипас дар дафтари бақайдгирии хулосаҳои шакли 34 ба қайд гирифта мешаванд. Дар хулоса рақами хулосаи баровардашуда (аз дафтари бақайдгирии хулосаҳои шакли 34) сабт карда шуда, сана рӯзи тасдиқи сардори мақомоти корҳои дохилӣ ҳисоб меёбад.
  3. Ҳангоми иваз намудани насаб, ном ва номи падари шаҳрвандон, кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои аз мақомоти САҲШ оид ба ивази насаб, ном, номи падар воридшударо баррасӣ менамоянд, санҷиши дақиқи ин шаҳрвандон аз рӯи қайдҳои бюрои суроғавӣмаълумотдиҳӣ, марказҳои иттилоотӣ мутобиқи тамоми маълумоти шахсии пештара ва нав гузаронида шуда, тибқи шакли 1 шахсияти аризадиҳанда муайян карда мешавад. Аз натиҷаи баррасӣ ба мақомоти САҲШ дар муҳлати 15 рўз хабар дода мешавад.
  4. Ҳангоми санҷиши маълумоти ин шаҳрвандон дар сутуни 7 варақаи дархости ба марказҳои иттилоотӣ фиристодашаванда маълумоти нави насаб, ном ва номи падар нишон дода шуда, нусхаи шаҳодатномаи иваз намудан ё шаҳодатномаи таваллуди такрорӣ ба шаҳрвандон додашуда бо мақсади пешниҳод намудани маълумот ба марказҳои иттилоотӣ нисбати шахсони пеш судшуда замима мегардад. Дар мавриди доғи судӣ доштани шаҳрвандони мазкур баъди ба онҳо дода шудани шиносномаи намунаи соли 2014, дар муҳлати 3 рӯз ба марказҳои иттилоотӣ оид ба иваз намудани маълумоти шахсӣ огоҳинома фиристода шуда, дар онҳо насаб, ном ва номи падар, инчунин номи падар ном ва насаби пештараи шаҳрванд нишон дода мешавад.
  5. Дар ҳолати доғи судӣ доштани шаҳрвандоне, ки маълумоти дигари шахсиашонро (санаи таваллуд, ҷойи таваллуд, ҷинсиятро) иваз менамоянд, дар муҳлати 3 рӯзи баъди ба онҳо дода шудани шиносномаи намунаи соли 2014, ба марказҳои иттилоотӣ ҳамчунин огоҳинома дар бораи иваз намудани маълумоти муайянкунанда бо замимаи нусхаи шаҳодатномаи таваллуди такрорӣ додашуда ва дигар ҳуҷҷатҳо фиристода мешаванд.
  6. Маводи санҷишӣ ва хулосаҳо ба парвандаи алоҳида дӯхта мешаванд.
  7. Агар шиноснома бо сабаби корношоямӣ ва номумкин будани истифодабарии минбаъдаи он иваз карда шавад, шахсияти аризадиҳанда ва далели додани шиносномаи пешниҳодшуда санҷида шуда, дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дархост карда мешавад.
  8. Барои ҳуҷҷатгузории шиносномаи намунаи соли 2014 аз рўи шиносномаҳои собиқ ИҶШС намунаи соли 1974 ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза бо нишон додани сабабҳои сари вақт нагирифтани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– тарҷумаи ҳол;

– шиносномаи собиқ ИҶШС намунаи соли 1974;

– дафтари ҳавлӣ, варақаҳои бақайдгирӣ, нусха аз китоби хоҷагидорӣ;

билети ҳарбӣ барои шахсоне, ки дорои уҳдадории ҳарбиянд (ё ҳуҷҷате, ки маълумот оид ба қайди ҳарбиро тасдиқ менамояд);

– дигар ҳуҷҷатҳое, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани аризадиҳандаро тасдиқ мекунанд.              

  1. Дар чунин ҳолатҳо, аз рўи имкон, дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, нисбати шахси дахлдор дода шудаанд, агар ин ҳуҷҷатҳо барои муқаррар намудани ҷои истиқомати аризадиҳанда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд, пешниҳод карда мешаванд. Дар мавриди муддатҳои тӯлонӣ иваз накардани шиносномаи собиқ ИҶШС намунаи 1974, ё надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва қайди ҷойи истиқомат, ки муайян намудани шахсияти аризадиҳандаро ғайриимкон мегардонад, маълумотномаи мансубият ба шаҳрвандӣ аз воҳиди сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда талаб карда мешавад.
  2. Ҳангоми шубҳа пайдо гаштан дар аслияти муҳри бақайдгирии шиноснома, ё мавҷуд набудани муҳр дар он, аз ҷониби кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ нисбати шаҳрванд оид ба қонунӣ будани бақайдгирии ў дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи шаҳрвандиаш санҷиш гузаронида мешавад. Маълумот оид ба бақайдгирӣ тавассути бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, баргадонҳои (картотека) хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, аз рӯи китобҳои хоҷагидории нуқтаҳои аҳолинишини деҳот, дафтари ҳавлӣ, варақаҳои бақайдгирӣ ва варақаҳои ҳуҷравӣ санҷида мешаванд.
  3. Вобаста ба ҳолатҳои мушаххас барои тасдиқи истиқомати шаҳрвандони санҷидашаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои шоҳидии шиносон, хешу табор (бо замимаи нусхаи шиносномаи онҳо) мешаванд. Санҷишҳо мутобиқи банди 36 Дастурамали мазкур амалӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ тавассути Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷии ҷойи эҳтимолии истиқомати шаҳрвандони санҷидашаванда дархост ирсол карда мешавад.
  4. Нусхаи шиносномаи собиқ ИҶШС намунаи соли 1974, билети ҳарбӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби корманд тасдиқ ва қабул карда шудаанд, ба маводи санҷишӣ дӯхта мешаванд. Агар аризадиҳанда аз рўи ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош барои ивази шиносномаи собиқ ИҶШС намунаи соли 1974 ариза пешниҳод намояд, ки аз ҷойи истиқомати пештарааш аз қайд бароварда нашуда бошад, ў бояд аризаи азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат/маҳалли будубош (бо нишон додани ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши нав) (шакли 49) нависад, аризаи мазкур ба мақомоти корҳои дохилии ҷойи бақайдгирӣ фиристода шуда, ба дархост (шакли 48) оид ба аз қайди ҷойи истиқомат (маҳалли будубош)-и пештара баровардан маълумоти шиносномаи собиқ ИҶШС намунаи соли 1974 нишон дода мешавад. Азқайдбарорӣ тибқи бандҳои 303-308 Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.
  5. Ҳангоми пайдо гаштани носаҳеҳиҳо дар маълумоти шахсии дар шаҳодатномаи ақди никоҳ дарҷшудае, ки аз ҷониби шаҳрванд пешниҳод шудааст, додани шиносномаи намунаи соли 2014 пас аз бартараф намудани носаҳеҳиҳо амалӣ карда мешавад.
  6. Шиносномаи намунаи соли 1996 новобаста аз муҳлати амалаш, дар асоси муроҷиати шаҳрванд ба шиносномаи намунаи соли 2014 иваз карда мешавад.

 

  1. БАРРАСИИ АРИЗА ВА ТАҲИЯИ ШИНОСНОМА

 

  1. Корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо уҳдадор аст ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, ба ҳолатҳои зерин диққат диҳад:

шиноснома ба соҳибаш тааллуқ дорад ё не, барои ин, акси шахсро бо симои зоҳирии соҳиби шиноснома муқоиса менамояд;

– аслӣ будани ҳуҷҷатҳои барои додан ё иваз намудани шиноснома асосшавандаро дақиқ менамояд, яъне ҳуҷҷат аз ҷониби мақомоти дахлдор дода шудааст, муҳру имзо дорад;

осори аломатҳои сохтакориро (тоза карда шудан, илова намудан, обшуста шудан, иваз намудани акс (дар шиноснома) ҷойивазкунии саҳифаҳо ва дигар сохтакорӣ) муайян менамояд.

  1. Агар барои аслӣ будани ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи аризадиҳанда шубҳа пайдо шавад, аломатҳои сохтакорӣ дошта бошад ё маълум карда шавад, ки шаҳрванд нисбати худ маълумоти бардурӯғро пешниҳод намудааст ё худро ҳамчун шахси дигар муаррифӣ карда бошад, ҳуҷҷатҳои вобаста ба масъалаҳои мазкур бо гузориш ба сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинони ӯ барои баровардани қарори лозима пешниҳод карда мешавад, ки онҳо дар навбати худ, барои гузаронидани санҷиши дахлдор қарор мебароранд. Вобаста ба масъалаи мазкур корманди масъул бояд кӯшиш намояд шахси таҳти санҷиш қарордодашуда хабардор нашавад. Ҳуҷҷатҳое, ки нишонаҳои сохтакорӣ доранд, барои ташхиси криминалистӣ фиристода шуда, ҳамзамон санҷиши шахсияти аризадиҳанда гузаронида мешаванд.
  2. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида баъди ба тариқи электронӣ сабт шудан нусхабардорӣ карда шуда, ба аризадиҳанда баргардонида мешаванд.
  3. Барои додани шиносномаи намунаи соли 2014 тибқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ хироҷ ситонида мешавад. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ расид ҳисоб ёфта, мутобиқи Қоидаҳои мазкур ҳангоми қабули ариза супорида мешавад. Иштирокчиён ва маъюбони ҷанги бузурги ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақагирон ва маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи хироҷ барои додани шиносномаи намунаи соли 2014 мувофиқи тартиби муқарраргардида озод мебошанд. Барои тасдиқи озод будан аз пардохти маблағи хироҷи шиносномаи намунаи соли 2014 маълумотномае, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ имзо шуда, бо муҳр тасдиқ шудаааст, пешниҳод карда мешавад. Аз ҷониби кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар расид ва маълумотномаи озод будан аз пардохти маблағи хироҷ пас аз фиристодани файли электронӣ, рақами ариза оид ба гирифтани шиносномаи шакли 1/1; пас аз ворид гардидани шиносномаи намунаи соли 2014-и омодашуда, рақамҳои шиносномаи намунаи соли 2014 қайд карда мешавад. Расидҳои қабулгардида ва маълумотномаи озоднамоӣ аз пардохт дар алоҳидагӣ дӯхта мешаванд.
  4. Шиносномаи намунаи соли 2014 ба шаҳрванд дар муддати на камтар аз 15 рӯзи корӣ баъди аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ сабт намудани маълумоти электронӣ, фиристодани онҳо ба раёсати персонализатсия ё марказҳои иттилоотӣ барои минбаъд фиристодани файли электронӣ ба раёсати персонализатсия дода мешавад. Ҳангоми гум кардан (дуздида шудан)-и шиноснома, ғайриимкон будани муайянсозии шахсият аз рӯи шиноснома, шиносномаи корношоямгардида, ҳангоми муайян кардани шахсият шиносномаи намунаи соли 2014 тибқи тартиби муқарраргардида, на дертар аз 30 рӯзи аз санаи супоридани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дода мешавад. Дар мавриди зарурати баррасии иловагӣ (фиристодани дархост ба дигар давлатҳо ё гузаронидани санҷиши махсус) муҳлати додани шиносномаи намунаи соли 2014 аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинони ӯ метавонад то 30 рўз тамдид карда шавад, ки дар ин бора ба аризадиҳанда хабар дода мешавад.
  5. Санаи дода шудани шиносномаи намунаи соли 2014 вақти тайёр кардани он ҳисоб мешавад, санаи гирифтани шиноснома бошад рӯзи муроҷиати шаҳрванд барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014, ки оид ба он дар аризаи шакли 1 сабти дахлдор гузаронида шуда, бо имзои шаҳрванд тасдиқ карда мешавад.
  6. Пас аз қабули шиносномаҳои намунаи соли 2014 аз раёсати персонализатсия дар асоси феҳрасти ирсол намудани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёр ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (шакли 44), корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ уҳдадор аст:

– маълумоти шиносномаҳои намунаи соли 2014-и барасмиятдаровардашударо ба китоби бақайдгирии файлҳои электронӣ, шиносномаҳои воридгардида ва додани онҳо ба шаҳрвандонро (шакли 2) мутобиқи бандҳои 137 ва 138 Дастурамал (минбаъд – китоби шакли 2) сабт намояд;

– маълумоти шиносномаи намунаи соли 2014-и воридшудаи шаҳрвандро бо маълумоти электронии шиносномаи тайёршуда, ки аз ҷониби раёсати персонализатсия ба ҷойи кори автоматикунонидашуда ворид шудааст, муқоиса намуда, барои анҷом додани даври пурраи додани шиноснома ба махзани маълумоти додани шиносномаи намунаи соли 2014 ворид намояд;

– дурустии пур кардани шиносномаи намунаи соли 2014 гирифташударо санҷад;

– дар сутунҳои 26, 27, 28, 29, 30, 31-и аризаи шакли 1 қайдҳои дахлдорро ворид намояд;

– дар шаҳодатномаи таваллуди шаҳрванде, ки бори аввал шиносномаи намунаи соли 2014 мегирад, дар шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи ивази насаб, ном ва номи падари шаҳрванд осори муҳри шакли 3 гузошта шуда, реквизитҳои онро пур намояд;

– дар сутуни 33 аризаи шакли 1 корманде, ки маълумоти шаҳрвандро ба махзани ҷойи кори автоматикӣ ворид мекунад, имзо мегузорад, дар сурати набудани ӯ, корманди барои барасмиятдарории шиносномаҳо иҷозатдодашуда имзо мекунад. Дар мавриде, ки агар як корманд файлҳои электрониро ба расмият дароварда бошаду раванди додани шиносномаи намунаи соли 2014-ро дигар корманд анҷом дода бошад, дар сутуни 20 шакли 1 имзо ва насаби корманди аввал ва дар сутуни 33 шакли 1 имзо ва насаби корманди дуюм гузошта мешавад;

– бақайдгириро мутобиқи Дастурамали мазкур ба расмият медарорад.

  1. Супоридани шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба шаҳрвандон аз ҷониби сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва шахсони ивазкунандаи онҳо (шахси масъул) амалӣ карда мешавад ва онҳо уҳдадоранд:

– ба шаҳрванд пешниҳод намоянд, ки дурустии маълумоти ба шиносномаи намунаи соли 2014 воридшударо санҷад. Ҳангоми муайян намудани хатоҳо дар шиноснома ба аризадиҳанда шиносномаи намунаи соли 2014-и нав ба расмият дароварда мешавад. Барои вайрон намудани бланки шиноснома аз шаҳрванд маблағ ситонида намешавад;

– шахсияти соҳиби шиносномаи намунаи соли 2014-ро бо реквизитҳои шиносномаи намунаи соли 2014-и чопшуда муқоиса намуда, баъд аз боварӣ ҳосил намудан ва пас аз гирифтани имзои аризадиҳанда дар сутуни 32 шакли 1 шиносномаро ба соҳибаш месупорад;

ба шаҳрванд уҳдадориҳояшро оид ба эҳтиёткорона нигоҳ доштани шиносномаи намунаи соли 2014, ҳангоми гузаштани муҳлати амалаш сари вақт иваз намудани он, инчунин дигар ҳолатҳои дар Дастурамали мазкур пешбинишударо мефаҳмонад;

-дар майдони 34-и шакли 1 имзои худро мегузорад.

  1. Дар сурати муайян намудани иштибоҳ ва носаҳҳеҳиҳо (роҳ додани иштибоҳ ҳангоми сабти файли электронӣ) зимни додани шиносномаҳои шаҳрвандон, фавран ба раёсати персонализатсия оид ба беэътибор донистани шиносномаи намунаи соли 2014-и додашуда хабарнома фиристода мешавад.
  2. Баъди аз ҷониби раёсати персонализатсия қабул гардидани маълумот дар бораи беэътибор донистани шиносномаи намунаи соли 2014 ва аз ҷониби раёсати персонализатсия ба махзани ахборот ворид намудани ин маълумот, ба шаҳрванд файли электронии нав, бо ислоҳоти даровардашуда барои омода намудани шиносномаи намунаи соли 2014-и нав ба расмият дароварда мешавад.
  3. Шиносномаҳое, ки аз раёсати персонализатсия бо нуқсонҳои техникӣ ворид мешаванд (маълумоти ба шиносномаи намунаи соли 2014 воридшуда душворфаҳм мебошанд, аз рӯи акс шахсияти аризадиҳанда муайян карда намешавад ё дигар нуқсонҳои техникӣ), аз ҷониби истеҳсолкунанда бартараф карда мешавад.
  4. Шиносномаи намунаи соли 2014 ба шаҳрвандоне, ки ба синни 16 расидаанд, чун қоида, дар фазои тантанавӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ супорида мешаванд. Чорабиниҳои мазкур бояд ба таҳкими давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, ба ҷавонон нуктаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд фаҳмонида шаванд, барои баланд бардоштани фаъолияти судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нигоҳдории эҳтиёткоронаи шиносномаи намунаи соли 2014, иҷрои талаботи дар қайди ҳарбӣ сари вақт гузоштан мусоидат намоянд.
  5. Назоратбарии сари вақт супоридани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёршуда ба аризадиҳандагонро сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба зимма доранд. Шиносномаҳои намунаи соли 2014, ки ба соҳибонашон дар муддати 2 сол дода нашудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур нигоҳдорӣ ва нобуд карда мешаванд.
  6. Агар ба шаҳрвандон шиносномаҳои намунаи соли 2014-и нав дода шаванд, шакли 1 барои шиносномаи қаблан додашуда аз баргадони амалкунанда гирифта шуда, пас аз қайд намудани сабаби гирифтани он ба баргадони бойгонӣ гузаронида мешавад.
  7. Муҳлати нигоҳдории шакли 1 дар баргадон, ки дар он қайди шиносномаи намунаи соли 2014-и нав гирифтани шаҳрванд мавҷуд набошад, доимӣ аст.
  8. Баргадонҳо бояд дар ҳуҷраи ҷудои алоҳидаи хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар ҷойи барасмиятдарории онҳо, ки бо дастгоҳи садодиҳанда (сигнализатсия)-и ҳифз аз сӯхтор, тирезаҳои панҷарадор ва дари оҳанин муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ҷойгир карда шаванд.
  9. Сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва кормандоне, ки дар баргадони амалкунанда ва бойгонӣ масъуланд, барои ҷобаҷогузорӣ ва нигоҳдории шакли 1 ва дигар ҳуҷҷатҳои ин самт шахсан ҷавобгар мебошанд.
  10. Аз баргадон гирифтани шакли 1 танҳо ба кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба муҳлати на зиёда аз як рӯзи корӣ, барои тартиб додани маълумотномаҳо, иҷрои дархостҳо, нусхабардорӣ, гузоштани қайдҳои хизматӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ иҷозат дода мешавад. Дар охири рӯзи корӣ шакли 1-и муваққатан гирифташуда ба баргадон бояд баргардонида шавад. Ҳангоми муваққатан гирифтани аризаи шакли 1 аз баргадон ба ҷойи шакли 1 нусхаи он муваққатан дар баргадон бо имзои тасдиқкунандаи кормандон гузошта мешавад, ки дар он сабаб ва санаи гирифта шудани шакли 1 сабт шуда, насаб, ном, номи падар ва вазифаи шахсе, ки дар дасташ шакли 1 нигоҳ  медорад, нишон дода мешавад.
  11. Ба кормандони дигар хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, идора, муассиса ва дигар ташкилотҳо додани шакли аслии 1 ё бо дархост равон намудани он манъ аст.
  12. Ҳангоми аз мақомоти ваколатдор ворид гардидани хабарнома ва дархостҳо вобаста ба гум шудани шиносномаҳои шаҳрвандон ё аз ҷониби онҳо қабул карда шудани шаҳрвандии дигар давлат ва дар дигар ҳолатҳо, кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои ворид намудани қайди дахлдор ба шакли 1 аз рӯи баргадон санҷиш гузаронида, дар ҳолати зарурӣ нусхаи аризаи шакли 1-ро ба дархосткунанда ирсол менамоянд. Ба шаҳрвандон нусхаи шакли 1 дода намешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани шакли аслии 1 дар баргадони барои шиносномаи намунаи соли 2014, шакли 1 пас аз ворид намудани маълумот нисбати дархостшаванда ба махзани иттилоотии автоматии ҷойи кори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар ду нусха, барои ба баргадон дохил намудани нусхаи якум ва фиристодани нусхаи дуюм ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё дархосткунанда чоп карда мешавад.
  13. Шакли 1 пас аз дода шудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба соҳибаш ҷобаҷо гузошта мешавад.
  14. Шакли 1 барои шиносномаҳои додашуда дар баргадонҳои махсус бо тартиби ҳарфҳои алифбоӣ аз рўи насаб, ном ва номи падар бояд бо тартиби зерин нигоҳ дошта шавад:

шакли 1 ба шахсоне, ки насабашон бо ҳарфи якхела шуруъ мешавад, ҷудо карда шуда, аз ҳарфи дуюми насаб, сипас сеюм ва ғайра ҷобаҷогузорӣ мешаванд. Мисол: Абдуллоев, Акрамов, Асламзода; Баёзов, Баротов, Баҳриддинзода ва ғайра;

шакли 1 ба шахсоне, ки як насаб доранд, дар баргадон бо тартиби пайдарҳамии риояи алифбоӣ аз рӯи ном ва номи падар ҷобаҷогузорӣ мешаванд. Мисол: Абдуллоев Анвар Ашрафович, Абдуллоев Анвар Баротович, Абдуллозода Анвар Воҳид ва ғайра;

– ҳангоми монанд омадани насаб, ном ва номи падар, шакли 1 аз рӯи санаи таваллуди афзунёбанда, баъди он, бо тартиби алифбоӣ аз рӯи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини ҷойи таваллуд ҷобаҷогузорӣ мешаванд. Мисол: Абдуллоев Анвар Ашрафович, с.т. 1966, Абдуллоев Анвар Ашрафович, с.т. 1982, Абдуллоев Анвар Ашрафович, с.т. 1966, зодаи ш.Душанбе; Абдуллозода Анвар Ашраф, с.т. 1966, зодаи ш. Хуҷанд;

шакли 1, ки бо ҳарфҳои: Ғ, Ӣ, Қ, Ӯ, Ҳ, Ҷ пур карда шудаанд, ҳамчунин бо тартиби алифбоии зерин: ҳарфи Ғ бо ҳарфи Г гузошта шуда, ҳамин тавр: Ӣ-И; Қ-К; Ӯ-У; Ҳ-Х; Ҷ-Д ҷобаҷогузорӣ карда мешаванд

-ҳарфи О якҷоя бо ҳарфи А гузошта мешавад.

  1. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014-и нав шакли 1-и пештара то додани шиносномаи намунаи соли 2014-и нав ба шаҳрванд аз баргадон гирифта намешавад.
  2. Ба шаҳрвандон маълумотномаи шакли 9, ки шахсияти шаҳрвандро тасдиқ мекунад, дар мавридҳои зерин ба муҳлати на зиёда аз ду моҳ дода мешавад:

1) аз ҷониби аризадиҳанда барои гирифтани шиноснома ҳуҷҷатҳо супорида шуда бошанд, вале санҷиши иловагие, ки додани шиносномаро ба тавқиф мегузорад, талаб карда мешавад;

2) бо сабабҳои техникӣ (дар ҳолати вайрон гаштани роҳҳои алоқа бо раёсати персонализатсия ва шикастани таҷҳизот) – дар муддати тайёр кардани шиносномаҳо;

3) шаҳрванд оид ба гум шудани шиноснома муроҷиат намуда бошад.

  1. Ҳангоми гум шудани шиноснома берун аз маҳалли истиқомат хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зисти муваққатии аризадиҳанда ба шаҳрванд ба муҳлати зарурӣ барои баргаштан ба ҷойи истиқомати доимӣ маълумотномаи шакли 9 медиҳад. Маълумотномаи шакли 9 ба воситаи техникаи компютерӣ ё бо даст бо ручкаи одии рангаш бунафш, бо ҳарфҳои чопӣ, саҳҳеҳ ва хоно пур карда мешавад. Ихтисор ва ислоҳнамоӣ манъ аст. Дар маълумотномаи шакли 9 акси соҳиби он ба андозаи 3,5х4,5 см часпонида шуда, бо муҳр ва имзои шахси масъул тасдиқ карда мешавад. Маълумотномаи шакли 9 ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд дар дафтари қайди шакли 35 ба қайд гирифта мешаванд. Рақами тартибии дафтар рақами маълумотнома ҳисобида шуда, шаҳрванд оид ба гирифтани маълумотнома дар дафтар имзо мегузорад. Маълумотнома аз ҷониби сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, имзо гардида, дар он муҳр гузошта мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ муҳлати амали маълумотнома метавонад то 2 моҳи дигар тамдид карда шуда, дар сутуни 3 шакли 35 қайд карда мешавад. Муҳлати амали маълумотнома бо имзои сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё шахси ивазкунандаи ӯ тамдид шуда, бо гузоштани муҳр тасдиқ карда мешавад.
  2. Агар шиноснома ё маълумоти ба он воридшуда дар асоси ҳуҷҷатҳои бекоршуда, беэътибор, қалбакӣ ё сохтакорона дода шавад, ё дар он маълумоти бардуруғ гузаронида шуда бошад, шиносномаи намунаи соли 2014-и додашуда беэътибор дониста шуда, гирифта мешавад. Барои ин шиносномаҳо Санади гирифтани шиноснома (шакли 37) тартиб дода мешавад. Беэътибор донистани шиносномаро суд ва мақомоти ваколатдор дар доираи ваколатҳояшон муқаррар менамоянд ва аз натиҷаш шахсони манфиатдорро огоҳ менамоянд. Агар беэътибор гардидани шиноснома аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ муайян карда шавад, хулоса бароварда шуда, дар он сабабҳои ғайриқонунӣ дониста шудани шиноснома нишон дода мешавад. Оид ба далели беэътибор дониста шудани шиноснома дар муддати 5 рӯзи корӣ огоҳинома аз рўи шакли 36 фиристода мешавад:

1) ба соҳиби шиноснома агар шарҳи далел бе огоҳ намудани шаҳрванд амалӣ шуда бошад;

2) ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки шиносномаро додааст;

3)   ба раёсати персонализатсия агар шиносномаи намунаи соли 2014 дода бошад.

  1. Соҳиби шиносномаи беэътибор уҳдадор аст, ки шиносномаро ба мақомоти корҳои дохилие, ки онро додааст, супорад. Дар асоси санҷишҳои гузаронидашуда ва баёноти асосноки соҳиби шиноснома хулоса бароварда шуда, масъалаи ба шаҳрванд додани шиносномаи нав баррасӣ карда мешавад.
  2. Дар сурати аз ҷониби соҳиби шиноснома ошкор шудани қоидавайронкуниҳо нисбати ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешида мешавад.

 

  1. МАЪЛУМОТИ ҲАТМӢ (РЕКВИЗИТҲО)-И ШИНОСНОМА

 

  1. Дар шиносномаи намунаи соли 2014 маълумоти ҳатмӣ (реквизитҳо)-и зерин ҷойгир карда мешаванд:
  • аз тарафи пешрӯи шиноснома:

– насаб, ном ва номи падар;

– ҷинс;

– шаҳрвандӣ;

– санаи таваллуд;

– ҷойи таваллуд;

– санаи додани шиноснома;

– муҳлати эътибор;

– рақами ягонаи миллӣ;

– силсила ва рақами шиноснома;

– имзои соҳиби шиноснома;

– акс дар шакли рақамӣ ба андозаи 2,5 х 3,5 мм ҷойгир карда мешавад;

2) дар паси шиноснома:

– суроға;

– вазъи оилавӣ дар лаҳзаи гирифтани шиноснома;

– гурӯҳи хун ва резуси мансубият, бо хоҳиши аризадиҳанда;

– рақами мушаххаси андозсупоранда;

– мақоме, ки шиносномаро додааст;

3) дар поён қисми мошинахони ҷойгир карда шудааст.

  1. Шиносномаи намунаи соли 2014 бо ҳарфҳои забони тоҷикӣ ва забони англисӣ пур карда мешавад. Истифодаи ҳарфҳое, ки дар алифбои забони тоҷикӣ пешбинӣ нашудаанд, аз он ҷумла ҳарфҳои «ц», «щ», «ь», «ы» манъ аст. Ҳарфҳои забони русӣ мутаносибан иваз карда мешаванд: «щ» ба «ш»; «ы» ба «и», аломати ҷудоӣ «ь» навишта намешавад. Ба ҷои ҳарфи «ц» дар байни ҳамсадоҳо ҳарфҳои «тс» ва дар баъзе дигар ҳолатҳо ҳарфи «с» навишта мешавад. Ҳангоми дар насаб, ном ва номи падари аризадиҳанда мавҷуд будани ҳарфҳое, ки дар алифбои забони тоҷикӣ пешбинӣ нашудаанд, бо хоҳиши аризадиҳанда ба ӯ бо нишон додани насаб, ном ва номи падар маълумотнома дода мешавад. Маълумотномаро сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ имзо гузошта, бо муҳр тасдиқ менамоянд. Ҳамаи реквизитҳо (маълумоти ҳатмӣ)-и шиносномаи намунаи соли 2014 бо ҳарфҳои калон пур карда мешаванд.
  2. Реквизитҳои шиносномаи намунаи соли 2014 тавассути лазери автоматикӣ дар раёсати персонализатсия бо мазмуни зерин пур карда мешаванд:

– сутунҳои «Насаб/Surname», «Ном/Name», «Номи падар/Fathers name» бо ҳарфҳои калони тоҷикӣ ва англисӣ пур карда мешаванд;

– дар сутуни «Ҷинс/Sex» занҳо бо ҳарфҳои «З/F», мардҳо бо ҳарфи – «М» қайд карда мешаванд;

– ҳангоми пур кардани сутуни «Шаҳрвандӣ/Nationality» ва «Ҷойи таваллуд/Place of birth» дар шиноснома бо ҳарфҳои тоҷикӣ ва англисӣ танҳо мамлакат бо истифодаи низоми сеҳарфаи Ташкилоти байналмилалии оид ба меъёрҳо (ISO) дар меъёрҳои ISO 3166 ворид карда мешавад. Дар сутуни «Шарҳрвандӣ/Nationality» ба таври автоматикӣ «ТҶК/TJK» ворид карда мешавад. Зимни пур кардани сутуни «Ҷойи таваллуд/Place of birth» ба таври автоматикӣ сеҳарфаҳои мамлакати таъиншудаи ҷойи таваллуд ворид карда мешавад;

– дар сутунҳои «Санаи таваллуд/Date of birth», «Оғози эътибор/Date of issue», «Анҷоми эътибор/Date of expiry» бо се гурӯҳ иборат аз 8 рақами арабӣ (рӯз, моҳ, сол) бо нуқтаҳо дар байни гурӯҳ, мисол: «15.02.1968», «05.08.2010» пур карда мешавад;

-дар сутуни «Рақами ягонаи миллӣ/National ID No» рақами ягонаи миллӣ/рақами идентификатсионии миллӣ, ки аз 13 рақами арабӣ иборат буда, бо усули махсуси автоматикӣ ба инобат гирифта шудаанд, ворид карда мешаванд, ҳамзамон рақами ягонаи миллӣ ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад, аз он ҷумла ҳангоми гум кардани шиносномаи намунаи соли 2014, тағйири насаб, иваз намудани шиносномаи намунаи соли 2014 ва дар дигар ҳолатҳо;

– дар сутуни «Рақами шиноснома/Document No» силсила ва рақами шиносномаи намунаи соли 2014, иборат аз ҳарфи «А» ва ҳашт рақами арабӣ, ба таври автоматикӣ аз ҷониби низоми ягонаи махзани иттилоотӣ дода шуда, ҳангоми омода шудани шиноснома дар шиноснома чоп карда мешаванд;

– дар шиносномаи намунаи соли 2014 имзои соҳиби он ба воситаи усули лазерӣ амалӣ карда мешавад;

– дар сутуни «Нишонӣ/ Address» суроға (ҷойи истиқомат, маҳалли будубош) бо ҳарфҳои калон, бо тартиби вилоят, ноҳия, кӯча (хиёбон, гузаргоҳ), бино, хона, квартира, пас аз он санаи бақайдгирии аввалин дарҷ карда мешавад. Мисол: «ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, ХИЁБОНИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, 54/23, аз 15.06.2002». Дар сурати бақайдгирии муваққатӣ дар ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош пас аз санаи бақайдгирӣ муҳлати он гузошта мешавад.

– дар сутуни «Вазъи оилавӣ/Marital status» вазъи оилавӣ бо ҳарфҳои калон навишта мешавад. Мисол: ба занҳои оиладор ва мардони оиладор «ОИЛАДОР/MARRIED», ба занҳои бешавҳар ва мардони муҷаррад – «МУҶАРРАД/SINGLE навишта мешавад. Дар сутуни «Гурўҳи хун ва резуси мансубият/Blood group» маълумот оид ба гурӯҳи хун ва резуси мансубият бо хоҳиши аризадиҳанда ворид карда мешавад. Мисол:  «А(II)Rh-». Дар сутуни «РМА/TaxPayerIDnumber» рақами мушаххаси андозсупоранда иборат аз 9 рақам ворид карда мешавад. Дар сутуни «Мақомоти шиносномадиҳанда/Issuig Authority» бо ҳарфҳои калон навишта мешавад: ШВКД ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ/DMIA IN MIRSAID ALII HAMADONI DISTRICT».

  1. Қисми мошинахонӣ тариқи барномавӣ мутобиқи маълумоти нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда ташкил карда мешавад. Дар қисми мошинахонӣ шакли сехатта ҳарфҳои алифбои лотинӣ, рақам ва қавсҳои кунҷӣ истифода бурда мешаванд. Ҳар як сатр аз 30 рамз иборат аст. Дар қисмати пешрӯ акси рақамӣ ҷойгир карда мешавад. Ҳангоми омода намудани шиноснома, дар қисмати чапи кунҷи болоии тарафи қафои шиноснома бо роҳи ҳаккокии лазерӣ доираи дарозрӯя (эллипс) бо акси аризадиҳанда дар дохили он нишон дода шуда, дар қисмати болои он санаи таваллуд такрорӣ дарҷ карда мешавад.

 

  1. ТАРТИБИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ФАЙЛҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ, ТАЙЁР НАМУДАНИ ШИНОСНОМАҲО

 

  1. Ҳуҷҷатҳои барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 зарурие, ки аз ҷониби шаҳрвандон пешниҳод карда мешаванд, инчунин натиҷаи санҷишҳои тибқи Дастурамали мазкур пешбинишударо сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, дар сурати набудани онҳо – кормандони иҷрокунандаи вазифаи онҳо баррасӣ менамоянд, ки доир ба таҳияи шиносномаи намунаи соли 2014 қарор мебароранд.
  2. Барои тайёр кардани шиносномаи намунаи соли 2014 кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ файлҳои электронӣ пур мекунанд, зимни пур кардани маълумот ҳозиршавии худи шаҳрванд барои муайян намудани шахсият, аксгирӣ, гирифтани изи ангуштони ишоратӣ ва имзои шахсии ў ҳатмӣ мебошад. Барои барасмиятдарории файлҳои электронӣ танҳо корманди воҳидӣ (штатӣ)-и хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ки мувофиқи уҳдадориҳои вазифавиашон ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро барои тайёр намудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба расмият медароранд, иҷозат дода мешавад.
  3. Ҳангоми мавҷудияти тамоми ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Дастурамали мазкур пешбинӣ гардидаааст, корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои сохтани файли электронӣ мутобиқи таъминоти барномавӣ, маълумоти шаҳрвандро ба махзани маълумоти ҷойи кори автоматикунонидашуда ворид месозанд.
  4. Гузарвожа ворид карда шуда, сипас барномаи «GetID» интихоб карда мешавад. Дохилшавӣ ба низоми ягонаи автоматикунонидашуда бо роҳи ворид намудани рамз (логин)-и хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, сипас гузарвожаи шахсии корманд амалӣ карда мешавад. Гузарвожаҳои шахсӣ аз тарафи раёсати персонализатсия дода ва нав карда мешаванд, ки оид ба он шахсан ба ҳар як корманди барои барасмиятдарории шиносномаҳои намунаи соли 2014-и иҷозатшуда бо гирифтани имзояш хабар дода мешавад. Фиристодани рамзи воридшавии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва гузарвожаи шахсӣ бо истифодаи алоқаи хаткашонӣ (почтавӣ), телеграфӣ, факсӣ, телефонӣ, электронӣ ва тавассути дигар шахсон қатъиян манъ аст.
  5. Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ махфияти гузарвожа, рамзи воридшавӣ ва гузарвожаи шахсиро таъмин менамоянд. Ошкор намудани гузарвожаи шахсӣ ба дигар шахсон, аз он ҷумла ба сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони мақомоти тафтишкунанда ва дигар кормандон қатъиян манъ аст. Оид ба ҷавобгарии интизомӣ доштани фош намудан, ошкорсозӣ ва ба дигар нафарон додани гузарвожаи шахсӣ ва рамзи воридшавӣ аз кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ забонхат гирифта мешавад (замимаи №8). Барои дастрасӣ ба ҷойи кори автоматикунонидашуда сардорон ва кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгириро зарур аст, ки гузарвожаи шахсии худро дошта бошанд. Пеш аз ворид намудани гузарвожаҳо, рамзи воридшавӣ, гузарвожаи шахсӣ, кормандон уҳдадоранд, ки аз ҳуҷраи корӣ шаҳрвандонро бароранд ва барои роҳ надодан ба дидан ва сабти видеоии раванди воридсозии рамзи воридшавӣ, гузарвожа ва гузарвожаи шахсӣ дигар чораҳоро андешанд.
  6. Ҳангоми иваз гардидани кормандоне, ки барои барасмиятдарории шиносномаҳои намунаи соли 2014 иҷозат дода шудаанд, гузарвожаҳои шахсии онҳо беэътибор карда шуда, ба кормандони нав гузарвожаи шахсии худи онҳо дода мешавад. Сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои ба корманди нав додани гузарвожаи нав ва беэътибор донистани гузарвожаи пештара ба раёсати персонализатсия дархост пешниҳод менамоянд.
  7. Барои баланд бардоштани сатҳи муҳофизавии низом (система) раёсати персонализатсия на камтар аз як маротиба дар ду сол гузарвожаи шахсӣ, гузарвожа ва рамзи воридшавии кормандонро нав мекунад.
  8. Дар сурати муайянсозии ифшои рамзи воридшавӣ, гузарвожа ва гузарвожаи шахсии корманд фавран бо гузориш ба сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуда, тавассути роҳҳои муҳофизашавандаи алоқа раёсати персонализатсия огоҳ карда мешавад. Дар гузориш ва огоҳинома оид ба он, ки кай ва дар кадом ҳолат рамзи воридшавӣ, гузарвожа ва гузарвожаи шахсии корманд ифшо гардидааст, нишон дода мешавад.
  9. Аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома аз ҷониби раёсати персонализатсия амали рамзи воридшавӣ, гузарвожа ва гузарвожаи шахсии ифшошудаи корманд бекор карда шуда, ҳамаи маълумоти ба низом (система) дар давраи эҳтимоли ифшошавӣ воридгардида аз нав то омода сохтан ё додани шиносномаи намунаи соли 2014 бояд санҷида шавад. Дар ҳар як ҳолати аз ҳуҷраи корӣ баромадан корманд уҳдадор аст, ки аз барномаи компютерӣ барояд.
  10. Барномаро кушода, корманд ҳатман аз шаҳрванд оид ба қаблан аз ҷониби аризадиҳанда гирифтан ё нагирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ё шиносномаи намунаи соли 2014 мепурсад. Агар шаҳрванд бори аввал муроҷиат карда бошад, он гоҳ даричаи «корти идентификатсионӣ», сипас «мақсад аз муроҷиат» – «нав» ва тугмачаи «оғози бақайдгирӣ» пахш карда мешавад.
  11. Корманд дар бораи муроҷиаткунанда ҳамаи маълумотро ба забони тоҷикӣ, бе ихтисоркунӣ ва ислоҳкунӣ, аз ҷумла оид ба тақсимоти маъмурию-ҳудудӣ, номгӯи маҳал ва мақомоти додани он мутобиқи навиштаҷоти дар ҳуҷҷатҳо буда, ки барои барасмиятдарории шиноснома ҳамчун асос хизмат мекунад, пур мекунад.
  12. Ҳамаи ҳошияҳо бо тартиби зерин пур карда мешаванд:

1) дар ҳошияи якум «Маълумот дар бораи пардохти маблағи шиноснома» сутунҳои маблағ, санаи пардохт, рақами расид ва дар ҳолати доштани имтиёз – дараҷаи имтиёз (нафақагирон, маъюбон) пур карда мешаванд;

2) таърих дар ҳамаи ҳошияҳо пур карда мешавад: бо се гурӯҳ аз 8 рақами арабӣ (рӯз, моҳ, сол) бо нуқтаҳо дар байни гурӯҳ, мисол: «15.02.1968», «05.08.2010»;

3) дар ҳошияи дуюм «Ҳуҷҷатҳои асосшаванда» вобаста ба асосҳо пур карда мешаванд:

– дар ҳошияи «шиносномаи намунаи соли 2014» маълумоти шиносномаи пештара ё шиносномаи гумшуда, силсила, рақам, санаи дода шудан, аз ҷониби кӣ дода шудааст дар равзанаи «Дигар» дарҷ мешавад. Мисол: «шиносномаи А 7867567 санаи 29.10.2010 аз ҷониби ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дода шудааст». Агар шиносномаро шахсе, ки бо сабаби қабули шаҳрвандӣ ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта бошад, маълумоти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда навишта гирифта мешавад;

– дар дигар ҳошияҳо бо чунин тартиб дар бораи дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои барасмиятдарории шиноснома асос ҳисоб меёбанд, шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи бекор намудани ақди никоҳ, шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном, номи падар, шаҳодатномаи таваллуди такрорӣ додашуда ҳангоми иваз намудани насаб, ном, номи падар вобаста ба ҳолатҳои гирифтани шиноснома сабт мешавад;

4) агар баъди чопи шакли 1 маълумоти ҳуҷҷатҳо дар сутунҳои 15, 16 ҷой нагиранд, маълумоти ҳуҷҷатҳои дохилнашуда метавонанд дар сутуни 27 дастӣ пур карда шаванд;

5) дар ҳошияи сеюм «Маълумоти таркиби демографии шаҳрванд» сутунҳои зерин, ки дар қисматҳои чапу рост ҷойгиранд, пур карда мешаванд:

– насаб, ном, номи падар бо ҳарфҳои калон, дар сурати надоштани номи падар сутуни «Номи падар» пур карда намешавад. Агар насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷат ҳамчун асос барои навиштан бошад (шиносномаи намунаи соли 1996, шаҳодатномаи таваллуд), бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гуногун нишон дода шуда бошад, маълумоти бо забони тоҷикӣ нишон додашуда ворид карда мешаванд. Агар ҳуҷҷат танҳо бо забони русӣ пур карда шуда бошад, дар ин ҳолат насаб, ном ва номи падар мутобиқи ҳуҷҷати пешниҳодгардида бо истифодаи ҳарфҳои тоҷикӣ пур карда мешавад;

– насаб, ном ва номи падари пештара навишта мешавад, агар аризадиҳанда ному насаб ва номи падарашро якчанд маротиба тағйир дода бошад, дар он сурат, маълумот дар бораи ному насаб ва номи падари қаблиаш бо фосила пур карда мешавад;

– миллат – дар майдон миллати шаҳрванд навишта мешавад. Сабти миллати шаҳрвандоне, ки бори аввал шиноснома мегиранд, мутобиқи миллати падару модарашон гузаронида мешавад;

– ҷинс бо як ҳарфи калони асосӣ навишта мешавад: «З» ё «М»;

– рӯз, моҳ, соли таваллуд – мутобиқи зербанди дуюми банди 104;

– рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– рақами телефон;

– гурӯҳи хун ва резуси мансубият (бо хоҳиши аризадиҳанда);

– ҷойи таваллуд-мамлакат, вилоят, ноҳия, шаҳр, нуқтаи аҳолинишин пур карда мешавад;

– силсила ва рақами шаҳодатномаи таваллуд дар тарафи рост пур карда шуда, дар қисмати чап аз ҷониби кӣ ва кай дода шудани ҳошия пур карда мешавад;

– вобаста ба вазъи оилавӣ яке аз ҳошияҳо интихоб карда мешавад: муҷаррад, оиладор, бевазан (бешавҳар), ҷудошуда. Маълумот дар бораи вазъи оилавӣ ҳангоми гирифтани шиноснома, дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуд будан ё набудани қайди ақди никоҳ (шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ, шаҳодатномаи вафоти ҳамсарон) навишта мешавад. Агар шаҳрванд дар қайди ақди никоҳ бошад, дар тарафи чап силсила, рақам ва мақомоте, ки шаҳодатномаи ақди никоҳро додааст, пур карда мешавад, дар тарафи рост бошад – санаи қайди ақди никоҳ, дар чап – номи ҳамсар, дар рост–насаб ва номи падари ҳамсар гузаронида мешавад;

– маълумот дар бораи падару модар, дар тарафи чапи ҳошия ному насаб ва номи падари падар, дар тарафи рост–ному насаб ва номи падари модар пур карда мешавад. Агар шаҳрванд бори аввал шиноснома гирад, дар тарафи чап силсила ва рақами шиносномаи падар, дар тарафи рост бошад силсила ва рақами шиносномаи модар навишта мешавад. Дар сурати тамоман мавҷуд набудани маълумот дар бораи яке аз падару модар ё нисбати ҳар дуи онҳо ҳошияҳои дахлдор пур карда намешаванд;

– маълумот дар бораи ҷойи истиқомат дар ҳошияҳо, дар чап вилоят, дар рост ноҳия, дар чап нуқтаи аҳолинишин (шаҳр, шаҳрак, деҳа) ва номи кӯча, дар рост рақами хона, дар чап рақами квартира навишта мешавад. Баъди сабти охирин дар суроға санаи бақайдгирии аввалия ворид карда мешавад, Мисол: «ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, ХИЁБОНИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ, 54/23, аз 15.06.2002». Ҳангоми доштани қайди муваққатӣ аз ҷойи истиқомат ё бақайдгирӣ аз рӯи маҳалли будубош, пас аз санаи бақайдгирӣ, муҳлати бақайдгирӣ гузошта мешавад «…аз 18.08.2014 то 18.08.2016». Агар шаҳрванд шиносномаи намунаи соли 2014-ро дар як вақт бо бақайдгирии ҷойи истиқомат ё аз рӯи маҳалли будубош ба расмият дарорад, санаи бақайдгирӣ бо санаи барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014 мувофиқат мекунад;

6) дар ҳошияи чорум «Имзо» тавассути лавҳаи электронӣ шаҳрванд имзо мегузорад, имзои вай бо таври автоматӣ ба ҷойҳои махсуси ҷудошудаи шиносномаи намунаи соли 2014 ва шакли 1/1 гузаронида мешавад. Агар аризадиҳанда бинобар сабаби нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ ё дигар сабабҳо дар лавҳаи электронӣ бо дасти худ имзо карда натавонад, он гоҳ бо супориши шифоҳии ӯ аз ҷониби корманде, ки шаҳрвандро қабул намудааст, дар ҳошияи 18 аризаи шакли 1 ва дар аризаи шакли 1/1 қайди дахлдор гузошта мешавад ва дар ҷойи махсуси барои гузоштани имзои аризадиҳанда ҷудокардашуда бо забони тоҷикӣ «Имконнопазир аст» навишта мешавад;

7) дар ҳошияи панҷум «Изҳои ангуштон» ба воситаи сканер изи ангуштҳои ишоратии дасти чап ва рост гирифта мешавад дар ҳолати имконнопазирии гирифтани ангуштҳои ишоратӣ, яке аз ангуштҳои дасти чап ва рост гирифта мешавад. Дар сурати ноқисии ҷисмонии аризадиҳанда ва имконнопазирии гирифтани изи ангуштҳои дастҳо, ҳошияи «Имконнопазир аст» интихоб карда мешавад;

8) дар ҳошияи шашум «Акс» акси аризадиҳанда ба воситаи камераи махсус гирифта мешавад. Акс бояд ба талаботи замимаи №6 мутобиқат кунад. Баъди акс гирифтани аризадиҳанда ҳатман акси ӯ санҷида мешавад. Агар акс нофаҳмо ё торик барояд, ба зер кардани ҳошияҳои «кори дастӣ» ва «қисми таркибӣ» ба акс равшанӣ ва ҷило ворид карда мешавад. Ҳангоми зарурат акси аризадиҳанда такрорӣ гирифта мешавад;

9) дар ҳошияи ҳафтум «Саволнома» ба шаҳрванд 8 савол (дар шакли 1/1 нишон додашуда) дода мешавад. Дар сурати ҷавобҳои манфӣ аломати «Не» гузошта мешавад. Дар сурати ҷавоби мусбати аризадиҳанда «Ҳа» гузошта шуда, дар ҳошияҳо маълумот оид ба ҳуҷҷати тасдиқкунанда ё аз суханҳои шаҳрванд навишта мешавад;

10) дар ҳолати мавҷуд будани маълумоти иловагӣ нисбати аризадиҳанда онҳо дар ҳошияи ҳаштум «Эзоҳ» гузаронида мешаванд. Ҳангоми дар шиносномаҳои тайёр ба хатоӣ роҳ додан, дар «эзоҳ» нишон дода мешавад, ки барои додани шиносномаи намунаи соли 2014 санаи таваллуд, рақами РМА, насаб, ном, номи падар, суроға, ҷинс асос гардидаанд ва кадом маълумот тағйир дода мешавад;

11) бо зер намудани ҳошияи даҳум «Қарор» шакли 1/1 кушода мешавад, ки маълумоти он аз ҷониби корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва шаҳрванд санҷида мешавад. Шакли 1/1 ба аризадиҳанда барои тасдиқи маълумоти воридшуда бо имзои шахсӣ ва дар ҷойи махсус ҷудошуда пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон аз ҷониби аризадиҳанда насаб, ном ва номи падар бо ифодаи ҳарфҳои махсус санҷида шуда, бо хоҳиши ӯ, дар асоси аризаи ба сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ навиштааш метавонад ислоҳ ворид карда шавад, ки мутобиқи он дар шакли 1/1 бо ҳарфҳои лотинӣ ба матн тағйирот ворид карда мешавад. Аризаи шаҳрванд дар қисмати дигари варақаи чопшудаи варақаи шакли 1 часпонида мешавад.

  1. Пас аз санҷиши дурустии пур кардани шакли 1 ва 1/1, шакли 1 дар як нусха, шакли 1/1 дар ду нусха (дар қисмати рости кунҷи поён шаҳрванд имзо мегузорад) чоп карда шуда, як нусхаи шакли 1/1 ба аризадиҳанда дода мешавад. Бо хоҳиши аризадиҳанда, дар шакли1/1 қайд оид ба ҳақиқӣ будани шакли 1/1 гузошта шуда, бо имзо ва муҳри сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад. Тугмачаи «Хотима» зер карда шуда, файли электронӣ бо маълумот дар бораи шаҳрванд ба марказҳои иттилоотӣ фиристода мешавад, ки баъди санҷиши дахлдор аз рӯи қайдҳои ҷойдошта на дертар аз се шабонарӯз онҳо ба раёсати персонализатсия барои таҳия ва тайёр намудани шиноснома мефиристанд.
  2. Дар ҳолати корношоямии техникӣ, ки аз рӯи он санҷишҳо тавассути марказҳои иттилоотӣ тариқи хатҳои электронӣ имконнопазир мегардад, санҷишҳо аз рӯи дархостҳои хаттӣ амалӣ шуда, ҷавобҳои онҳо на камтар аз се рӯз бояд гардонида шаванд. Додани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёршуда бе гирифтани ҷавобҳо аз марказҳои иттилоотӣ қатъиян манъ аст.
  3. Низоми шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раёсати персонализатсия ҷойгир мебошад, файлҳои электрониро қабул намуда, бо таври автоматикӣ дуруст будани онро санҷида, ба чоп ирсол менамояд.
  4. Шиносномаҳои чопшударо кормандони масъули техникии раёсати персонализатсия аз санҷиши сифат гузаронда, ҳуҷҷати ҳамроҳикунандаи шиносномаҳо ва шиносномаҳоро омода менамоянд. Дар баробари ин, феҳристи электронии шиносномаҳоро ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ирсол менамоянд.
  5. Барои оғоз намудани қабули санади электронӣ, корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба системаи оперативӣ даромада, барномаи «Stock management»-ро, ки одатан дар мизи корӣ ҷойгир мебошад, мекушояд. Баъд аз кушодани барномаи «Stock management» равзанаи рамзи воридшавӣ ва гузарвожаи шахсӣ пайдо мешавад. Барои давом додани истифодабарии барнома корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бояд рамзи воридшавӣ ва гузарвожаи шахсии худро ворид намояд.
  6. Тартиби қабули файлҳои электронии шиносномаҳо бо истифодаи барномаи «Stock management» :

–  бо пахш намудани тугмачаи “Бастаҳои шиноснома” барнома ба рӯйхати бастаҳои файлҳои электронии шиносномаҳо мегузарад;

– бо дар назар доштани рақами бастаи шиносномаҳо, ки дар санади шиносномаҳо қайд шудааст, бастаи шиносномаи зарурӣ интихоб гардида, бо ду маротиба пахш кардани тугмачаи чапи мушак, санади электронӣ бо рӯйхати шиносномаҳо кушода мешавад;

– кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ уҳдадоранд, ки дурустии пур кардани шиносномаҳоро санҷида, дар ҳолати надоштани ноқисиҳо бо истифодаи барномаи «Stock management» тугмачаи «Қабул карда шуд»-ро пахш намуда, файлҳои электронии шиносномаҳоро аз махзан қабул намоянд. Дар ҳолати пайдо гардидани шиносномаи нуқсондор дар барномаи «Stock management» тугмачаи “Нуқсондор”-ро пахш намуда, ё дар ҳолати гум шудани шиноснома дар барномаи «Stock management» тугмачаи “Гумшуда”-ро пахш намуда, баъд аз он файлҳои электронии шиносномаҳоро аз махзан қабул менамоянд.

  1. Ҳангоми аз ҷониби корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ нодуруст интихоб гардидани ҳолати шиносномаҳо (нуқсондор ё гумшуда), ки боиси дубора чоп шудани шиносномаҳо мегардад, маблағи шиносномаҳои дубора чопшуда аз ҳисоби корманди номбурда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
  2. Барои ба анҷом расонидани даври пурраи додани шиноснома корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба барномаи «GetID» даромада «Корти идентификатсионӣ»-ро интихоб менамояд. Дар охири равзанаи нав аз рӯи рақами шиноснома ё рақами аризаи электронӣ шиносномаро ба шаҳрванд месупорад. Ҳолатҳо вобаста ба мақсади муроҷиат:

1) ҳангоми аз ҷониби шаҳрванд қаблан гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ба даричаи «корти идентификатсионӣ» ворид шуда, пас аз он «мақсади муроҷиат» – «нав», сипас «намуди ҳуҷҷат» – «шиносномаи умумишаҳрвандӣ», дар сутуни «Навъи ҳуҷҷати пешниҳодшуда» – «Шиносномаи умумишаҳрвандӣ» дар тарафи рости сутуни «рақами ҳуҷҷати пешниҳодшуда» рақами шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ ва сипас тугмачаи «оғози бақайдгирӣ» пахш карда мешавад;

2) дар сурати аз ҷониби шаҳрванд қаблан гирифтани  шиносномаи намунаи соли 2014, ба даричаи «корти идентификатсионӣ» даромада, сипас «мақсади муроҷиат»-ҳои зерин ворид карда мешавад:

– ҳангоми муроҷиати такрорӣ (дар сурати иваз намудан, ба итмом расидани муҳлати шиносномаи намунаи соли 2014, шиносномаи намунаи соли 2014 корношоям гардидааст) – мақсади муроҷиат «Такрорӣ» интихоб карда мешавад. Навъи ҳуҷҷати пешнҳодшуда “Корти идентификатсионӣ” ва дар хоначаи рости рақами ҳуҷҷати пешниҳодшуда рақами шиносномаи намунаи соли 2014 навишта мешавад. Баъд аз пахши тугмачаи “Оғози бақайдгирӣ” дар ҷанбаҳои «Маълумоти маблағи пардохти шиноснома» ва «Ҳуҷҷатҳои асосшаванда» маълумоти нав ворид карда шуда, дар майдони «Шиносномаи умумишаҳрвандӣ» мутобиқи сархати якуми зербанди сеюми банди 104 Дастурамали мазкур маълумот дар бораи шиносномаи намунаи соли 2014-и қаблан додашуда пур карда шуда, акси шаҳрванд аз нав гирифта мешавад;

– дар сурати гум кардани шиносномаи намунаи соли 2014-и қаблан додашуда ё  шиносномаи намунаи соли 2014-и беэътибор  донисташуда,  мақсади муроҷиат «Ба ивази гумшуда» интихоб карда мешавад. Дар ҳолати рақам доштани шиносномаи намунаи соли 2014 барои навъи ҳуҷҷати пешнҳодшуда “Корти идентификатсионӣ” ва дар хоначаи рости рақами ҳуҷҷати пешниҳодшуда рақами шиносномаи намунаи соли 2014 навишта мешавад ва дар ҳолати надоштани рақам навъи ҳуҷҷати пешниҳодшуда ва рақами ҳуҷҷати пешниҳодшуда холӣ мемонад. Баъд аз пахши тугмачаи оғози бақайдгирӣ дар ҷанбаҳои «Маълумоти пардохти шиноснома» ва «Ҳуҷҷатҳои асосшаванда» маълумоти нав ворид карда шуда, дар майдони «Шиносномаи умумишаҳрвандӣ» мутобиқи сархати якуми зербанди сеюми банди 104 Дастурамали мазкур маълумот дар бораи шиносномаи намунаи соли 2014-и қаблан додашуда пур карда шуда, акси шаҳрванд аз нав гирифта мешавад;

– ҳангоми тағйири маълумот (насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд, вазъи оилавӣ ва дигар маълумот)  мақсади муроҷиат «Тағйири маълумот» интихоб карда мешавад. Навъи ҳуҷҷати пешниҳодшударо “Корти идентификатсионӣ” ва дар хоначаи рости рақами ҳуҷҷати пешниҳодшуда рақами шиносномаи намунаи соли 2014 навишта мешавад. Баъд аз пахши тугмачаи оғози бақайдгирӣ дар ҷанбаҳои «Маълумоти маблағи пардохти шиноснома» ва «Ҳуҷҷатҳои асосшаванда» маълумоти нав ворид карда шуда, дар майдони «Шиносномаи умумишаҳрвандӣ», мутобиқи сархати якуми зербанди сеюми банди 104 Дастурамали мазкур маълумот дар бораи шиносномаи намунаи соли 2014-и қаблан додашуда, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои тағйири маълумоти шахсӣ асос гаштаанд, пур карда мешаванд. Дар ҷанбаи «Маълумоти демографии шаҳрванд» мутобиқан маълумоти нави шахсие, ки тағйир дода шудааст, гузаронида мешаванд.

  1. Пас аз ворид намудани ҳамаи маълумоти шаҳрванд, ки дар барнома пешбинӣ шудааст, шакли 1 кушода мешавад, маълумоти он аз тарафи корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва шаҳрванд санҷида мешавад. Ҳангоми ошкор гардидани хатоиҳо ба маълумоти демографӣ ва дигар маълумоте, ки ба хатоиҳо роҳ дода шудааст, ислоҳ дароварда мешавад, ки дар шаклҳои 1 ва 1/1 ба таври автоматӣ ислоҳ мегардад. Баъди фиристодани файли электронӣ, дар асоси шакли 1/1 дар китоби шакли 2 нисбати шаҳрванд сутунҳои 2, 5, 6, 7 пур карда мешаванд. Ҳамзамон рақамҳои аризаҳои шакли 1/1 дар китоби шакли 2 барои ҳар рӯз, қатъӣ тибқи тартиби муайян, вобаста ба афзунёбӣ пур карда мешавад, мисол: 8950000010683, 9950000010683, 0060000068333.
  2. Асоснокӣ ва дурустии пур кардани шакли 1 бо имзои кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар майдони 20 шакли 1 баъди чоп кардани он тасдиқ карда мешавад, ки онҳо барои ворид кардани маълумоти аризадиҳанда, акс ва имзои шахсии ӯ ҷавобгар мебошанд. Шакли 1 ба баргадони муваққатӣ то ворид гардидани шиносномаи намунаи соли 2014-и тайёршуда ва супоридани он ба соҳибаш дохил карда мешавад.
  3. Оид ба ҳамаи ислоҳҳои ба шакли 1 воридкардашуда дар ҷойи холии тарафи дигари он сабт гузаронида шуда, бо имзои корманд ва муҳри хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо сабти дақиқи такрорӣ дар паҳлуи муҳр тасдиқ карда мешавад. Мисол: «Дар ҳошияи 15 ба ислоҳшуда: «шиносномаи № 3567825, санаи дода шудани он 24.09.2007» бовар карда шавад: имзо, муҳр.
  4. Муҳлати тайёркунии шиносномаи намунаи соли 2014 дар раёсати персонализатсия на зиёда аз 6 рўзи кориро ташкил медиҳад. Баъди тайёр шудани шиносномаи намунаи соли 2014 раёсати персонализатсия файли электронии дорои иттилооти омодасозии он мебошад, ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии дахлдор мефиристад.
  5. Дар мавриди муайян гаштани ҳолате, ки ҳангоми тайёр кардани шиносномаи намунаи соли 2014 нисбати шаҳрванди шиносномаашро ивазкунанда, ки қаблан ҳамчун гумкардашуда ё дуздидашуда муроҷиат намуда бошад, маълумот мавҷуд бошад ё ҳангоми дар махзани иттилоот мавҷуд будани маълумоте, ки бо маълумоти дар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахс мувофиқат накунад, раёсати персонализатсия тайёр намудани шиносномаи намунаи соли 2014-ро қатъ намуда, фавран ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки файли электрониро ба расмият даровардааст, ба воситаи хати электронӣ ё дигар воситаҳо хабар медиҳад.
  6. Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз раёсати персонализатсия хабарнома оид ба номувофиқатии маълумоти аз ҷониби шаҳрванд пешниҳодшударо қабул намуда, барои таъмини ҳозиршавии аризадиҳанда ва муайянсозии ҳолати ҷойдошта хабарномаи хаттӣ мефиристад ё бо дигар усулҳо чораандешӣ менамояд.
  7. Дар сурати ошкор шудани хатоӣ ва носаҳҳеҳиҳо дар файли электронии нисбати шаҳрванд аллакай фиристодашуда, то тайёр намудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба марказҳои иттилоотӣ ба таври фаврӣ оид ба хатоиҳои роҳдодашуда ва манъи фиристодани файли электронӣ ба раёсати персонализатсия хабар дода мешавад. Агар файли электронӣ нисбати шаҳрванд аллакай ба раёсати персонализатсия расида бошад, вале ҳанӯз шиноснома омода нашуда бошад, оид ба хатоиҳои роҳдодашуда ба таври фаврӣ ба раёсати персонализатсия тавассути телефон ё тариқи электронӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо, тавассути хадамоти почтавӣ хабар дода мешавад. Пас аз манъи фиристодани файлҳои электронӣ ба раёсати персонализатсия аз ҷониби марказҳои иттилоотӣ, тасдиқи гирифтани хабар оид ба манъи тайёр намудани шиносномаи намунаи соли 2014 аз ҷониби раёсати персонализатсия, ба шаҳрванд файли нави электронӣ, бо ислоҳнамоӣ, барои тайёр намудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба расмият дароварда мешавад.
  8. Дар сурати набудани алоқаи махзани иттилоотии автоматикии ҷойи кори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо барнома (махзан)-и раёсати персонализатсия ва дигар носозиҳо дар муддати зиёда аз 2 соат, аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба таври фаврӣ тавассути хати электронӣ ё дигар воситаҳои алоқа ба раёсати персонализатсия хабарнома (шакли 40) фиристода мешавад. Ба раёсати персонализатсия инчунин оид ба таъхири омодасозии шиносномаҳои намунаи соли 2014 ё дар бораи шиносномаҳои намунаи соли 2014-и сари вақт вориднагардида огоҳинома (шакли 41) ирсол карда мешавад.
  9. Хабарномаҳо ва огоҳиномаҳо дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар дафтари бақайдгирии хабарномаҳо ва огоҳиномаҳои шакли 42 ба қайд гирифта мешаванд. Хабарнома ё огоҳиномаҳои ба раёсати персонализатсия воридшаванда дар китоби бақайдгирии хабарномаҳо ва огоҳиномаҳо, ки аз хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ворид мегарданд, тибқи шакли 43 ба қайд гирифта мешаванд. Аз ҷониби раёсати персонализатсия дар муддати як шабонарӯз (фавран) барои муайян намудани сабабҳои набудани алоқа ё дигар носозиҳо ва таъмини бартарафсозии онҳо, ҳамчунин сабабҳои сари вақт омода ва дастрас нашудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чораҳо андешида мешавад. Аз натиҷаи санҷиши хабарнома ва огоҳиномаҳои воридшуда аз ҷониби раёсати персонализатсия бо огоҳномаҳои хаттӣ тариқи электронӣ ё дигар роҳҳои алоқа ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (ташаббускор) дар муҳлати се рӯзи корӣ хабар дода мешавад.
  10. Назоратии бартарафсозии носозиҳо дар низом (система), ҳамчунин омодасозии саривақтӣ ва сари вақт дастрас намудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба зиммаи сардори раёсати персонализатсия вогузор карда мешавад.
  11. Ҳангоми ба махзани иттилоотии автоматикии ҷойи кор дохил намудани маълумот дар бораи шаҳрванд, дар ҷанбаи дуюми «Ҳуҷҷатҳои асосшаванда» қабл аз пур кардани маълумот оид ба ҳуҷҷатҳо, рамзи яке аз онҳо ё баъди каср якчанд сабаби барои додан ё иваз намудани шиносномаи намунаи соли 2014 асосшаванда, нишон дода мешавад:

– рамзи «01» ҳангоми додани шиносномаи намунаи соли 2014 ба шаҳрвандоне, ки ба синни 16 (то синни 18) расидаанд, нишон дода шуда, маълумоти шаҳодатномаи таваллуд ворид карда мешавад;

– рамзи «02» ҳангоми бори аввал додани шиносномаи намунаи соли 2014 ба шахсони аз синни 18 боло нишон дода шуда, маълумоти шаҳодатномаи таваллуд ворид карда мешавад;

– рамзи «03» ҳангоми иваз кардани шиносномаҳои намунаи соли 1996 бо итмом расидани муҳлати он ё иваз намудани шиносномаҳои намунаи соли 1974 нишон дода шуда, маълумоти шиносномаи пештара ворид карда мешавад;

– рамзи «04» ҳангоми иваз намудани шиносномаи намунаи соли 2014-и муҳлати амалаш ба охиррасида нишон дода шуда, маълумот аз шиносномаи намунаи соли 2014-и ивазшаванда ворид карда мешавад;

– рамзи «05» ҳангоми гум кардан ё дуздида шудани шиносномаҳои намунаи соли 1996 ва намунаи соли 1974 нишон дода шуда, маълумоти шиносномаҳои гумшуда ворид карда мешавад. Ҳамзамон баъди чоп намудани шакли 1, дар ҳошияи 27 рақам ва санаи оғоз намудани парвандаи гум шудани шиноснома навишта гирифта мешавад;

– рамзи «06» ҳангоми гум кардан ё дуздида шудани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и нишон дода шуда, маълумоти шиносномаи намунаи соли 2014-и аз эътибор соқитшуда ворид карда мешавад. Дар ин сурат, баъди чоп карда шудани шакли 1, дар ҳошияи 27 рақам ва санаи оғоз намудани парванда оид ба гум шудани шиносномаи намунаи соли 2014 навишта гирифта мешавад;

– рамзи «07» дар сурати корношоям гаштани шиносномаҳо барои истифода (вайрон гаштан, фарсудагӣ) нишон дода шуда, маълумоти шиносномаи корношоям ва баъди чопи шакли 1, дар ҳошияи 27 оид ба гузаронидани санҷиши ин ҳолатҳо (агар гузаронида шуда бошад) қайд карда мешавад;

– рамзи «08» ҳангоми иваз намудани насаб, ном ва номи падар нишон дода шуда, маълумоти шиносномаи пештара ва вобаста аз вазъияти тағйирёфта, мутобиқан маълумоти шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи бекор намудани ақди никоҳ, шаҳодатномаи иваз намудани насаб, ном ва номи падар, шаҳодатномаи таваллуди такрорӣ додашуда гузаронида мешавад;

– рамзи «09» ҳангоми иваз намудани насаб, ном ва номи падар мутобиқи анъанаҳои миллӣ нишон дода шуда, маълумоти шиносномаи пештара, шаҳодатномаи таваллуди такрорӣ додашуда гузаронида мешавад;

– рамзи «10» ҳангоми тағйирот, ислоҳдарорӣ, илованамоӣ, барқароркунии маълумоти шахсӣ (насаб, ном, номи падар, сана ва ҷойи таваллуд ва дигар маълумот) нишон дода мешавад. Маълумоти шиносномаи пештара, шаҳодатномаҳои мақомоти САҲШ ва дигар ҳуҷҷатҳо гузаронида мешаванд. Дар ин маврид дар ҳошияи 27 пас аз чоп шудани шакли 1 рақам ва санаи хулоса дастӣ пур карда мешавад;

– рамзи «11» ҳангоми ошкор гардидани носаҳеҳӣ, хатоӣ, сохтакориҳо нишон дода шуда, маълумоти шиносномаи пештара гузаронида мешавад. Дар ин сурат дар ҳошияи 27 баъди чопи шакли 1 сабабҳои иваз намудани шиноснома, рақам ва санаи хулоса (агар хулоса бароварда шуда бошад) мухтасар навишта ме шавад;

– рамзи «12» дар сурати ислоҳи мансубияти ҷинс ё ислоҳи тарҳи рўй ин маълумот нишон дода шуда, маълумоти шиносномаи пештара гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат дар ҳошияи 27 баъди чопи шакли 1 рақами маълумотнома ва санаи дода шудани он қайд карда мешавад. Ҳангоми тағйири тарҳи рӯй ҳамчунин протоколи айниятдиҳии шахсияти шаҳрванд тибқи шакли 31 (агар протокол тартиб дода шуда бошад) сабт мешавад. Дар вақти тағйирдарории тааллуқияти ҷинсӣ, инчунин рақам ва санаи хулоса навишта мешавад;

– рамзи «13» ҳангоми додани шиноснома ба шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул ё барқарор намудаанд, нишон дода мешавад. Дар ин сурат дар ҳошияи 27 баъди чопи шакли 1 маълумоти маълумотнома (рақам, санаи дода шудан, мақомоте, ки онро додааст), инчунин шаҳрвандии пештара ва таърихи қабул намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад;

– рамзи «14» ҳангоми иваз намудани ҷойи истиқомат аз ҷониби аризадиҳанда, вақте имконияти часпонидани варақаи худчасп бо бақайдгирии нав вуҷуд надорад, маълумоти шиносномаи пештара навишта мешавад;

– рамзи «15» ҳангоми муроҷиати аризадиҳандагон оид ба иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 нишон дода шуда, новобаста аз муҳлати амали он маълумоти шиносномаи пештара гузаронида мешавад;

– рамзи «16» ҳангоми гирифтани шиноснома аз ҷониби шахсони аз ҷойи маҳрумӣ аз озодӣ баромада, ки шиноснома надоранд, нишон дода шуда, маълумоти шиносномаи гумшуда ва маълумотномаи озодшавӣ ворид карда мешавад. Ба шахсоне, ки то вақти маҳкумшавиашон шиноснома нагирифта бошанд, маълумоти шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаҳои падару модар гузаронида мешаванд. Баъди чопи шакли 1 дар ҳошияи 27 мутобиқан рақам ва санаи оғози парванда оид ба гум шудани шиноснома ё рақам ва санаи хулоса оид ба муқаррарнамоии шахсият қайд карда мешавад;

– рамзи «17» ҳангоми шиносномаи намунаи соли 2014 гирифтани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз хориҷи кишвар барои истиқомати доимӣ ба ҷумҳурӣ омадааст, нишон дода мешавад.

  1. Баъди каср рамзҳои якчанд асосҳо барои гирифтани шиноснома нишон дода мешавад. Мисол: ҳангоми иваз намудани шиноснома бо сабаби ба итмом расидани муҳлати амали он ва дар як вақт иваз намудани насаб аз рӯи издивоҷ нишон дода мешавад -«04/08».

 

6.ТАРТИБИ ДОДАН ВА ИВАЗ НАМУДАНИ ШИНОСНОМАҲО БА БАЪЗЕ ГУРӮҲИ ШАҲРВАНДОН

 

  1. Ҳангоми қабул намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд маълумотнома оид ба қабули шаҳрвандӣ ё барқарор намудани он, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдор, бо имзо ва муҳри шахси мансабдор тасдиқшуда, инчунин ҳуҷҷатҳо (нусхаи шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ҳуҷҷати зист, шаҳодатдиҳандаи шахсияти шаҳрванд, дорои маълумоти шахсии ӯ (насаб, ном ва номи падар), сана ва ҷойи таваллуд) ва дигар маълумоти зарурӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014 дар ҳошияи 27-уми шакли 1 маълумоти маълумотнома (рақам, санаи дода шудан, мақомоте, ки онро додааст), шаҳрвандии қаблии аризадиҳанда, таърихи қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқароршавӣ нишон дода мешавад. Нусхаи маълумотномаҳо дар шакли 1 ҳамроҳ карда шуда, маълумотнома бо нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти аризадиҳандаро тасдиқ менамоянд, дар парвандаи номенклатуравӣ дӯхта шуда, муҳлати нигоҳдории он 10 солро ташкил медиҳад.
  2. Ба шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ба ватан бозгаштан (репатриатсия шудан) ва ҳамчун муҳоҷири иҷборӣ баргашта омадаанд, шиносномаи намунаи соли 2014 аз ҷойи истиқомат ё аз рӯи маҳалли будубош дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, дода мешавад. Ҳамзамон тавассути бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, марказҳои иттилоотӣ санҷиши зарурӣ гузаронида шуда, шахсияти аризадиҳандагон аз рӯи шакли 1 муайян карда мешавад, ба кишварҳое, ки аз он ҷо аризадиҳандагон омадаанд, дархост оид ба асосҳои гирифтани шаҳрвандии ин давлатҳо ва мавҷудияти маводи доғдоркунанда ирсол карда мешавад. Дар ҳошияи 27 шакли 1 кай ва аз кадом кишвар барои истиқомат баргаштани шахсони зикргардида нишон дода мешавад.
  3. Додани шиносномаи намунаи соли 2014 ба кӯдакони ятим, бепарастороне, ки ба синни 16 расидаанд, таҳти парасторӣ ё дар тарбияи муассисаҳои махсусгардонидашуда қарор доранд, новобаста аз шакли моликият, аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли ҷойгиршавии ин муассисаҳо амалӣ карда мешавад.
  4. Ба шаҳрвандоне, ки муддати дароз дар хона-интернатҳои барои афроди танҳо, пиронсолон, маъюбон ё муассисаҳое, ки дар он ҷо бемориҳои рӯҳидошта қарор доранду дар ин муассисаҳо аз рӯи маҳалли будубош ба қайд гирифта шудаанд, инчунин ба шаҳрвандони қобилияташон маҳдуд, ки ҳозир шуда наметавонанд, додан ва иваз намудани шиносномаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки дорои дастгоҳҳои сайёр мебошанд (шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт) аз маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур, дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби маъмурияти ин муассисаҳо пешниҳод шудаанд, амалӣ карда мешавад. Дар ин сурат, шиносномаи намунаи соли 2014 бо барасмиятдарории бақайдгирӣ дар дафтари ҳавлӣ ё варақаҳои бақайдгирӣ дода мешаванд.
  5. Ба шаҳрвандоне, ки тибқи қонунгузории муқарраршуда ғайри қобили амал дониста шудаанд, ҳуҷҷатҳои барои гирифтан ва иваз намудани шиносномаи онҳоро намояндагони қонуниашон пешниҳод менамоянд. Дар сурате, ки шахси ғайри қобили амал донисташуда имзо карда натавонад, дар шиносномаи намунаи соли 2014 мутобиқи сархатҳои зербанди панҷуми банди 104 Дастурамали мазкур навиштаҷоти дахлдор ворид карда мешавад. Ҳангоми гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 намояндагони қонунии шаҳрвандони ғайри қобили амал дар ҳошияҳои 18, 32-и шакли 1 имзои худро мегузоранд, дар ҳошияи 27-и шакли 1 сабти дахлдор навишта шуда, маълумот дар бораи шахсияти қабулкунандагони ҳуҷҷат (насаб, ном, номи падар, соли таваллуд) ва маълумотномаҳои шиносномаи онҳо ишора карда мешавад.
  6. Шиносномаи намунаи соли 2014 ба шахсони аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ баромада, ки то замони маҳкум шуданашон шиноснома надоштанд, ё муҳлати амали шиносномаашон гузашта бошад, дар асоси маълумотномаи озод шудани шакли муқарраргардида, ки дар он ҷойи истиқомат ё маҳалли будубошашон нишон дода шудааст, дода ё иваз карда мешавад.
  7. Агар шахси аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озодгардида ба ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош омада, оид ба гум кардани маълумотномаи озод шуданаш муроҷиат намояд, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ нусхаи дуюми маълумотномаи озод шуданашро талаб менамояд. Ба дархост ду акси аризадиҳанда замима карда мешавад.
  8. Агар нусхаи маълумотномаи озод шудан ба дигар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ирсол карда шуда бошад, маъмурияти муассисаи ислоҳӣ оид ба ин ба дархосткунанда барои талаб намудани нусхаи дуюм аз хадамоти шиносномавию бақайдгирии мазкур хабар медиҳад. Дар ҳолати аз нусхаи дуюми маълумотномаи озод шудан маълум гардад, ки аризадиҳанда ба маҳалли дар маълумотномаи озод шудан нишондодашуда нарафтааст, ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалле, ки бояд барои истиқомат ё будубош ҳозир мешуд, бо мақсади муайян намудани дода шудан ё нашудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба ӯ пас аз озодшавӣ дархост фиристода мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ нисбати шахсоне, ки аз ҷойи маҳрумӣ аз озодӣ озод гаштаанд, ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, марказҳои иттилоотӣ ва ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли истиқомати пештараи онҳо, барои муайян намудани аз ҷониби онҳо гирифта шудани шиноснома дархост ирсол карда мешавад. Ба шахсони аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ баромада, ки шиносномаашон қабл аз маҳкумшавӣ гирифта, дар парвандаҳои шахсиашон ҳамроҳ карда нашудааст, инчунин аз ҷониби онҳо ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош шиноснома пешниҳод нашуда, оид ба он дар маълумотномаи озодшавӣ нишон дода шуда бошад, додани шиносномаи намунаи соли 2014 бо тартиби иваз намудани шиносномаҳои гумшуда амалӣ карда мешавад. Истеҳсолоти парвандаҳои гум шудани шиносномаҳо бояд дар муддати на камтар аз 10 рӯз анҷом дода шаванд.
  9. Шахсоне, ки қабл аз маҳкум шуданашон шиноснома нагирифтаанд, барои муайян намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштанашон шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаҳои падару модарашонро пешниҳод менамоянд. Мутобиқи банди 36 Дастурамали мазкур фавран санҷиши шахсият гузаронида мешавад. Ҳангоми пешниҳод намудани шаҳодатномаи таваллуди такрорӣ, нусхаи сабти санадии таваллуд дархост карда мешавад. Дар маълумотномаҳои озодшавӣ ҳатман оид ба мавҷуд будан ё набудани варақаи иҷроия, ки бо муҳри муассисаи ислоҳӣ тасдиқ мешавад, бояд дарҷ карда навад. Ҳангоми додани шиносномаи намунаи соли 2014 ба шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ омадаанд, дар маълумотномаи озодшавӣ муҳри шакли 3 гузошта шуда, реквизитҳои онҳо пур карда мешаванд.
  10. Агар шаҳрвандон барои саркашӣ аз пардохти алимент маҳкум шуда бошанд ё дар маълумотномаи озодшавиашон навиштаҷоти «Барои пардохти алимент уҳдадор аст» сабт ёфта бошад, дар ҳошияи 27-и шакли 1 навиштаҷоти мазкур гузаронида мешавад.
  11. Шахсони бе ҷойи истиқомати муайян, шахсони дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳое, ки бе шиноснома ё шиносномаи муҳлаташ гузашта нигоҳ дошта мешаванд, аз хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли ҷойгиршавии қабулгоҳ-таҳвилгоҳҳо бо қайди ҷойи истиқомат ва ба муҳлати нигоҳдориашон дар муассисаҳои мазкур шиносномаи намунаи соли 2014 мегиранд. Барои барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014 ба чунин шахсон аз ҷониби маъмурияти қабулгоҳ-таҳвилгоҳ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли ҷойгиршавӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– дархост оид ба додани шиносномаи намунаи соли 2014 ба шахсе, ки дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳ бе шиноснома нигоҳ дошта мешавад, бо бақайдгирии ӯ аз рӯи маҳалли будубош ва нишон додани муҳлати он;

– парванда бо маводи айнияткунонии шахсият, аз ҷумла бо нусхаи шакли 1 ва натиҷаҳои санҷиш тибқи қайдҳои оперативӣ ва криминалистӣ, қайдҳои бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ва марказҳои иттилоотӣ, ки пас аз шиносоӣ бо онҳо ва гирифтани нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳ баргардонида мешаванд;

– расид оид ба пардохти маблағи хироҷ барои додани шиносномаи намунаи соли 2014.

  1. Барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014 ба шахсоне, ки қаблан шиноснома доштанд, тибқи тартиби додани шиносномаҳои ба ивази гумшуда, ки Дастурамали мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад. Барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014 ба шахсоне, ки бори аввал шиноснома мегиранд, бо тартиби дар Дастурамали мазкур пешбинишуда, ҳангоми додани шиноснома ба шаҳрвандони аз синни 18 боло амалӣ карда мешавад.

 

  1. ТАРТИБИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАҲО БАР ИВАЗИ ШИНОСНОМАИ ГУМШУДА

 

  1. Шаҳрвандоне, ки шиносномоҳояшонро гум кардаанд, ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли истиқомат ё маҳалли будубош муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

– аризаи хаттӣ бо нишон додани дар куҷо, кай ва дар кадом ҳолат гум кардани шиноснома;

– дафтари ҳавлӣ;

– нусхаҳои варақаҳои бақайдгирӣ ё азқайдбарорӣ аз рӯи китоби хоҷагидорӣ;

– се дона акси андозааш 3х4.

  1. Ҳангоми гум кардани шиноснома зимни кӯчидан ба ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши нав, аризаи шаҳрвандон оид ба гум намудани шиноснома аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирии ҷойи истиқомати нав қабул карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки шиносномаи намунаи соли 1974-и собиқ ИҶШС-ро гум кардаанд, вобаста аз ҳолатҳои мушаххас, иловатан ҳуҷҷатҳои пешбинишудаи банди 54 Дастурамали мазкурро пешниҳод менамоянд ва нисбати онҳо санҷиши пешбинишудаи банди 36 Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.
  2. Ҳангоми дуздида шудани шиноснома аризаҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони қисмҳои навбатдории мақомоти корҳои дохилии маҳалли содиршавии ҷиноят ё ҷойи истиқомати шаҳрванд қабул карда мешавад. Оид ба қабули чунин аризаҳо ба шаҳрвандон маълумотномаи намунаи муқарраршуда (бо ҳатмӣ нишон додани рақами қайди китоби бақайдгирии ҷиноятҳо) дода мешавад, ки дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои кушодани парвандаи гум шудани шиноснома (шакли 6) ҳамчун асос ҳисоб мешавад.
  3. Аризаи гум кардан (дуздида шудан)-и шиноснома бо тартиби дар мақомоти корҳои дохилӣ муқарраргардида ба қайд гирифта мешавад.
  4. Дар асоси ариза парвандаи гум кардани шиноснома (шакли 6) оғоз карда шуда, минбаъд ҳамаи маводи дахлдори он: аризаи гум кардани шиноснома, маълумотнома дар бораи аризадиҳанда оид ба гум шудани шиноснома (тартиб додани маълумотнома аз рӯи шакли 6 – тарафи чапи дохилии саҳифаи болои парванда), нусхаи шакли 1, нусхаи ҳуҷҷатҳои дигар ҷамъ карда мешаванд.
  5. Парвандаҳо дар дафтари бақайдгирии шиносномаҳои гумшуда (шакли 24) ба қайд гирифта мешаванд. Парвандаҳо бо тартиби шуморавӣ – рақамҳои бақайдгирии ариза, махраҷӣ – рақамҳои тартибии парвандаҳо, ки дар дафтари шакли 24-и дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар соли ҷорӣ ба қайд гирифташуда, рақамгузорӣ карда мешаванд.
  6. Пешбурди парвандаҳои шиносномаҳои гумшуда бояд дар муҳлати як моҳи аз рӯзи супоридани ҳуҷҷатҳои лозима ба охир расонида шаванд. Дар сурати зарурати баррасии иловагӣ (фиристодани дархостҳо ба дигар кишварҳо ё гузаронидани санҷиши махсус) муҳлати додани шиносномаи намунаи соли 2014 аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинони ӯ ба муҳлати як моҳ метавонад тамдид карда шавад, ки оид ба он ба аризадиҳанда хабар дода мешавад.
  7. Шаҳрванде, ки барои гум шудани шиносномааш муроҷиат намудааст, аз рӯи қайдҳои бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, марказҳои иттилоотӣ ва раёсати персонализатсия санҷида мешавад.
  8. Дар сурати ворид гардидани аризаи гум кардани шиноснома ба мақомоти корҳои дохилие, ки шиносномаи гумшударо ба расмият даровардааст, ба парванда нусхаи шакли 1-и шиносномаи гумшуда дӯхта мешавад, ҳамзамон ҳамаи маълумоти дар аризаи шакли 1 нишондодашуда, айнияти аксҳо муқоиса карда шуда, варақаи аслии шакли 1 бо қайди гум кардан (рақами парванда, санаи оғоз намудани он) ба баргадони амалкунанда дохил карда мешавад.
  9. Агар шиносномаи гумшударо мақомоти корҳои дохилие қабул намояд, ки ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши аризадиҳанда набошад, ба мақомоти корҳои дохилии ҷойи дода шудани шиноснома на дертар аз рӯзи ояндаи баъди ворид гардидани ариза барои гирифтани маълумот дар бораи шахсият ва тасдиқи айнияти шахси дар акс ва дар шакли 1 инъикосёфта, дархости шакли 7 бо замимаи акси аризадиҳанда барои тасдиқи дода шудани шиноснома ба шахси зикргардида фиристода мешавад.
  10. Маълумоти дар дархостҳо нишон додашуда, аксҳои ба он замимашуда бо маълумот ва аксҳои шакли 1 муқоиса карда шуда, инчунин аз рӯи қайдҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ санҷида мешавад. Аз натиҷаи санҷиш ба дархосткунанда на дертар аз се рӯз тибқи шакли 8 бо замимаи нусхаи шакли 1, ки бо муҳри хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тасдиқ шудааст, бо тасдиқи ҳатмии айнияти симои шахси дар шакли 7 ва шакли 1 аксёфта мактуби ҷавобӣ ирсол карда мешавад.
  11. Ҳангоми муқоисаи аксҳо, агар айнияти шахси аксёфта муайян карда нашавад ё нисбати соҳиби шиноснома маълумоти дар дархостҳо ва шакли 1 нишондодашуда мувофиқат накунанд, ба ташаббускори дархост, барои андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати муайян намудани шахсияти аризадиҳанда ва сабаби фарқияти он хабар дода мешавад.
  12. Дар ҳошияи 27-и варақаи аслии шакли 1-и шиносномаи намунаи соли 2014 ва дар саҳифаи «Қайдҳои хизматӣ»-и шакли 1-и шиносномаи намунаи соли 1996 кай гум шудани шиноснома, аз ҷониби кадом мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият дароварда шудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба ивази шиносномаи гумшуда, рақами парвандаи гум намудани шиноснома нишон дода мешавад, ки пас аз он шакли 1 ба баргадони амалкунанда гузошта мешавад.
  13. Оид ба гум шудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба раёсати персонализатсия барои аз эътибор соқит намудани он огоҳинома (шакли 38) фиристода мешавад.
  14. Ҳангоми мавҷуд набудани варақаи аслии шакли 1 дар баргадони ҷойи додани шиносномаи намунаи соли 2014, шакли 1 дар ду нусха, пас аз ворид намудани маълумот нисбати дархосткунанда ба махзани иттилооти ҷойи кори автоматикунонидашудаи хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, барои ворид намудани нусхаи якум ба баргадон ва фиристодани нусхаи дуюм ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии дархосткунанда, чоп карда мешавад. Дар ҳолати дар баргадон мавҷуд набудани шакли 1 бо шиносномаи намунаи соли 1996 ва ғайриимкон будани тасдиқи шахсияти шаҳрванд, шахсияти шаҳрванд мутобиқи бандҳои 36 ва 39 Дастурамали мазкур муайян карда мешавад. Додани шиноснома тибқи китоби шакли 2 амалӣ карда мешавад.
  15. Шаҳрвандоне, ки аз ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши пештара аз қайд баромада, ба ҷойи истиқомати доимии нав омада, агар шиносномаашонро то вақти барасмиятдарории бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши нав гум карда бошанд, ба онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат ва будубоши нав шиноснома ба ивази шиносномаи гумшуда дода мешавад, агар шаҳрванд барои бақайдгирӣ асоси қонунӣ дошта бошад. Санҷиши шахсияти шахсони зикргардида ҳамчунин аз ҷойи истиқомат (маҳалли будубош)-и пештара тибқи тартиби муқарраршудаи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.
  16. Агар аризадиҳанда аз ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши пештара аз қайд бароварда нашуда бошад, ӯ аризаи азқайдбарорӣ (шакли 49) бо нишон додани ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши нав пешниҳод менамояд, ки ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли бақайдгирӣ фиристода мешавад. Ҳамзамон дар дархости азқайдбарорӣ (шакли 48) нишон дода мешавад, ки шиноснома (силсила, рақам, санаи дода шудан ва мақомоте, ки шиносномаро додааст) гум шудааст.
  17. Ҳангоми тасдиқ гардидани далели дода шудани шиносномаи гумшуда ба аризадиҳанда муайян намудани шахсият ва тасдиқи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани ӯ аз ҷониби сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ хулоса оид ба додани шиносномаи намунаи соли 2014 ба ивази гумшуда (шакли 6) бароварда мешавад, ки онро сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинони он тасдиқ менамоянд.
  18. Агар шиносномаҳои гумшуда (дуздидашуда) то вақти маҳкам намудани парвандаи гум шудан ва барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014-и нав ёфт шаванд, парвандаҳои гум шудан қатъ карда шуда, оид ба он дар парванда қайд карда мешавад. Дар мавриди гум шудани шиносномаи намунаи соли 2014 ба раёсати персонализатсия оид ба ёфт шудани он хабарнома фиристода шуда, шиносномаи ёфтшуда ба соҳибаш супорида мешавад.
  19. Дар сурате, ки агар файли электронӣ ба истеҳсолот аллакай фиристода шуда бошад, шиносномаҳои намунаи соли 2014-и ёфтшуда гирифта шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур дар асоси санад нобуд карда мешаванд.
  20. Ҳамаи шиносномаҳои ёфтшуда бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шаванд. Инчунин шиносномаҳои шахсони бедарак ғоиб эътирофшудае, ки дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба муддати як соли аз вақти супоридан нигоҳ дошта мешаванд, ба мақомоти корҳои дохилӣ бояд супорида шаванд, сипас дар асоси санад, агар ҷойи будубоши соҳиби он муайян нагардида бошад, нобуд карда мешаванд. Шиносномаҳои дар хориҷи кишвар ёфтшуда ба намояндагиҳои дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фиристодани онҳо ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд, ки онҳо минбаъд ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 198 Дастурамали мазкур фиристода мешаванд.
  21. Ҳангоми ворид гардидани шиносномаҳои ёфтшуда сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ уҳдадор аст:

– шиносномаро ба соҳибаш супорад, агар ӯ дар ҳудуди хизматрасонӣ ба қайд гирифта шуда, парванда оид ба гум шудан оғоз карда нашуда бошад;

– шиносномаро ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли қайди соҳиби он фиристад;

– дар сурати набудани бақайдгирӣ дар шиноснома шиносномаро ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли дода шудани он фиристад;

– оид ба ёфт шудани шиноснома ба раёсати персонализатсия хабарномаи шакли 39 фиристад.

  1. Шахсоне, ки барои гум гаштани шиноснома гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

 

  1. БАҚАЙДГИРИИ ШАХСОНИ ДОҒИ СУДИДОШТА

 

  1. Шахсони доғи судидошта ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 ё бақайдгирӣ дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз рӯи варақаҳои қайдӣ ва бақайдгирии шахсони доғи судидошта тибқи шакли 21 (минбаъд – варақаҳо барои шахсони доғи судидошта) ба қайд гирифта мешаванд. Ҳамзамон нисбати онҳо дар ду нусха гузоришҳои бақайдгирии шахсони доғи судидошта (шакли 22) тартиб дода мешавад. Ҳангоми додани шиносномаи намунаи соли 2014 ба шахсони зикргардида дар шакли 1 ва дар вақти бақайдгирии онҳо дар тарафи рости кунҷи болои варақаҳои суроғавии омад (шакли 16) қайди шартӣ дар намуди рақами «21» гузошта мешавад.
  2. Маълумоти доғи судӣ ба ин ҳуҷҷатҳои қайдӣ дар асоси маълумотномаи озодшавӣ гузаронида мешавад, дар сурати гум кардани он, нусхаи дуюми маълумотномаи озодшавӣ аз муассисаҳои ислоҳӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур дархост карда мешавад.
  3. Дар варақаҳои бақайдгирии шахсони доғи судидошта ва гузоришҳои шакли 22 қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

– оид ба назоратбарии маъмурӣ нисбати шахсоне, ки дар маълумотномаҳои озодшавиашон сабти «Бояд аз рўи ҷойи истиқомат ҳуҷҷатгузорӣ шаванд» доранд;

– «Ҷинояткори махсусан хавфнок» дар қисмати чапи кунҷи боло нисбати шахсоне, ки дар маълумотномаҳои озодшавиашон чунин сабт бошад.

  1. Гузоришҳои шакли 22 на дертар аз рӯзи дигари пас аз бақайдгирии шахсони доғи судидошта ба сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинони ӯ расонида шуда, бо гирифтани дастхат дар варақаҳои шахсони доғи судидошта ба воҳидҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва кофтукови ҷиноятӣ супорида мешаванд.
  2. Варақаҳои бақайдгирии шахсони доғи судидошта дар баргадони шахсони доғи судидоштаи хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо тартиби алифбоӣ аз рӯи насаб, ном ва номи падар нигоҳ дошта мешаванд. Ба муваққатан гирифтани варақаҳо барои пур кардани дархост ва гирифтани нусхаи он иҷозат дода мешавад. Ба кормандони дигар хадамот додани варақаҳо ва бо дархост фиристодани онҳо манъ мебошад.
  3. Нисбати шахсони доғи судидоштае, ки аз рӯи иҷроварақаҳо қарздоранд, дар муҳлати на дертар аз се рӯзи баъди бақайдгирӣ ба судҳое, ки ба суроғаашон, тибқи маълумотномаи озодшавӣ иҷроварақаҳо фиристода шудаанд, хабарнома фиристода шуда, нусхаи он ба шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқие, ки ба фоидаи онҳо қарз рўёнида мешавад, ирсол карда мешавад, оид ба ин дар варақаҳои қайди шахсони доғи судидошта қайдҳои дахлдор гузаронида мешавад.
  4. Шахсони доғи судидошта ва дар қайд гузошташуда дар шаш моҳ як маротиба тавассути марказҳои иттилоотӣ ва бюрои суроғавию маълумотдиҳӣ санҷида шуда, санҷишҳо ба варақаҳои шахсони доғи судидошта ҳамроҳ карда мешаванд.
  5. Ҳангоми аз қайд баровардани шахсони доғи судидошта, инчунин дар мавриди бардошта шудани доғи судӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаҳои бақайдгирии шахсонии доғи судидошта аз баргадони амалкунанда гирифта шуда, дар алоҳидагӣ ба муҳлати 5 сол нигоҳ дошта мешаванд. Баъди ба охир расидани муҳлати зикргардида ин варақаҳо нобуд карда мешаванд.

 

  1. БАҲИСОБГИРӢ, НИГОҲДОРӢ, ГИРИФТАН ВА НОБУДСОЗИИ ШИНОСНОМАҲО, ВАРАҚАҲОИ ИЛОВАГӢ

 

  1. Баҳисобгирии шиносномаҳои намунаи соли 2014-и додашуда бо таври мутамарказ бо тартиби автоматикунонидашуда дар ҳомили электронии раёсати персонализатсия амалӣ карда мешаванд.
  2. Баҳисобгирии шиносномаҳои намунаи соли 2014-и додашуда аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ бо тартиби автоматикунонидашуда дар махзани иттилоотии ҷойи кор дар ҳомили электронӣ ва дар китоби шакли 2 амалӣ карда мешавад.
  3. Бланкҳои шиносномаҳои намунаи соли 2014 ва шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёршуда ҳуҷҷатҳои дорои ҳисоботи қатъӣ ҳисобида шуда, дар раёсати персонализатсия ва хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ – дар ҷевонҳои оҳанин ё ҷевонҳои ба оташ тобовари ҳуҷраҳои алоҳида бо қулфу тирезаҳои мустаҳкам ва панҷараҳои ҳимояшаванда нигоҳ дошта мешаванд. Ҳуҷраҳои корӣ (бино) бояд бо дастгоҳи садодиҳандаи муҳофизавию бехатарӣ аз сӯхтор таҷҳизонида шуда, асбобҳои оташхомӯшкунӣ дошта бошанд. Нигоҳдории варақаҳои иловагӣ дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тибқи тартиби барои нигоҳдории шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёрбуда муқарраргардида амалӣ карда мешавад. Дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва раёсати персонализатсия дар вақтҳои ғайрикорӣ ҳуҷра ва утоқҳо бояд таҳти назорати кормандони милитсия қарор дошта ё бо дастгоҳҳои садодиҳандаи муҳофизавию зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз шуда бошанд.
  4. Пас аз анҷоми вақти корӣ ҷевонҳои оҳанин муҳр зада мешаванд.
  5. Барои ворид шудан ба ҳуҷра ва утоқҳои корӣ корманде иҷозат дорад, ки ба зиммаи ӯ бақайдгирӣ ва нигоҳдории бланкҳои шиносномаи намунаи соли 2014 ва шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёршуда вогузор шудааст, инчунин сардори бевосита ва кормандоне, ки вазъи нигоҳдорӣ ва бақайдгирии бланкҳоро назорат мебаранд, дар ҳузури корманди масъул барои нигоҳдории бланкҳо иҷозат дода шудааст.
  6. Масъулияти бақайдгирӣ ва нигоҳдории бланкҳои шиносномаи намунаи соли 2014 ва шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёршуда ба зиммаи сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, раёсати персонализатсия, инчунин ба шахсоне, ки бевосита ба бақайдгирӣ ва нигоҳдории он сару кор доранд, вогузор шудааст.
  7. Бланкҳои шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёр ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дар асоси борхатҳои додугирифт расонида мешавад. Феҳристи ҳуҷҷатҳо дар китобҳои раёсати персонализатсия ба қайд гирифта мешаванд, ки рақамҳои он аз рӯи рақамҳои феҳрист навишта мешавад. Дар феҳристҳо рақами шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёр қатъиян мураттаб нишон дода мешаванд.
  8. Кормандоне, ки интиқоли шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёрбуда ба онҳо бовар карда шудааст, огоҳонида мешаванд, ки ҳангоми гирифтан уҳдадоранд фавран ба ҷойи таъиншуда раванд, ба шахсони дигар додани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёр, иҷро намудани дигар супоришҳо, аз ҷумла хусусияти хизматидошта низ манъ мебошад. Интиқоли шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёр ба кормандоне, ки бо воситаи нақлиёт таъмин нестанд, иҷозат дода намешавад.
  9. Ҳангоми ворид гардидани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёр аз раёсати персонализатсия аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ вазъу ҳолат ва пуррагии бастаҳо, муҳри он (агар онҳо бастабандӣ шуда бошанд), мувофиқати миқдори бланкҳои баста бо миқдори дар феҳристи ҳамроҳикунанда нишондодашуда санҷида мешавад. Ҳангоми дар бутунӣ ё дар муҳри бастаҳо ошкор намудани вайрониҳо аз ҷониби комиссияи воҳиде, ки бақайдгирӣ ва нигоҳдории онҳоро амалӣ месозад, бастаҳо кушода шуда, ҳар як бланки шиносномаи намунаи соли 2014 дар алоҳидагӣ санҷида мешавад, дар ҳолати зарурӣ санад тартиб дода мешавад. Баъди азназаргузаронии шиносномаҳои намунаи соли 2014 дар сурати ошкор нашудани камомад ва дар бланкҳо набудани нуқсон маълумоти шиносномаҳои намунаи соли 2014 дар сутунҳои 3, 4 китоби шакли 2 ба маълумоти нисбати шаҳрванд қаблан сабтшуда аз рӯи шакли 1/1 мутобиқи банди 104 Дастурамали мазкур навишта мешавад.
  10. Ҳангоми аз ҷониби раёсати персонализатсия ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дастрас карда шудани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и бастабандинашуда шиносномаҳои намунаи соли 2014 бо феҳристе, ки дар он кормандони масъули раёсати персонализатсия оид ба интиқоли шиносномаҳои намунаи соли 2014 ва кормандони масъули хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои қабули шиносномаҳои намунаи соли 2014 имзо гузоштаанд, муқоиса карда мешаванд. Як нусхаи он ба раёсати персонализатсия баргардонида шуда, нусхаи дуюм дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ меистад. Феҳристҳо ба парванда дӯхта мешаванд. Баъди азназаргузаронии шиносномаҳои намунаи соли 2014, дар сурати ошкор нашудани камомад ва дар бланкҳо набудани нуқсон, маълумоти шиносномаҳои намунаи соли 2014 дар сутунҳои 3, 4, 8 китоби шакли 2 ба маълумоти нисбати шаҳрванд қаблан сабтшуда аз рӯи шакли 1/1 мутобиқи банди 104 Дастурамали мазкур навишта мешаванд.
  11. Ҳангоми ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ворид гардидани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёр ва баъди кушодани бастаҳо ошкор намудани камомади шиносномаҳои намунаи соли 2014, такрорӣ омода шудани шиносномаҳои намунаи соли 2014, бланкҳои нуқсондор, инчунин иштибоҳан ворид гардидани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и барои дигар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пешбинишуда, дар ду нусха санад оид ба баргардонидани шиносномаи намунаи соли 2014 (шакли 45) тартиб дода шуда, аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинонаш тасдиқ карда мешавад. Нусхаи аввали санад бо замимаи нусхаи феҳристҳо ва бланкҳои шиносномаҳои бозпасшаванда аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба раёсати персонализатсия ирсол карда мешавад. Нусхаи дуюми санад бо феҳристҳо ба парванда дӯхта мешавад.
  12. Раёсати персонализатсия зимни гирифтани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и иштибоҳан воридгашта, ки барои дигар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пешбинӣ гардида буданд, онҳоро ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии дахлдор фиристода, ҳангоми камомади шиносномаҳо барои ошкор намудани сабаби камомади шиносномаҳои намунаи соли 2014 чораҳо меандешад. Ҳангоми гирифтани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и нуқсондор ва шиносномаҳои намунаи соли 2014-и такрорӣ омодашуда аз ҷониби раёсати персонализатсия барои омода намудани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и нав (ба ҷои бланкҳои нуқсондор), нобуд кардани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и такрорӣ тайёршуда ва оид ба ин ҳолатҳо ба махзан (низом)-и маълумот таҳрир даровардан чораҳои таъхирнопазир андешида мешавад.
  13. Агар камомади шиносномаҳои намунаи соли 2014-и омодашуда, шиносномаҳои намунаи соли 2014-и такрорӣ тайёршуда, бланкҳои нуқсондор, инчунин иштибоҳан ворид шудани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и барои дигар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пешбинигардида дар вақти шахсан аз ҷониби кормандони раёсати персонализатсия қабул намудани шиносномаҳои намунаи соли 2014 ошкор карда шаванд, дар феҳрист ҳамаи ин шиносномаҳои намунаи соли 2014 нишон дода шуда, барои чораандешӣ ба раёсати персонализатсия (ғайр аз камомад), ки дар банди 179 Дастурамали мазкур пешбинӣ гардидааст, баргардонида мешавад.
  14. Раёсати персонализатсия бастаи бланкҳои шиносномаҳои намунаи соли 2014-ро, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда мутобиқи меъёри талаботи бланкҳои шиносномаҳо ворид гардидаанд, мекушояд.
  15. Дар сурати гум шудан ё дуздида шудани бланкҳои шиносномаҳои намунаи соли 2014, шиносномаҳои намунаи соли 2014-и тайёре, ки ба шаҳрвандон дода нашудаанд, барои муайян намудани сабабу ҳолати рухдода санҷиши хизматӣ гузаронида мешавад.
  16. Дар мақомоти корҳои дохилӣ маводи санҷишӣ ба муҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъд аз ошкор гаштани далели гумшавӣ ё дуздидашавӣ бояд барои тасдиқ шудан аз ҷониби сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод шудан ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фиристодани хабарнома ба раёсати персонализатсия омода шавад.
  17. Дар раёсати персонализатсия маводи санҷишӣ ба муҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъд аз ошкор гаштани далели гумшавӣ ё дуздидашавӣ бояд аз ҷониби сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
  18. Санҷиши таъмини бақайдгирӣ ва нигоҳдории шиносномаҳои намунаи соли 2014 ва варақаҳои иловагӣ дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ на камтар аз як маротиба дар се моҳ аз ҷониби комиссияе, ки бо фармоиши сардори мақомоти корҳои дохилӣ ҳамасола таъин мегардад, амалӣ карда мешавад. Дар ҳайати комиссия на камтар аз се нафар аз рӯи имкон бо кори шиносномавию бақайдгирӣ шиносбуда, инчунин кормандони хадамоти молиявӣ дохил мешаванд.
  19. Комиссия уҳдадор аст:

– вазъи бақайдгирӣ ва нигоҳдории бланкҳои шиносномаҳои намунаи соли 2014, бланкҳои варақаи иловагии омодабуда, инчунин муҳр, тамғаҳо ва дигар ашёи махсус, сари вақт пур кардани шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба китоби шакли 2 ва дурустии пеш бурдани он, сари вақт додани шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба шаҳрвандон ва риояи қоидаҳои истифодаи техникаи махсуси компютериро санҷида барояд;

– мавҷудият ва дурустии барасмиятдарории шакли 1-ро барои додани шиносномаи намунаи соли 2014, сари вақт ва пурра ба онҳо ворид намудани маълумот ва қайдҳо, тартиб ва ҷобаҷогузорӣ дар баргадон ва нигоҳдории онҳоро санҷад;

– тартиби нигоҳдорӣ ва сари вақт нобуд кардани шиносномаҳо ва варақаҳои иловагиеро, ки аз эътибор соқит дониста шудаанд (барои истифодаи минбаъда корношоям, ёфтшуда ва дигар ҳолатҳо), санҷад;

– сари вақт ва ба пуррагӣ гирифтани расид ва маълумотномаҳои озод будан аз пардохти маблағи хироҷи шиносномаҳои намунаи соли 2014, расид барои бақайдгирӣ ва супоридани ҷарима барои вайрон намудани Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро санҷида барояд.

  1. Аз натиҷаи гузаронидани санҷишҳо санад тартиб дода мешавад, дар он камбудиҳо қайд карда шуда, барои бартараф намудани онҳо пешниҳодҳо дохил карда мешаванд. Санадҳо аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинони ў тасдиқ карда мешаванд. Аъзои комиссия барои санҷиши пурра ва дурустии маълумоти санад ҷавобгаранд.
  2. Шиносномаҳои шаҳрвандон танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони ваколатдори мақомоти давлатӣ гирифта мешаванд.
  3. Шиносномаҳои шаҳрвандон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси қарорҳои асоснок дар ҳолатҳои зерин гирифта мешаванд:

– беэътибор будани шиносномаҳо, агар муайян намудани шахсият номумкин бошад, ба онҳо ғайриқонунӣ тағйирот ворид карда шуда бошад, ё ба онҳо ворид кардани тағйирот барои муайянкунии шахсият зарур бошад, дар онҳо сабту қайдҳои алоҳидаи дар Дастурамали мазкур пешбинигардида мавҷуд набошанд, ё ин ки сабту қайдҳо ба воқеият мувофиқат накунанд, муҳлати амали онҳо гузашта бошад;

– мувофиқат накардани шиноснома ба шахсияти соҳиби он;

– қалбакӣ будани шиноснома;

-муқаррар гардидани ҳолати дода шудани шиносномаҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё ғайриқонунӣ;

– дар ҳолати доштани якчанд шиноснома асоснокии дода шудани шиносномаҳо санҷида шуда, ба соҳиби он шиносномаи воқеӣ баргардонида мешавад;

– қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Аз шаҳрвандоне, ки бо вайрон намудани Қоидаҳои мазкур ё дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шиноснома гирифта бошанд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ (аз он ҷумла хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ) дар асоси қарорҳо (хулосаҳо)-и асоснок баровардашуда гирифта мешаванд.
  2. Ҳангоми гирифтани шиносномаҳо, вақте шаҳрванд Қоидаҳои мазкур ё талаботи дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намуда бошад, аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ санади гирифтани шиноснома (шакли 37) тартиб дода мешавад.
  3. Шиносномаҳо аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ, таҳқиқ ва судӣ аз шахсони барои содир намудани ҷиноят гумонбар ё айбдор дониста шудаанд, танҳо ҳангоми ба ҳабс гирифтани онҳо ё агар шиносномаҳо ҳамчун далели шайъӣ бошанд, муваққатан гирифта шуда, ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамроҳ карда мешаванд.
  4. Ҳангоми аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод шудан, шиносномаҳо ба соҳибонашон тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси дастхат бозпас гардонида мешаванд, ки оид ба он дар маълумотномаи озодшавӣ қайд карда мешавад.
  5. Шиносномаҳои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, пас аз қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд аз ҷониби мақомоти судӣ ба тавқифгоҳи тафтишотӣ, ҳамроҳ бо хабарнома фиристода мешаванд. Шиносномаҳои воридгардида ҳамроҳ бо аризаи азқайдбарории шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ба мақомоти корҳои дохилии ҳудуди хизматрасонии макони ҷойгиршавии тавқифгоҳҳои тафтишотӣ барои барасмиятдарории азқайдбарории соҳибони онҳо пешниҳод карда мешаванд. Баъди азқайдбарорӣ шиносномаҳо ба тавқифгоҳҳои тафтишотӣ баргардонида мешаванд.
  6. Шиносномаҳо ҳангоми ба муассисаҳои табобатӣ, рўҳӣ ва равонӣ барои табобат қабул гардидани шаҳрвандон муваққатан дар маъмурияти ин муассисаҳо нигоҳ дошта шуда метавонанд.
  7. Шиносномаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ки ба хизмати муҳлатнок даъват шудаанд, метавонанд барои нигоҳдорӣ ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳрию ноҳиявӣ ё фармондеҳони қисмҳои низомии маҳалли ҳозиршавӣ супорида шаванд. Пас аз анҷоми хизмат шиносномаҳо ба шаҳрвандон баргардонида мешаванд. Шиносномаҳои шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои ҳарбӣ-таълимӣ қабул шудаанд, бо қарори фармондеҳии ин муассисаҳои таълимӣ метавонанд барои нигоҳдорӣ ба дастгоҳҳои кадрӣ то анҷоми муҳлати таҳсил супорида шаванд. Шиносномаҳои супоридашуда бо тартибе, ки беосебии онҳоро таъмин менамояд, нигоҳ дошта мешаванд.
  8. Аз шахсоне, ки барои истиқомати доимӣ ба хориҷи кишвар мераванд (агар дар созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад), ҳангоми барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии ҳомили электронии иттилоот бо муҳри «барои истиқомати доимӣ» шиносномаҳо (аз қайди ҷойи истиқомат ва аз рӯи маҳалли будубоши пештара баровардашуда) аз ҷониби зерсохторҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба додани шиносномаҳои хориҷии ҳомили электронии иттилоот барои истиқомати доимӣ сару кор доранд, гирифта шуда, ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки ин шиносномаҳоро додаанд, барои нобудсозӣ ирсол карда мешаванд.
  9. Шахсоне, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додаанд ё аз он баромадаанд, баъди азқайдбарории шиносномаҳо аз ҷойи истиқомат ва маҳалли будубош шиносномаашонро ба воҳидҳои сохтории хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат месупоранд, шахсони дар хориҷи кишвар ба таври доимӣ зиндагикунанда ҳангоми гирифтани маълумотномаи баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаашонро ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд. Шиносномаҳое, ки ба воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд, бо мактуби ҳамроҳишаванда ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки шиносномаро додааст, барои нобуд кардан ирсол карда мешаванд.
  10. Шиносномаҳое, ки ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд, ба рӯйхати шакли 10 ворид карда шуда, ба Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда, он дар навбати худ ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як моҳ ирсол менамояд. Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳоро ба хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки шиносномаро додааст, мефиристад. Дар сурати супорида нашудани шиносномаҳои шахсони зикргардида дар сутуни 8 рӯйхати шакли 10 сабти «Шиноснома супорида нашудааст» гузаронида шуда, сабаби он нишон дода мешавад.
  11. Шиносномаҳои ба мақомоти САҲШ, намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти давлатӣ супоридашудаи шахсони вафотнамуда ба рӯйхати шакли 10 гузаронида шуда, на камтар аз як маротиба дар як моҳ барои ба расмият даровардани азқайдбарорӣ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фиристода мешаванд. Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ азқайдбарории шаҳрвандони вафотнамударо мутобиқи Дастурамали мазкур амалӣ менамоянд. Дар рӯйхатҳо ҳамчунин дар бораи шахсони вафотнамуда, ки шиносномаҳояшон супорида нашудаанд, маълумот дохил карда шуда, дар сутуни 8-и шакли 10 «шиноснома супорида нашудааст» гузаронида мешавад. Ҳангоми қабул намудани рӯйхатҳо хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар бораи шиносномаҳои супориданашуда (рақам, аз тарафи кӣ ва кай дода шудани он) маълумот гирифта, барои муайян ва гирифтани онҳо чораҳо меандешад.
  12. Агар барои муайян намудани шиносномаҳо имконият пайдо нашавад, дар шакли 1 дар бораи вафоти соҳибони он ва гирифта нашудани шиноснома қайд карда мешавад, пас аз ин чунин аризаҳо ба баргадони бойгонӣ дароварда шуда, маълумот дар бораи ин шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба раёсати персонализатсия бо рӯйхати дар шакли 10 пешбинишуда фиристода мешавад.
  13. Агар шиносномаҳо аз ҷониби дигар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дода шуда бошад, баъди азқайдбарорӣ ба ин хадамотҳо шакли 10 бо нишон додани супорида шудан ё нашудани шиноснома фиристода мешавад.
  14. Шиносномаҳое, ки дар банди 189 Дастурамали мазкур нишон дода шудаанд, шиносномаҳое, ки аз сабаби иваз намудани ному насаб ва дигар асосҳо иваз карда шудаанд, шиносномаҳои ёфташуда, ки ба ивази онҳо шиносномаи нав дода шудаанд, шиносномаҳои беэътибор ва вайронгардида, инчунин шиносномаҳои шаҳрвандони вафотнамуда, бо тартиби зерин бекор карда мешаванд:

– шиносномаҳои намунаи соли 1996 ва шиносномаҳои шаҳрванди ИҶШС намунаи соли 1974 бо роҳи хат задан;

– шиносномаҳои намунаи соли 2014 бо роҳи реза кардан беэътибор дониста шуда, сипас бо тартиби муқарраргардидаи Дастурамали мазкур несту нобуд карда мешаванд. Шиносномаҳое, ки барои нобудсозӣ пешбинӣ шудаанд, дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар ҷевонҳои алоҳидаи оҳанин ва қуттиҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.

  1. Қабл аз нобуд сохтани шиносномаҳои аз эътибор соқитшудаи намунаи соли 1996, шиносномаҳои шаҳрвандии ИҶШС намунаи соли 1974, (мутобиқи Феҳристи сабабҳои нобуд карда шудани шиносномаҳои беэътибор, замимаи №7) дар як нусха санади несту нобуд кардани шиносномаҳо (варақаҳои иловагӣ)-и беэътибор (шакли 27) тартиб дода мешавад. Дар санадҳо ҳар як шиносномаи аз эътибор соқитшуда силсила ва рақами шиноснома, ному насаби соҳиби он, аз тарафи кӣ ва кай дода шудани он, сабаби нобудсозӣ нишон дода мешавад. Санади нобудсозии варақаҳои иловагии беэътибор (барои истифодаи минбаъда корношоям, ёфтшуда, бо вайрон гардидани Қоидаҳои мазкур додашуда, ҳангоми пуркунӣ вайрон намудан ва бо дигар сабабҳо супоридашуда) аз рӯи шакли 27 дар алоҳидагӣ тартиб дода мешавад.
  2. Қабл аз нобудсозии шиносномаҳои намунаи соли 2014-и беэътибор (мутобиқи Феҳристи сабабҳои нобудсозии шиносномаҳои аз эътибор соқитшуда, замимаи №7) санад оид ба нобуд кардани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и беэътибор аз рӯи шакли 46 дар ду нусха тартиб дода шуда, як нусхаи он пас аз нобудсозии шиносномаҳои намунаи соли 2014 ва бо тасдиқи сардорони мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинони онҳо, бо мактуби замимадор ба раёсати персонализатсия фиристода мешавад. Ба санадҳои нобудсозии шиносномаҳои намунаи соли 2014-и беэътибор, инчунин шиносномаҳои намунаи соли 2014-и ҳангоми барасмиятдарорӣ вайроншуда дохил карда мешаванд.
  3. Қабл аз нобудсозии шиносномаҳои намунаи соли 2014 ба махзани иттилоот маълумоти бекор кардани онҳо ворид карда мешавад. Шиносномаи намунаи соли 2014-и ёфтшудае, ки ба ивазашон шиносномаи намунаи соли 2014-и нав дода шудаанд, дар махзан бо таври автоматӣ бекор шуда, ҳангоми нобудсозии онҳо дар низом маълумоти бекор карда шудани онҳо дохил карда намешавад.
  4. Шиносномаҳои намунаи соли 2014-и ёфтшуда, ки ба соҳибонашон супорида нашуда, ба ивазашон шиносномаҳои намунаи соли 2014-и нав дода нашудаанд, дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба муҳлати 5 сол нигоҳ дошта шуда, ҳангоми бекор шудани онҳо дар махзан дар «мақсади муроҷиат» ҷанбаи «ёфтшуда» ворид карда мешаванд.
  5. Санадҳо аз ҷониби сардорони мақомоти корҳои дохилӣ ё муовинони онҳо тасдиқ гардида, бо таври умумӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта мешаванд. Санадҳои нобудсозии шиносномаҳои намунаи соли 2014-и беэътибор дар парвандаи алоҳидаи номенклатуравӣ ҷамъ карда мешаванд.
  6. Пеш аз нобуд кардани шиносномаҳо шакли 1-и шиносномаҳо, ки дар санадҳо нишон дода шудаанд, аз баргадони амалкунанда гирифта шуда, ба ҳошияи 27-и шакли 1 ба ҳар як шиносномаи намунаи соли 2014 ва дар банди 4-и қайдҳои хизматии шакли 1 ба ҳар як шиносномаи намунаи соли 1996, рақами санадҳо, сана (рӯз, моҳ ва сол) ва сабабҳои нобудсозии ин шиносномаҳо нишон дода мешавад. Агар шиносномаҳои нобудкардашаванда аз ҷониби дигар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дода шуда бошанд, ба ин хадамот аз рӯи шакли 11 хабарнома фиристода мешавад, ки дар асоси он дар шакли 1 сана (рӯз, моҳ, сол) аз ҷониби кӣ нобуд карда шудани шиноснома ва сабабҳои нобудсозӣ нишон дода мешаванд.
  7. Нобуд сохтани шиносномаҳо тибқи санади нобуд кардани шиносномаҳои беэътибор (варақаҳои иловагии он) тибқи шакли 27 ва санади нобудсозии шиносномаҳои намунаи соли 2014-и беэътибор тибқи шакли 46, бо роҳи сӯзонидан (дар таҷҳизоти махсусгардонидашудае, ки истифодаи минбаъдаи шиноснома ва варақаи иловагии нобудшударо ғайриимкон месозад) мутобиқи миқдори муайяни ҷамъшавии онҳо, вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ аз ҷониби комиссияи бо фармоиши сардорони мақомоти корҳои дохилӣ таъиншуда ба роҳ монда мешавад. Комиссия қабл аз нобудсозии шиносномаҳо ба шакли 1 дохил карда шудани қайди ҳар як шиноснома, инчунин оид ба ҳолатҳои мазкур фиристода шудани хабарномаи дахлдор, аз ҷониби дигар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ кай дода шудани чунин шиносномаҳоро санҷида мебарояд. Пас аз ин чунин шакли 1 ба баргадони бойгонӣ дохил карда мешавад.
  8. Ҳангоми нобудсозии шиносномаҳои намунаи соли 2014-и зимни барасмиятдарорӣ вайроншуда (ба хатоию камбудиҳо роҳ додашуда), ки аз раёсати персонализатсия ворид гардидаанд, дар китоби шакли 2 сутуни 8 қайди «шиноснома вайрон шудааст», рақам ва санаи санади нобудсозӣ гузаронида мешавад.
  9. Дар раёсати персонализатсия санадҳои зерин ҳамчун асос барои дохил намудани таҳрирдарорӣ ба махзани маълумот оид ба беэътибор донистани шиносномаҳои қаблан тайёршуда, ки ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ фиристода шудаанд, ҳисоб меёбанд:

– феҳристҳо (бо шиносномаҳои намунаи соли 2014-и баргардонидашуда);

– санадҳои баргардонидани шиносномаҳои намунаи соли 2014 (шакли 45).

  1. Тамоми китобҳои мутобиқи Дастурамали мазкур кушодашуда бояд дӯхта, рақамгузорӣ карда шуда, бо муҳру имзои шахсони масъул тасдиқ карда шаванд, инчунин онҳо тибқи тартиби умумӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шаванд.
  2. Қайдҳо дар китобҳо, шакли 1 ва дигар бланкҳо дуруст ва бехато навишта мешаванд. Хатоиҳо бо роҳи хат задани навиштаҷоти нодуруст ислоҳ карда шуда, оид ба он бо имзои шахсони масъул тавзеҳ навишта мешавад. Дар китоб ба тоза кардан ё сафед карда ислоҳ намудани навиштаҷот иҷозат дода намешавад.
  3. Муҳр ва тамғаҳои нишондор бо тартиби умумии барои мақомоти корҳои дохилӣ барои бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобудсозии муҳру тамғаҳо муқарраргардида нигоҳдорӣ ва нобуд карда мешаванд.
  4. Ҳар як варақи ҳуҷҷатҳое, ки ба парвандаҳо (ҷилдҳо) дӯхта мешаванд, рақамгузорӣ карда мешаванд. Пас аз баанҷомрасии парвандаҳо (ҷилдҳо) дар варақи охири дар парванда (ҷилд) махсус дӯхташуда маълумоти миқдори варақҳои дар парванда (ҷилд) дӯхта ва рақамгузоришуда нишон дода мешавад. Сабтҳои хотимавӣ аз ҷониби шахси мансабдоре, ки парвандаро (ҷилдро) ба расмият даровардааст, тасдиқ гардида, муҳр гузошта мешавад.

 

  1. БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗҚАЙДБАРОРӢ

 

  1. Ҷойи истиқомат, ҷое мебошад, ки шаҳрванд дар он доимӣ ё бештари вақт зиндагӣ мекунад, бинои истиқоматӣ, хонаи истиқоматӣ, хонаи истиқоматии хизматӣ, хонаҳои махсусгардонидашуда (хобгоҳ, хона-интернатҳо барои шахсони яккаву танҳо, барои пиронсолон ва маъюбон, хонаи тифлон, хонаи кӯдакон, мактаби махсус), инчунин дигар биноҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди манзил (минбаъд – хонаҳои истиқоматӣ) дохил мешаванд.
  2. Бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ва маҳалли будубош бо мақсади ба қайд гирифтани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҷумҳурӣ ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, амалӣ карда мешавад.
  3. Дар сурати соҳиби якчанд бинои истиқоматӣ будан шаҳрванд ҳуқуқ дорад ҷойи истиқомат ва маҳалли будубоши худро дар ҳар кадоми онҳо муқаррар намояд, аммо дар яке аз он ба қайд гирифта мешавад.
  4. Шаҳрвандоне, ки ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатиро тағйир дода, аз қайди ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши пештара худро баровардаанд, ё муҳлати қайди муваққатии онҳо гузаштааст, уҳдадоранд дар давоми 15 рӯз ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ барои дар қайди ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши нав гузоштан муроҷиат намоянд.
  5. Шиносномаи намунаи соли 2014 танҳо бо бақайдгирии ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош ба расмият дароварда мешавад. Ҳамзамон дар баробари додани шиносномаи намунаи соли 2014 барасмиятдарории минбаъдаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии шаҳрванд дар ҷойи истиқомат ё аз рӯи маҳалли будубош амалӣ карда мешавад.
  6. Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки ба бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ сару кор доранд, уҳдадоранд, ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ пешниҳодшударо дақиқан санҷида баромада, ба ҳолатҳои зерин диққат диҳанд:

– оё ҳуҷҷатҳо ҳақиқӣ мебошанд, яъне аз ҷониби мақомоти дахлдор дода шуда, имзо ва муҳр доранд;

– нишонаҳои сохтакориро надоранд;

– оё варақҳои дохили шиносномаҳои намунаи соли 1996 тағйир дода нашудаанд;

– ба дурустии тартибдиҳии варақаҳои суроғавӣ, талонҳои омории бақайдгирӣ ва сабтҳои дахлдор дар онҳо, инчунин дар варақаҳои бақайдгирии шакли 13 (минбаъд – варақаҳои бақайдгирӣ), варақаҳои ҳуҷравии шакли 14 (минбаъд – варақаҳои ҳуҷравӣ), дафтари ҳавлӣ ва китоби хоҷагидории умумӣ, ки бо маълумоти дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда нишон дода шудааст.

  1. Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аслӣ набошанд ё аломатҳои сохтакориро дошта бошанд, оид ба ҳолати ҷойдошта фавран ба сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ хабар дода мешавад, ки дар навбати худ онҳо барои санҷиши муайянсозии шахсияти аризадиҳанда чораандешӣ менамоянд.
  2. Дар ҷойи истиқомат ба қайд гирифта мешаванд:

– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба таври доимӣ истиқомат мекунанд ё аз хориҷи кишвар барои истиқомати доимӣ ба ҷумҳурӣ омадаанд;

– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар хориҷи кишвар истиқомат дошта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ба муҳлати беш аз 6 моҳ ба муҳлати зарурӣ, вале на зиёда аз 5 сол омадаанд;

– шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунӣ доимӣ истиқомат мекунанд.

  1. Барои бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ вобаста ба вазъу ҳолат ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– шиноснома – барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд;

– шаҳодатнома дар бораи таваллуд – барои кӯдакони то синни 16;

– шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, тасдиқномаи аз ҷониби фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои ҳарбӣ пешниҳодгардида ва бо муҳр тасдиқгардида – барои хизматчиёни ҳарбӣ;

– гувоҳномаи иқомати доимӣ – барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;

– ҳуҷҷате, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи моликият ба хонаи истиқоматиро (аз ҷумла ордери шахсӣ, шартномаи хариду фурўш, мерос, ҳадя) тасдиқ мекунад ё ҳуҷҷате, ки барои муваққатан истифода бурдани онро шаҳодат медиҳад, аз ҷумла тибқи шартномаи иҷора, кироя, ҳамчунин ҳуҷҷате, ки барои ба хонаи истиқоматӣ маскун гардониданро дар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад:

– ордери манзили истиқомати пешниҳодгардида;

– ордери пешниҳоди манзил дар хобгоҳ;

– қарори қувваи қонунӣ пайдонамудаи суд (дигар мақомоти ваколатдор) дар бораи эътирофи ҳуқуқи шахс ба манзили истиқоматӣ;

– иқтибос аз китоби хоҷагидории нуқтаи аҳолинишини дахлдор, ки мавҷудияти манзили истиқомат ва бақайдгирии аъзои хоҷагиро (аз ҷумла падару модар ё намояндагони қонуниро) дар маҳалли деҳот тасдиқ мекунад;

– дафтари ҳавлӣ, ки аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба соҳибмулкон ё шахсони дигаре дода мешавад, ки соҳиби хонаи истиқоматӣ (хобгоҳ, хона-интернатҳо барои одамони танҳо, пиронсолон ва маъюбон, хонаи тифлон, хонаи кӯдакон, мактабҳои махсус) мебошанд ва китобро бо худ нигоҳ медоранд. Дафтарҳои ҳавлӣ мувофиқи замимаи №3 пеш бурда шуда, пур карда мешаванд. Дар нуқтаҳои аҳолинишини маҳалли деҳот дафтари ҳавлӣ ба ҳар як хонаи истиқоматӣ кушода шуда, ё китоби умумии хоҷагидории нуқтаи аҳолинишин ё кӯча бурда мешавад;

– варақаи бақайдгирӣ ва варақаи ҳуҷравӣ – барои шаҳрвандони дар хонаи истиқоматӣ зиндагикунандае, ки ҳуқуқи моликият (иҷора) ба онро надоранд, ки шахсони барои бақайдгирӣ масъул дар худ нигоҳ медоранд ва мутобиқи замимаи №3 пур карда мешаванд;

– ҳангоми мавҷуд набудани дафтарҳои ҳавлӣ, варақаи бақайдгирӣ ва варақаи ҳуҷравии онҳо аз нав пур карда мешаванд;

– аризаи бақайдгирӣ аз ҷойи истиқомат (маҳалли будубош) шакли 12 (минбаъд – аризаи бақайдгирӣ). Аризаи бақайдгирӣ бо имзои раиси ҷамоат, роҳбари хоҷагии манзилӣ-маишӣ (дигар роҳбарони муассисаҳое, ки барои бақайдгирии хонаи истиқоматӣ масъуланд) ва муҳр тасдиқ карда мешавад;

– шахсоне, ки соҳибмулк ё иҷорагирандаи хонаи истиқоматӣ нестанд, аз ҷойи истиқомат дар асоси аризаи бақайдгирие, ки соҳибмулк (иҷорагир)-и хонаи истиқоматӣ шахсан ҳозир шуда, розигии хаттиаш дар он пур карда мешавад, ба қайд гирифта мешаванд;

-ҳангоми вафот ё имконнопазир будани муайян кардани соҳибмулк ва иҷорагири хонаи истиқоматӣ, бақайдгирӣ пас аз ҳал гаштани масъалаи муайянсозии соҳибмулк ё иҷорагири хонаи истиқоматӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;

– дархости маъмурияти хонаи махсусгардонидашуда ва дигар сохтмоне, ки ба фонди манзилӣ дохил карда шудааст;

– варақаи пуркардашудаи суроғавии баромади шакли 17 (минбаъд – варақаи суроғавии баромад) аз ҷойи истиқомат ё аз рӯи маҳалли будубоши пештара бо пур кардани реквизити муҳри чопӣ оид ба азқайдбарории шакли 19 (минбаъд – осори тамғаи азқайдбарорӣ) дар тарафи дигари варақа, ба истиснои шаҳрвандони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатшуда, ки аз хориҷи кишвар омадаанд (агар ягон ҳолати дигар дар созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ нашуда бошад) ва дигар ҳолатҳое, ки дар Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудааст.

  1. Шахсоне, ки уҳдадории ҳарбӣ доранд ҳамчунин билети ҳарбиро (барои даъватшавандаҳое, ки ба синни 16 расидаанд – шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ) дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ, инчунин дар дафтарҳои ҳавлӣ ва варақаҳои бақайдгирӣ ба қайд гузошта, пешниҳод мекунанд. Бақайдгирии шахсони уҳдадорони ҳарбӣ аз ҷойи истиқомат бе қайдгузорӣ дар комиссариатҳои ҳарбӣ қатъиян манъ аст.
  2. Барасмиятдарории бақайдгириишаҳрвандоне, кидархизматимақомотикорҳоидохилӣ, амниятидавлатӣ қарордоранд, дар қайдимахсуси Вазорати корҳоидохилӣ, КумитаидавлатииамниятимиллииҶумҳурииТоҷикистонмебошанд, дарасосимаълумотномаидахлдорипешниҳодшудаи он дар варақаҳоибақайдгирӣ, дафтарҳои ҳавлӣ, дар сутуни «Муносибат ба хизмати ҳарбӣ»сабтҳои «Қайдимахсус»гузошта мешаванд. Дар ин сурат, ба комиссариатҳои ҳарбӣпешниҳоднамудани варақаҳоибақайдгирӣ, дафтарҳои ҳавлӣ зарурат надорад. Ҳангомиазқайдбарориииншаҳрвандондар варақаҳоибақайдгирӣ, дафтарҳои ҳавлӣ оид ба аз қайди ҳарбӣбаровардансабтбурданамешавад.
  3. Ҳангоми бақайдгирӣ ҳозир шудани шаҳрвандон ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳатмӣ нест, ба истиснои шахсони доғи судидошта ё шахсони бе азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомати пештара ва бе варақаи суроғавии баромад омада бошанд.
  4. Агар шаҳрванд ба ҷойи истиқомати нав бо шиносномаҳои беэътибор ё шиносномае, ки бояд иваз шаванд, аз ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши пештара аз қайд бароварда шуда, омада бошад, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳамзамон масъалаи барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014 ва бақайдгирӣ аз ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши навро баррасӣ менамояд.
  5. Тамоми шахсоне, ки ба минтақаи сарҳадӣ ворид мешаванд, уҳдадоранд ҳангоми ба нуқтаи таъиншуда омада расидан ҳуҷҷатҳои худро барои бақайдгирӣ ё дар қайд гузоштан супоранд.
  6. Қабули шаҳрвандон, шахсони мансабдор ё ҳуқуқӣ дар масъалаҳои бақайдгузорӣ дар ҷойи истиқомат ё аз рӯи маҳалли будубош аз ҷониби сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ амалӣ карда мешавад, ки онҳо ҳуҷҷатҳоипешниҳодшударомутобиқиталаботиДастурамали мазкур санҷида, қарори дахлдор қабул мекунанд ва дар аризаҳои бақайдгирӣ бо қарори зарурӣ дастхат мегузоранд, ҳамзамон навиштаҷоти «аз ҷойи истиқомат» ё «аз рўи маҳалли будубош» қайд карда мешавад.
  7. Дар сурати рад гаштани масъалаи бақайдгирӣазҷонибисардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣдараризаҳоибақайдгирӣдалелҳобоишораибандҳои ҳуҷҷатҳоимеъёриидахлдорнишондодамешавад, қарордарбораираднамудани бақайдгирӣшахсанбашаҳрвандонёшахсоне, кибароибақайдгирӣмасъуланд, эълон карда мешавад. Ҳамзамон ба онҳо ҳуқуқишикоятбурдан нисбати қароримазкурфаҳмонидашуда, гузоришҳоиазҷонибироҳбариятимақомотикорҳоидохилӣимзошуда барои назоратбарӣ ба нозирони минтақавиимилитсиясупоридамешаванд. Бо дархости шаҳрванд ба ӯ бо нишон додани асосҳоирадшавӣҷавоби хаттӣ гардонида мешавад.
  8. Ҳангоми мавҷуд набудани ҳамаи ҳуҷҷатҳоилозимаибароибақайдгирӣ асосшаванда ҳуҷҷатҳоипешниҳодшудабаргардонидамешаванд. Даринсурат ба шаҳрвандёшахсе, кибароибақайдгирӣмасъуласт, пешниҳод намудани кадом намуди ҳуҷҷатҳоизарурӣ фаҳмонидамешавад.
  9. Ҳангомибарасмиятдарориибақайдгирӣ дар ҷойиистиқомат ва азқайдбарорӣазҷойиистиқомати пештара бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 варақаи худчаспи ширешдори шакли 47 (минбаъд – варақаи худчасп (стикерҳо)/ варақаи худчаспи бақайдгирӣ, варақаи худчаспи азқайдбарорӣ) истифода бурда мешаванд.
  10. Баъди қабули қарори бақайдгузорӣазҷонибисардорихадамотишиносномавиюбақайдгирӣ, ки дар асоси он бақайдгузорӣ амалӣ карда мешавад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Дастурамали мазкур варақаи суроғавии омад шакли 16 (минбаъд – варақаи суроғавии омад) ва талони қайди оморӣ ба варақаи суроғавии омад шакли 16/1 (минбаъд – талон ба варақаи суроғавии омад) пур карда мешаванд.
  11. Корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳоипешниҳодшударо санҷидабаромада, гузарвожаро ворид месозад, сипас барномаи «GetID» интихоб карда мешавад. Дохил шудан ба махзани ягонаи автоматикунонидашуда бо ворид намудани рамзи воридшавии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, сипас гузарвожаи шахсии корманд амалӣ карда мешавад.
  12. Воридсозии суроға аз ҷойиистиқомати нави шаҳрвандбамахзани маълумот ва чопкунии варақаи худчаспи бақайдгирӣ (бо нишон додани суроға) бавоситаирамзи«тағйири маълумот» амалӣкардамешавад. Ҷанбаи «тағйири маълумот»-ро кушода, аз рӯитартибмайдонҳои«мақсадимуроҷиат», «тағйирисуроға», «ҳуҷҷатинав», «кортиидентификатсионӣ»кушодамешаванд. Бомушакҷанбаи дуюми «ҳуҷҷатҳоиасосшаванда» зер карда шуда, майдони «корти идентификатсионӣ»интихобкардамешавад.
  13. Бо мақсади дар низом (система) ёфтани маълумоти шахси бақайдгузошташаванда дар майдонҳои«рақамиягонаимиллӣ», «силсилаварақамишиноснома»ва«рақамимушаххасиандозсупоранда»оид барақамҳо (дармайдони«силсилаварақамишиноснома» пеш аз рақамсисилаишиносноманишондодамешавад) маълумот мутобиқишиносномаишаҳрвандгузаронидамешавад. Силсилаварақамишиносномаи намунаи соли 2014ботартиби ҳатмӣбароиминбаъдпайдошуданионҳодар қисматирости кунҷиболоиварақаи худчаспи бақайдгириимайдоничопионворидкардамешавад. Баъди зер кардани тирезаи «Оғозибақайдгирӣ»ҷанбаи «Маълумоти пардохт» кушода шуда, майдонҳои маблағи пардохт, санаи пардохт, рақами расид, намуди имтиёз пур карда мешаванд.
  14. Саҳифаи «маълумоти демографии шаҳрванд»-ро кушода, дар ҳошияи «маълумот оид ба ҷойи истиқомат» маълумот оид ба суроғаи нав дарҷ гардида, мутобиқан ҳошияҳо пур карда мешаванд, дар тарафи чап нуқтаи аҳолинишин (шаҳрак, деҳа), дар тарафи рост – ноҳия (дарҷ карда намешавад, зеро аллакай дар барномаи ҳар як ҷойи кории автоматии ҳама хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ гузаронида шудааст), як хат поёнтар аз чап – номи кӯча бо нишон додани калимаи «кӯчаи» (мисол: «кӯчаи Неъмат Қарабоев»), дар рост – хона бо нишон додани калимаи «хонаи» (мисол: «хонаи 58»), аз чап – рақами квартира (бе нишон додани калимаи «квартира», мисол: «58»), баъди нишон додани ҳуҷра дар худи ҳамин майдон калимаи «ба қайд гирифта шуд» гузаронида шуда, санаи бақайдгирӣ дарҷ карда мешавад (мисол: «..58 ба қайд гирифта шуд 14.02.2021»), ки баъди чоп кардан дар варақаи худчасп (стикер)-и бақайдгирӣ пайдо мешавад. Ҳангоми дар суроғаи ҷойи истиқомати шаҳрванд набудани кӯча, хона, квартира – дар майдони он пас аз нишон додани деҳа /шаҳрак, деҳот/ ба махзани маълумот чунин навиштаҷот гузаронида мешавад, мисол: «деҳаи Шехон, ба қайд гирифта шуд 14.02.2021». Ҳангоми дар суроғаи ҷойи истиқомат набудани хона, квартира – дар майдон чунин навиштаҷот гузаронида мешавад: номи кӯча (мисол: «..кӯчаи Неъмат Қарабоев, ба қайд гирифта шуд 14.02.2021», агар квартира надошта бошад, навиштаҷот баъди нишон додани рақами хона гузаронида мешавад (мисол: «хонаи 58, ба қайд гирифта шуд 14.02.2021»).
  15. Пас аз гузаронидани тағйиротбамаълумотиҷойиистиқоматҷанбаи «варақаихудчасп чоп карда шавад»-ро интихоб намуда, варақ бо варақаихудчаспҳобапринтер ақрабакаш ба пеш гузошта мешавад, яке аз се варақаҳоихудчаспиистифоданашуда: 1,2 ва ё 3 интихоб карда шуда, бо нӯги мушак ба ҳошияи «1,2 ва ё 3» зер карда мешавад. Пас аз чоп кардани варақаихудчаспи бақайдгирӣдарменюидаврзананда«Тасдиқ кунед, кипринтердурустчоп кард?» тугмаҳои«Ҳа»ё«Не»интихобвазеркардамешавад.
  16. Дар сутуни «Нишонӣ/Address»-и шиносномаи намунаи соли 2014 варақаихудчаспи азқайдбарорииҷойиистиқомати пештара канда гирифта шуда, варақаихудчаспи чопшудаи бақайдгирииҷойиистиқомати нав часпонида мешавад, ки аз боло бо тасма (лента)-и махсуси шаффофи аз зарару ислоҳнамоӣ ҳифзкунанда маҳкамкардамешавад.
  17. Бақайдгузорӣ дар ҷойи истиқомат, аз ҷумла дар ҷойи истиқомати муваққатӣ низ дар дафтари ҳавлӣ, варақаҳои бақайдгирӣ ба воситаи гузоштани муҳри «ба қайд гирифта шуд» аз рӯи шакли 18 (минбаъд – осори тамғаи бақайдгузорӣ) амалӣ карда мешавад.
  18. Ҳангомимуроҷиатишаҳрванде, кимуҳлатиамалибақайдгузориаш аз ҷойиистиқомати муваққатии дар шиносномаи намунаи соли 2014 нишондошуда ба итмом расида бошад, бақайдгузорӣ аз ҷойиистиқомати нав баъди азқайдбарории шаҳрвандазҷойиистиқомати пештара дар низом (система) бо тартиби пешбининамудаи банди 309 Дастурамали мазкур амалӣ мегардад. Барои ба анҷом расонидани барнома ба ҷойи варақчаҳои варақаи худчаспдор варақи коғазӣ чоп карда мешавад. Дар ин маврид дар дафтари ҳавлӣ, варақаҳои бақайдгирӣ муҳри «аз қайд бароварда шуд» гузошта нашуда, варақаи суроғавии баромад ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ фиристода намешавад. Варақаи худчаспи бақайдгирӣ, ки муҳлати амалаш аз ҷойи истиқомати муваққатии пештара гузаштааст, гирифта шуда, бақайдгузорӣ аз ҷойи истиқомати нав ба расмият дароварда мешавад.
  19. Ҳангоми барасмиятдарории бақайдгузории шахсоне, ки шиносномаҳояшонро тибқи асосҳои дар Дастурамали мазкур пешбинишуда иваз намудаанд ё шиносномаҳои намунаи соли 2014-и ба ҷойи беэътиборгардида гирифта бошанд, ҳангоми гирифтани гувоҳномаи иқомат аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (агар ҷойи истиқоматашон тағйир наёфта бошад), инчунин дар вақти гирифтани шиносномаи намунаи соли 2014 аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ (қаблан аз рӯи шаҳодатномаҳои хизматчии ҳарбӣ ба қайд гирифта шуда бошанд) аризаи бақайдгирӣ пур карда намешавад. Дар шиносномаи намунаи соли 2014 санаи бақайдгирии ибтидоӣ гузошта мешавад. Дар муҳри бақайдгирие, ки барои гувоҳномаи иқомат гузошта мешавад, санаи бақайдгирии ибтидоӣ аз рӯи ҷойи иқомати мазкур сабт карда мешавад. Дар варақаҳои суроғавии омад дар сутуни 14 санаи ибтидоӣ, дар сутуни 15 санаи тартиб додани варақаи суроғавии омад нишон дода мешавад. Варақаи суроғавии омадро корманде имзо мекунад, ки бақайдгириро ба расмият медарорад. Маълумоти рақами шиносномаи намунаи соли 2014, таърих ва мақомоте, ки шиносномаи намунаи соли 2014-ро додааст, дар варақаи суроғавии омад, дафтари ҳавлӣ, варақаҳои бақайдгирӣ гузаронида мешавад, ҳангоми зурурат дар дафтарҳои ҳавлӣ шаҳрвандон аз рӯи маълумоти пештара аз қайд бароварда шуда, аз рӯи шиносномаҳои нав ба қайд гирифта мешаванд.
  20. Дар шиносномаи намунаи соли 1996 бақайдгирӣ аз ҷойи истиқомати нав тавассути гузоштани муҳри бақайдгирӣ бо пур кардани реквизитҳои пешбинишуда, амалӣ карда мешавад.
  21. Дар сурати ба ҷойи истиқомати нав бе қайдиазқайдбарорииҷойи истиқомат (маҳалли будубош)-и пештара омада расидани шаҳрвандазҷонибимақомотикорҳоидохилӣ ҳангоми мавҷуд набудани дигар асосҳобароирадкунии бақайдгирӣ, дархостҳооид баазқайдбарорӣазҷойи истиқомат (маҳалли будубош)-и қаблии шакли 48 (минбаъд – дархости азқайдбарорӣ) ба хадамоти шиносномавию бақайдгирииҷойи истиқомати охир барои санҷишисабабҳои баромада рафтани чунин шахсон бе барасмиятдарории азқайдбарорӣ фиристода мешаванд.
  22. Ҳамроҳ бо дархости азқайдбарорӣ, аризаи азқайдбарории шаҳрванд аз ҷойи истиқомат/маҳалли будубош шакли 49 (минбаъд – аризаи азқайдбарорӣ) ва ду варақаи суроғавии пуркардашудаи баромад фиристода мешавад. Ҳангоми ҳолатҳои дар Дастурамали мазкур пешбинигардида, талони бақайдгирии оморӣ ба варақаи суроғавии баромади шакли 17/1 фиристода мешавад (минбаъд – талон ба варақаи суроғавии баромад).
  23. Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳангоми гирифтани дархостҳои азқайдбарорӣ, бо замимаи аризаи азқайдбарорӣ ва варақаҳо (ҳангоми зарурат нусхаи шиносномаҳо), шахсони мансабдор, шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқиеро, ки дар хонаи истиқоматиашон шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд, барои пешниҳод намудани дафтари ҳавлӣ ё варақаи бақайдгирӣ бо нишонаи аз қайди ҳарбӣ бароварда шудани шаҳрвандони мазкур ва варақаи ҳуҷрагӣ хабардор мекунанд.
  24. Дар муддати се рӯзи аз вақти қабул кардани ҳуҷҷатҳои нишондодашуда кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ уҳдадоранд шаҳрвандони баромада рафтаро аз рӯи қайдҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин аз рӯи қайдҳои марказҳои иттилоотӣ ва бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ санҷида бароянд.
  25. Азқайдбарорӣ бо тартиби пешбининамудаи Дастурамали мазкур амалӣ шуда, ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли истиқомати нави шаҳрванд огоҳиномаи азқайдбарорӣ бо варақаи баромади ба расмият даровардашуда, реквизитҳои осори муҳри азқайдбарорӣ дар тарафи дигари варақаи суроғавии баромад пуркардашуда ва варақаи худчаспи азқайдбарории аз чоп баровардашуда (ҳангоми мавҷуд будани шиносномаи намунаи соли 2014) фиристода мешавад.
  26. Дар асоси варақаи суроғавии баромад дар шиносномаи намунаи соли 1996-и шаҳрванд дар назди муҳри бақайдгирӣ аз ҷойи истиқомати пештара дар тарафи дигари варақаи иловагӣ муҳри азқайдбарорӣ гузошта мешавад, ки дар он ба ҷойи номи мақомоти корҳои дохилии дар муҳр нишондодашуда мақомоти корҳои дохилие, ки азқайдбарориро ба расмият даровардааст ва таърихи азқайдбарорӣ сабт мешавад. Дар шиносномаи намунаи соли 2014 варақаи худчаспи бақайдгирӣ канда шуда, ба ҷойи он варақаи худчаспи азқайдбарорӣ насб карда мешавад.
  27. Агар шаҳрванди дар ҷойи истиқомати нав ба қайд гирифташаванда дар ҷустуҷӯ эълон шуда бошад ё ҷазои бо маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабударо адо намуда истода бошад, ба мақомоти корҳои дохилии ҷойи истиқомати нави чунин шаҳрвандон фавран тавассути телеграф (ё тариқи телефон) барои андешидани чораҳои зарурӣ тибқи қонунгузории амалкунанда хабарнома фиристода мешавад.
  28. Варақаҳои нисбати шахсони судшуда воридшуда аз ҷониби кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба баргадони шахсони доғи судидошта ҷойгир карда мешаванд. Оид ба шахсони бақайдгирифташудае, ки доғи судӣ доранд ва аз рӯи иҷроварақа қарздоранд, на дертар дар муҳлати 3 рӯзи баъди бақайдгирӣ, ба мақомоти дахлдор ва суд хабарнома фиристода мешавад. Дар варақаҳои ин шаҳрвандон дар қисмати кунҷи рости он нишонаи шартии дар намуди рақами “21” гузошта мешавад, ки минбаъд ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии дахлдор фиристода мешавад.
  29. Агар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳудуди дигар давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бе азқайдбарорӣ (баровардан аз қайди бақайдгирӣ) аз ҷойи истиқомати охир омада бошанд, дархост оид ба азқайдбарорӣ, аризаи аз қайд баровардан, ки бо забони русӣ пур карда шудаааст, ҳамроҳ бо нусхаи шиноснома (саҳифаҳои маълумоти шахсӣ ва бақайдгирӣ) ба расмият дароварда шуда, тибқи тартиби муқарраршуда ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои минбаъд фиристодани маводи нишондодашуда ба мақомоти ваколатдори давлатҳое, ки ин шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд, фиристода мешаванд.
  30. Ҳангоми фиристодани дархостҳо ба давлатҳое, ки мутобиқи қонунгузориашон пешниҳод намудани розигии шаҳрванд барои додани маълумоти шахсӣ пешбинӣ шуда бошад, ба дархостҳо розигии хаттии шаҳрванд ба додани маълумоти шахсӣ замима карда мешавад, ки бо имзои корманд ва муҳри хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ тасдиқ карда мешавад.
  31. Ҳангоми зарурат то қабули огоҳиномаи азқайдбарории шаҳрванд аз ҷойи истиқомати пештарааш, шаҳрванд ба муҳлати се моҳ ба қайд гирифта мешавад.
  32. Кӯдакони то синни 16, ки бо падару модарашон (фарзандхондкунанда, васиён, парасторон – минбаъд намояндагони қонунӣ) ба ҷойи истиқомат меоянд, дар асоси шаҳодатномаи таваллуд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти падару модар (намояндагони қонунӣ), маълумоти онҳо дар варақаи бақайдгирӣ, варақаи ҳуҷрагӣ, дафтари ҳавлӣ, варақаи суроғавии омад ва талони қайди оморӣ ворид карда шуда, дар варақаи суроғавии омади шакли 16/1-и (минбаъд – талон ба варақаи суроғавии омад) яке аз падару модар (намояндаи қонунӣ) ба қайд гирифта мешаванд. Дар ин маврид дар варақаҳои бақайдгирӣ ва дафтарҳои ҳавлӣ ҳамаи сутунҳои ин ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ пур карда шуда, муҳри бақайдгирӣ гузошта мешавад.
  33. Маълумот дар бораи таваллудшудагон ё кӯдакони аз нав ба падару модарашон (намояндагони қонуниашон) омада, ки синнашон ба 16 нарасидааст, ба варақаи бақайдгирӣ, дафтари ҳавлии яке аз падару модар, дар асоси шаҳодатномаи таваллуди ин ноболиғон дохил карда мешаванд, дар мавриди ба назди васиён омадан – дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи муайянсозии васоят (фарзандхондкунанда) амалӣ карда мешавад. Дар дафтари ҳавлӣ осори муҳри бақайдгирӣ гузошта шуда, реквизитҳои он пур карда мешаванд.
  34. Ҳангоми баромада рафтани яке аз падару модар (намояндагони қонунӣ) ба варақаи бақайдгирӣ ё варақаи ҳуҷрагӣ, ки маълумот дар бораи кӯдакон гузаронида шудааст, ин маълумот ба ҳуҷҷатҳои бақайдгирии падару модари (намояндагони қонунӣ) дигар, ки онҳо барои истиқомат намудан бо ӯ меистанд, гузаронида мешавад. Ҳангоми барасмиятдарории падару модаре (намояндагони қонунӣ), ки баромада меравад, дар варақаи рафтани ӯ маълумот дар бораи фарзандон сабт намешавад.
  35. Агар кӯдакони то синни 16-солаи яке аз падару модар (намояндаи қонунӣ) ба ҷойи истиқомати нави падару модари (намояндагони қонунӣ) дигар раванд, бақайдгирии ин шаҳрвандон бо тартиби пешбинишудаи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад.
  36. Ҳангоми гирифтани шиносномаҳои намунаи соли 2014-и кӯдаконе, ки ба синни 16 расидаанд (инчунин шаҳрвандоне, ки бори аввал шиноснома мегиранд), ба маълумоте, ки қаблан аз рӯи шаҳодатномаи таваллуд ба варақаҳои бақайдгирӣ ва дафтари ҳавлӣ гузаронида шудаанд, муҳри азқайдбарорӣ гузошта мешавад. Дар варақаҳои ҳуҷрагӣ ба маълумоти ин шаҳрвандон дар сутуни «эзоҳ» навиштаҷоти «шиноснома дода шудааст» гузаронида мешавад.
  37. Ба кӯдакони ба синни 16 расида ва шаҳрвандоне, ки бори аввал шиносномаи намунаи соли 2014 мегиранд, маълумоти бақайдгириашон ба варақаи бақайдгирӣ ва дафтари ҳавлӣ, ки қаблан дар асоси шаҳодатномаи таваллуд гузаронида шудаанд, барасмиятдарории бақайдгирӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур амалӣ карда мешавад. Дар ин маврид ба аризаи бақайдгирии ин шаҳрвандон розигии хаттии соҳибмулк (иҷорадеҳ, иҷорагир)-и хонаи истиқоматӣ пешниҳод карда намешавад.
  38. Кӯдаконе, кидармуассисаҳоимахсусгардонидашуда (хонаи хурдсолон, хонаи кӯдакон, мактаб-интернатҳо, мактабҳои махсус ва омӯзишгоҳҳо) нигоҳ дошта мешаванд, дар асоси дархости маъмурияти он дар хобгоҳҳо ва ҳуҷраҳои зисти ин муассисаҳо ба қайд гирифта мешаванд, агар онҳо дар қайди падару модар (намояндагони қонунӣ) ё дигар хешовандонашон дар маҳалли аҳолинишине, ки муассисаҳои дар боло зикршуда дар ҳудудашон ҷойгиранд, набошанд.
  39. Ҳангоми шаҳодатномаи таваллуд надоштани кӯдакон ба маъмурияти муассисаҳои махсусгардонидашуда пешниҳод карда мешавад, ки тибқи тартиби муқарраргардида, аз мақомоти САҲШ шаҳодатномаи таваллуд гиранд. Бақайдгирӣ бо тартиби пешбинишудаи Қоидаҳои мазкур амалӣ карда мешавад.
  40. Бақайдгирии хизматчиёни ҳарбие (ба истиснои сарбозҳо, сержантҳо ва старшинаҳо, ки аз рӯи даъват хизмати ҳарбиро адо мекунанд), ки шиноснома надоранд, аз ҷойи истиқомати онҳо мутобиқи Қоидаҳои мазкур дар асоси шаҳодатномаи шахсият амалӣ мегардад. Муҳр оид ба бақайдгирӣ дар маълумотномаҳои аз ҷониби қисмҳои ҳарбӣ додашуда гузошта мешавад, ки аз ҷониби командирҳои қисмҳои низомӣ ба имзо расида, бо муҳр тасдиқ ва реквизитҳои он пур карда мешаванд.
  41. Дар ин ҳолат дар сутуни «муносибат ба хизмати ҳарбӣ»-и варақаҳои бақайдгирӣ ё дафтари ҳавлӣ аз ҷониби корманде, ки бақайдгириро ба расмият медарорад, навиштаҷоти «хизматчии ҳарбӣ» сабт карда мешавад.
  42. Бақайдгирӣ аз ҷойиистиқомати муваққатиишаҳрвандоне, кибароитаҳсиломадаанд, баъдидохил шудани онҳобамуассисаҳоитаълимӣ (шакли рӯзонаитаҳсил) вапешниҳоди ҳуҷҷатҳоитасдиқкунандадар давоми таҳсиламалӣ карда мешавад. Шаҳрвандоне, ки барои таҳсил омада, аз ҷойи истиқомати пештара аз қайдбаровардашудаанд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд ҳамчун истиқоматкунандаи доимӣ ба қайд гирифта шаванд.
  43. Бақайдгириишаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар хориҷи кишвар истиқомат мекунанд ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ба муҳлати беш аз 6 моҳ омадаанд, аз ҷойи истиқомати муваққатӣ бе азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомати доимӣ ба муҳлати зарурии муҳлати муваққатӣ, вале на зиёда аз 5 сол амалӣ карда мешавад.
  44. Ҳангоми бақайдгирии шаҳрванд барои истиқомати муваққатӣ муҳлати бақайдгирӣ нишон дода мешавад. Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи намунаи соли 2014 дар сутуни «Нишонӣ/Address» дар варақаи худчаспи бақайдгирӣ – дар аввали дохил намудани маълумот оид ба суроға ба таври автоматӣ шаҳр, ноҳия ворид карда мешавад.

Мисол: -«ноҳияи Рўдакӣ то 15.02.2017, кӯчаи Сомонӣ, хонаи 45 ба қайд гирифта шуд 14.02. 2015».

  1. Дар шиносномаи намунаи соли 1996, дафтари ҳавлӣ, варақаи бақайдгирӣ – дар осори муҳри бақайдгирӣ – дар қисмати болоии осори муҳр, мисол:

 ш. ДУШАНБЕ то 15.02.2021

ШВКД дар НОҲИЯИ И. СОМОНӢ

БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

_____________________хонаи______

___________________ҳуҷраи_______

«____» _______ 20___сол.   _______________

(имзо)

  1. Дар аризаи бақайдгирӣ – дар сабт (резолютсия), дар варақаисуроғавииомад – дар тарафи рости кунҷи боло, дар варақаи ҳуҷрагӣмуҳлатенишондодамешавад, ки дар он бақайдгирӣ аз ҷойи истиқомати муваққатӣ амалӣ карда мешавад, мисол: «то 01.08.2022».
  2. Аз рӯи маҳалли будубоши муваққатӣ ба қайд гирифта мешаванд:

– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муҳлати беш аз 3 моҳ аз як маҳал ба маҳалли дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ омадаанд ва аз рӯи ҷойи истиқомат қайди истиқомати доимӣ доранд ва дар хонаҳои истиқоматие қарор доранд, ки ҷойи истиқомати онҳо ҳисоб намеёбанд, дар ин маврид аз қайди ҷойи истиқомат баромадашон ҳатмӣ нест;

– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷои истиқоматашонро тағйир додаанд, аз қайди ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши пештара бароварда шудаанд ва дар хонаи истиқоматие қарор доранд, ки ҷойи истиқомати онҳо намебошад;

– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар истиқомати доимӣ доранд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати муваққатӣ ба муддати беш аз 6 моҳ омада, дар хонаи истиқоматие, ки ҷойи истиқомати онҳо ҳисоб намеёбад – ба муҳлати зарурӣ, вале на зиёда аз 2 сол;

– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷойи истиқомати муайян надоранд, ба муҳлати нигоҳдорӣ дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳи муваққатӣ.

  1. Маҳалли будубош хонаи истиқоматие ба ҳисоб меравад, ки шаҳрванд дар он муваққатан қарор дорад ва ҷойи истиқомати ӯ намебошад.
  2. Барои бақайдгирӣ аз рӯи маҳалли будубош дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ вобаста ба вазъу ҳолат ҳуҷҷатҳои тибқи сархатҳои як, ду, се, панҷ, шаш, ҳафт ва сездаҳи банди 225 Дастурамали мазкур пешбинишуда пешниҳод карда мешаванд. Шаҳрвандоне, ки аз ҷойи истиқомат ё аз маҳалли будубоши пештара аз қайд бароварда шудаанд, варақаи баромад пешниҳод мекунанд.
  3. Уҳдадорони ҳарбӣ, ки аз қайди ҷойи истиқомат ё аз рӯи маҳалли будубоши пештара бароварда шудаанд, ҳангоми бақайдгирӣ дар маҳалли будубош ба таври ҳатмӣ ҳамчунин билети ҳарбӣ (барои даъватшудагоне, ки ба синни 16 расидаанд – шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ) бо суроғаи комиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи гузоштан дар қайди ҳарбӣ пешниҳод менамоянд. Дар ин маврид пешниҳод намудани варақаи бақайдгирӣ ва дафтари ҳавлӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ зарур нест.
  4. Бақайдгирӣ аз маҳалли будубош бо роҳи барасмиятдарорӣ ва додани варақаи иловагӣ, сабт дар дафтари бақайдгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалли будубоши муваққатии шакли 51 (минбаъд – китоби бақайдгирӣ) амалӣ карда мешавад.
  5. Варақаи иловагӣ – ин бланкҳои ҳисоботи қатъӣ ҳисоб мешаванд. Ҳангоми ворид гардидани варақаҳои иловагӣ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи дафтари даромад ва хароҷоти варақаҳои иловагии шакли 28 ба ҳисоб гирифта мешаванд. Варақаҳои иловагии истифодашуда мутобиқи дафтари даромад ва хароҷоти варақаҳои иловагии шакли 28 аз эътибор соқит карда мешаванд.
  6. Санаи бақайдгирӣ ва санаи додани варақаи иловагӣ бояд мувофиқат кунанд, дар дафтари бақайдгирӣ варақаҳои иловагӣ қатъиян бо тартиби афзуншаванда (154001, 154002, 154003….) сабт шуда, дар сутуни 5 рақами варақаи иловагӣ навишта мешавад. Рақами варақаи иловагӣ ва санаи дода шудани он ҳамчунин дар аризаи бақайдгирӣ навишта мешаванд. Шуруъ аз 1-уми январ рақамгузории сабтҳо дар дафтари бақайдгирӣ аз як оғоз карда мешавад.
  7. Дар дафтарҳои ҳавлӣ ва варақаҳои бақайдгирӣ маълумот оид ба бақайдгирӣ аз рӯи маҳалли будубош гузаронида намешавад.
  8. Варақаи суроғавии омад пур карда шуда, дар қисмати рости кунҷи болои он ҳарфҳои калони «ВИ» навишта мешавад, ки маънои бақайдгирӣ аз рӯи ҷойи омада расидан ва додани варақаи иловагиро дорад, болотар аз он – муҳлате, ки шаҳрванд дар маҳалли будубош ба қайд гирифта мешавад, нишон дода мешавад.
  9. Варақаи иловагӣ бо ёрии воситаҳои техникии электронӣ-ҳисоббарорӣ ё бо даст бо ҳарфҳои чопӣ бо ручкаи одии рангаш бунафш ботартиб ва бехато пур карда мешавад. Ихтисор ва ислоҳи сабтҳо манъ аст. Кӯдакони то синни 16, ки дар маҳалли будубош ҳамроҳи падару модарашон зиндагонӣ мекунанд, дар асоси шаҳодатномаи таваллуд ба варақаи иловагӣ ва варақаи суроғавии омади яке аз падару модарашон гузаронида мешаванд. Насаб, ном, санаи таваллуд дар китоби бақайдгирӣ таҳти рақамгузории падару модар навишта мешавад, ки дар варақаи иловагии он кӯдакон, гузаронида мешаванд.
  10. Варақаи иловагӣ аз тарафи сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба имзо расида, дар он муҳр гузошта мешавад.
  11. Ҳангоми бақайдгирӣ аз рӯи маҳалли будубоши шаҳрвандоне, ки аз ҷойи истиқомати пештара аз қайд бароварда нашудаанд, ду варақаи суроғавии омад пур карда мешавад, ки варақаи якум ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии маҳалли будубош, варақаи дуюм ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷойи истиқомати доимӣ фиристода мешавад. Агар шаҳрванд аз ҷойи истиқомати пештара аз қайд бароварда шуда бошад, инчунин ҳангоми дар ҳудуди хизматрасонии як бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ қарор доштан, варақаи омад дар як нусха пур карда мешавад. Дар ин сурат, дар варақаи суроғавии омад, дар тарафи рости кунҷи боло ҳарфҳои калони «ВИ» навишта мешавад, ки маънои бақайдгирии маҳалли будубош ва додани варақаи иловагиро дорад, дар болотари он – муҳлате нишон дода мешавад, ки шаҳрванд дар ҷойи омада расидан ба қайд гирифта мешавад.
  12. Ҳангоми муроҷиати шаҳрванд бо сабаби гум кардани варақаи иловагӣ ё ба корношоямӣ расонидани он, дар асоси ариза, бо шарҳ додани сабабҳои гум кардан ё беэътибор гардидани варақаи иловагӣ, ба шаҳрвандон нусхаи дуюми варақаи иловагӣ дода мешавад. Дар поёни китоби бақайдгирӣ, дар ҷойи сабти бақайдгирии шаҳрванд навиштаҷоти «Нусхаи дуюм дода шуд «__»______20___сол, №______» гузаронида мешавад, дар қисмати болои кунҷи рости варақаи иловагӣ навиштаҷоти «Нусхаи дуюм» сабт мешавад. Дар ин маврид, дар сутуни «ба муҳлати аз ________то_______»-и варақаи иловагӣ санаи бақайдгирӣ ва муҳлати амали он гузаронида шуда, дар китоби бақайдгирӣ навишта мешавад, дар поёни варақаи иловагӣ бошад, санаи дода шудани нусхаи дуюми варақаи иловагӣ сабт мешавад. Дар ин сурат варақаи суроғавии омад тартиб дода намешавад.
  13. Барои додани варақаи иловагӣ ба шаҳрванд аз рӯи маҳалли будубош:

– ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ;

– ба ҷои гумшуда ё варақаи иловагии корношоям;

– ҳангоми иваз намудани шиноснома;

– ҳангоми додани шиноснома ба ҷойи гумшуда ё корношоям мутобиқи Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи хизматрасонӣ ситонида мешавад.

  1. Варақаҳои иловагии беэътибор (барои истифодаи минбаъда корношоям, дарёфтшуда, ки бо вайрон гардидани талаботи Қоидаҳои мазкур дода шудаанд, ҳангоми пуркунӣ вайроншуда, бо дигар сабабҳо супоридашуда), мутобиқи Қоидаҳои мазкур дар асоси санад нобуд карда мешаванд.
  2. Бақайдгирии шаҳрвандон аз рӯи маҳалли будубош дар хонаҳои истиқоматӣ дар муҳлати муайяни вақт, вале на зиёда аз муҳлати дар шартномаи иҷора нишондодашуда амалӣ карда мешавад.
  3. Муҳлати амали бақайдгирӣ дар маҳалли будубош ҳамчунин ҳангоми шахсан ҳозир шудан ва бо розигии шахсони зерин муайян карда мешавад:

– иҷоранишин (иҷорагир), агар хонаи истиқоматӣ ба фонди манзилии давлатӣ (идоравӣ) ё дигар фонди манзилӣ тааллуқ дошта бошад;

– соҳибмулки хонаи истиқоматӣ, агар хонаи истиқоматӣ моликияти хусусӣ ҳисобида шавад.

  1. Шаҳрвандони аз ҷойи истиқомати пештара аз қайд бароварданашуда, дар маҳалли будубош на зиёда аз 1 сол ба қайд гирифта мешаванд, ба истиснои шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил менамоянд (таҳсили рӯзона, ба муҳлати таҳсил). Дар ҳолатҳои истисноии марбут ба сафарҳои хизматӣ, кор, таҷрибаомӯзӣ, табобат ва ғайра, шаҳрвандон дар маҳалли будубош, бе азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомати пештара ба муҳлати зарурӣ, лекин на зиёда аз 2 сол ба қайд гирифта мешаванд.
  2. Бақайдгирии шаҳрвандон дар маҳалли будубош дар бинои истиқоматие, ки ҷойи истиқомати онҳо ҳисоб намешавад, ба муҳлати на зиёда аз 2 сол, танҳо баъди баровардан аз қайди ҷойи истиқомати пештара амалӣ карда мешавад.
  3. Минбаъд ҳангоми тамдид намудани муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандон, ки аз ҷойи истиқомати пештара аз қайд бароварда мешаванд, бақайдгирӣ дар маҳалли будубош, баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар Дастурамали мазкур пешбинигардида ба расмият дароварда шуда, варақаи иловагии нав дода мешавад.
  4. Шаҳрвандоне, ки дар ягон ҷойи истиқомат ба қайд гирифта нашудаанд ё нашуда буданд, бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали мазкур дар маҳалли будубош ба қайд гирифта мешаванд. Дар сатри 9-и варақаи омад «Аз куҷо ҳозир шуд ва кай», ки нисбати чунин шахс тартиб дода мешавад, қайди «ҷойи истиқомат надорад» гузошта мешавад.
  5. Агар шаҳрванд дар маҳалли будубош ба қайд гирифта шуда бошад, ҳангоми иваз намудани шиноснома, додани шиноснома ба ҷойи гумшуда ва дигар ҳолатҳое, ки дар Дастурамали мазкур пешбинӣ гардидааст, шиносномаи намунаи соли 2014 бо қайди суроғаи маҳалли будубош, бо нишон додани муҳлати бақайдгирӣ ба расмият дароварда мешавад. Ҳамзамон нусхаи варақаи иловагӣ дода шуда, дар дафтари бақайдгирӣ, дар қайдҳои ибтидоии мавҷудаи бақайдгирӣ ба шаҳрванд маълумоти нав гирифташуда ворид карда мешаванд. Варақаи иловагӣ (сутуни 5 – «Нусхаи дуюм (дубликат) дода шуд» «___»______20__сол №_______») ва дар шиносномаи намунаи соли 2014-и нав (сутуни 4 -«00067892, 25.03.2015»). Ба варақаи иловагии додашаванда дар кунҷи рости болои он қайди «Нусхаи дуюм» (дубликат) дарҷ карда мешавад. Дар ин маврид, дар варақаи иловагӣ маълумоти шиносномаи нав навишта мешавад, дар сутуни «ба муҳлати аз ________ то ________» санаи бақайдгирии аввал ва муҳлати амали он, ки дар дафтари бақайдгирӣ навишта шудаанд ва дар поёни варақаи иловагӣ санаи додани нусхаи дуюм (дубликат) дарҷ карда мешавад. Варақаи омад пур карда шуда, ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ фиристода мешавад. Ҳамзамон дар кунҷи рости болои варақаи омад, бо ҳарфҳои калон «ВИ» навишта мешавад, ки маънои бақайдгирӣ аз рӯи маҳалли будубош ва додани варақаи иловагиро дорад, дар боло муҳлате, ки шаҳрванд дар маҳалли будубош ба қайд гирифта шуда, дар сутуни 14–санаи бақайдгирии аввал дарҷ мегардад.
  6. Барои бақайдгирии шаҳрвандон дар ҷойи истиқомат ва ё маҳалли будубош боҷи давлатӣ дар ҳаҷми пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ситонида мешавад.
  7. Розигӣ барои бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош бо роҳи дар аризаи бақайдгирӣ шахсан имзо гузоштани соҳибмулк, иҷоранишин (иҷорагир)-и хонаи истиқоматӣ, ё бо розигие (бо нусхаи аслӣ), ки бо таври нотариалӣ тасдиқ карда шудааст, тавассути намояндаи худ нишон дода мешавад.
  8. Агар шаҳрванд ҳангоми бақайдгирӣ варақаи баромаде пешниҳод намояд, ки ӯ ба дигар нуқтаи аҳолинишин меравад, ҳангоми бақайдгирӣ аз ў пешниҳоди варақаи нави суроғавии баромад бо ворид кардани тағйиротҳо талаб карда намешавад.
  9. Агар ҳудуди хизматрасонии нуқтаҳои аҳолинишин ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии гуногун дохил шаванд, баъди барасмиятдарории бақайдгирии шаҳрванд ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷойи истиқомат (маҳалли будубош)-и пештара, хабарномаи шакли озод (бо замимаи нусхаи варақаи суроғавии баромад) фиристода шуда, дар он суроғаи аниқи бақайдгирии ин шаҳрванд дар ҷойи истиқомат (маҳалли будубош)-и нав нишон дода мешавад. Кормандони бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ бо гирифтани чунин хабарнома дар варақаҳои суроғавии баромади нигоҳдошташаванда тарзе тағйирот ворид мекунанд, ки матни қаблии дар варақаи суроғавии баромад нишондодашуда, хонда шавад.
  10. Фиристодани хабарнома дар ҳолати ҷойгир будани нуқтаи аҳолинишини ҷойи ҳозиршавии шаҳрванд дар ҳудуди хизматрасонии як бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии нуқтаи аҳолинишоне, ки дар варақаи суроғавии баромад нишон дода шудааст, талаб карда намешавад.
  11. Дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд гум кардани варақаи суроғавии баромад, бақайдгирии ӯ баъди санҷиш ва муайян намудани далели аниқи азқайдбарорӣ, бо роҳи фиристодани дархост (тавассути факс, телефон) ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши пештара амалӣ карда мешавад.
  12. Азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат ва маҳалли будубош аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– тағйир ёфтани ҷойи истиқомат дар асоси аризаи шаҳрванд ё дархости маъмурияти хонаи махсусгардонидашуда ё дигар биное, ки ба фонди манзилӣ дохил мешавад;

– барои истиқомати доимӣ ба хориҷи кишвар рафтани шаҳрванд;

– қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамоянд);

– ҳангоми маҳрум кардани шахс аз ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ – дар асоси қарори қувваи қонунӣ пайдонамудаи суд;

– бедарак ғайбзада эътироф намудан – дар асоси қарори қувваи қонунӣ пайдонамудаи суд;

– ошкор гардидани маълумот ва ҳуҷҷатҳои ғайриқонуние, ки барои бақайдгирӣ асос гардидаанд, инчунин ошкор шудани амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ҳангоми ҳалли масъалаи бақайдгирӣ – дар асоси қарори қувваи қонунӣ пайдонамудаи суд;

– вафот ё вафотнамуда эълон намудани шахс – дар асоси шаҳодатномаи вафот, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба расмият дароварда шудааст ё қарори суд, ки қувваи қонунӣ пайдо намудааст.

  1. Азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат ё аз маҳалли будубош дар ҳама ҳолатҳо танҳо аз рӯи аризаи азқайдбарорӣ бо шахсан ҳозир шудани аризадиҳанда амалӣ карда мешавад, инчунин бо розигии аризадиҳанда, ки аризаи хаттиаш (нусхаи аслӣ) ба таври нотариалӣ тасдиқ гардида, тавассути намоянда, ё ин ки бо дархости хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, ки ба он аризаи хаттӣ замима шудааст, пешниҳод гардида бошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтуми банди 303 пешниҳоди ариза талаб карда намешавад.
  2. Ҳангоми ба охир расидани муҳлати амали бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши муваққатӣ шаҳрвандон аз қайд баровардашуда ҳисобида мешаванд.
  3. Ҳангоми пеш аз муҳлат баромада рафтани шаҳрванд аз хонаи истиқоматие, ки ҷойи истиқомати ӯ ҳисоб намеёбад (зимни истиқомат дар маҳалли будубош), бо розигии хаттии соҳибмулк, иҷоранишин, иҷорагир (ё бо розигӣ додани ӯ (нусхаи аслӣ) ба намояндаи худ, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ шудааст) дар асоси аризаи азқайдбарорӣ ё дархости маъмурияти хонаи махсусгардонидашуда ё дигар биное, ки ба фонди манзили истиқоматӣ дохил мешавад, шаҳрванд аз қайди маҳалли будубош бароварда мешавад.
  4. Пеш аз азқайдбарорӣ шаҳрвандон аз рӯи маълумоти бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, аз рӯи қайдҳои рӯйхатҳои мақомоти корҳои дохилӣ нисбати шахсони барои содир кардани ҷиноят дар ҷустуҷӯ қарордошта, бедарак ғайбзадагон, аз алимент саркашинамуда, қарздорони давлатӣ ва шахсоне, ки бо хешу таборашон алоқаашон канда шудааст, санҷида мешаванд. Агар ба шахсони дар ҷойи истиқомат ё маҳалли будубош ба қайд гирифташуда баргакҳои назоратӣ (строжевой) пайдо шавад, кормандон фавран ба сардорони худ гузориш медиҳанд, ки онҳо дар навбати худ ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ ё навбатдори мақомоти корҳои дохилӣ гузориш дода, сипас тибқи супориши онҳо амал менамоянд.
  5. Азқайдбарории хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон танҳо ҳангоми дар билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи қайди ҳарбӣ, варақаҳои бақайдгирӣ ва дафтари ҳавлӣ (ҳангоми азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат) мавҷуд будани қайдҳои аз қайди ҳарбӣ баровардан, ба расмият дароварда мешавад.
  6. Ҳангоми барасмиятдарории азқайдбарорӣ тибқи шиносномаҳои намунаи соли 2014 корманди хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, гузарвожаро ворид месозад, сипас барномаи «GetID» интихоб карда мешавад. Даромадан ба низом (манба)-и ягонаи автоматикунонидашуда бо ворид намудани рамзи воридшавии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, сипас гузарвожаи шахсии корманд амалӣ карда мешавад.
  7. Азқайдбарорӣ тавассути мавқеи «тағйири маълумот» амалӣ карда мешавад. Мавқеи «тағйири маълумот»-ро кушода, бо тартиб майдонҳои «мақсади муроҷиат», «азқайдбарорӣ», «ҳуҷҷати нав», «корти идентификатсионӣ» кушода мешаванд. Бо нӯги мушак дар мавқеи дуюми «ҳуҷҷатҳои асосшаванда» майдони «корти идентификатсионӣ» интихоб карда мешавад.
  8. Барои аз дохили низом ёфтани маълумоти шахсе, ки аз қайдбароварда мешавад, дар майдонҳои «рақамиягонаимиллӣ», «силсилаварақамишиноснома»ва«рақамимушаххаси андозсупоранда» маълумоти рақамҳои дар шиносномаи шаҳрванднишондодашуда ворид карда мешавад (дар майдони «силсила ва рақамишиноснома»пешазрақамсилсилаишиносноманишондодамешавад). Силсила ва рақамишиносномабатаври ҳатмӣбароиинъикосиминбаъдаи он дар тарафи рости хати варақаи худчасп (стикер)-и азқайдбарорӣ, баъдичопкарданион, ворид карда мешавад. Мисол: «Аз қайд бароварда шуд/Unregistered 14.02.2015 А00076283». Санаи азқайдбарорӣдар варақаихудчасп ба таври автоматикӣ дар рӯзи дар низом ба шаҳрванд ба расмият даровардани азқайдбарорӣворид карда мешавад.
  9. Бо тартиб даричаи «оғозибақайдгирӣ», мавқеи«маълумотидемографиишаҳрванд», сипас «эзоҳ» ворид карда мешавад, ки дар онҳосуроғае, ки шаҳрвандба он ҷоаз қайдбаровардамешавад, дохил карда мешавад. Мавқеи «варақаи худчасп (стикер) чоп карда шавад» ворид карда шуда, варақчаи варақаихудчаспдор ба принтер бо таври ақрабакаш ба пеш гузошта мешавад, яке аз се варақаҳоиистифоданашудаинтихобкарда мешавад: 1,2 ва ё 3, ки бо мушак ба тирезаи «1,2 ва ё 3» зер карда мешавад. Пас аз чоп кардани варақаихудчаспи азқайдбарорӣ, дар менюи кушодашудаи «Тасдиқ кунед, ки принтер дуруст чоп кард?» параметри лозимии «Ҳа»ё«Не» интихоб ва дохил карда мешавад. Баъди анҷоми кор, мавқеи«FROM CANCEL ADDDRESS»зеркардашуда, шакли 1-и шаҳрвандкушодамешавад, кидаронбатавриавтоматикӣмаълумот оид ба азқайдбарорииӯ ворид карда мешавад.
  10. Агар шаҳрвандбориаввалбаъдигирифтанишиносномааз қайдбаровардашавад, дарсутуни«Нишонӣ/Address»-и шиноснома варақаихудчаспи чопшудаи азқайдбарорӣ часпонида мешавад, ки аз болоояш бо тасмача (лента)-и махсуси шаффофи часпаки аз вайронию ислоҳнамоӣ ҳифзкунанда пӯшонида мешавад.
  11. Агар дар шиноснома аллакай варақаи худчаспи бақайдгирӣ бо ширеш часпонида шуда бошад, он аз ширеш канда шуда, варақаи худчаспи азқайдбарорӣ часпонда мешавад, ки аз болояш бо тасмачаи махсуси шаффофи часпаки аз вайронию ислоҳнамоӣ ҳифзкунанда пӯшонида мешавад.
  12. Ҳангоми барасмиятдарории азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат тибқи шиносномаи намунаи соли 1996, дар шиноснома муҳри азқайдбарорӣ гузошта шуда, реквизитҳои он пур карда мешаванд.
  13. Ҳангоми азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат дар варақаҳои бақайдгирӣ ва дафтари ҳавлӣ муҳри азқайдбарорӣ гузошта шуда, реквизитҳои он пур карда мешаванд.
  14. Ҳангоми азқайдбарорӣ аз маҳалли будубош дар варақаҳои иловагӣ, дар поёни Истинод, дар тарафи дигари варақаи иловагӣ осори муҳри азқайдбарорӣ гузошта мешавад. Дар ин ҳангом дар дафтарҳои бақайдгирӣ дар сутуни 10 қайд оид ба азқайдбарорӣ ва санаи барасмиятдарории он дарҷ карда мешавад, мисол: «Аз қайд бароварда шуд-28.01.2015».
  15. Ҳангоми азқайдбарорӣ аз ҷойи истиқомат ва маҳалли будубош, тибқи тартиби муқарраргардида ду варақаи суроғавии баромад пур карда мешавад, ки варақаи якум ба бюрои суроғавию маълумотдиҳӣ фиристода шуда, варақаи дуюм бо гузоштани осори муҳр дар қисмати қафои варақа ва пур кардани реквизитҳои он ба шаҳрванд барои бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши нав дода мешавад; талони ҳисоботи оморӣ ба варақаи суроғавии баромад шакли 17/1 (минбаъд – талон ба варақаи суроғавии баромад) дар ҳолатҳои пешбининамудаи Дастурамали мазкур пур карда мешаванд.
  16. Ҳангоми бақайдгирии шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, ба муассисаҳои таълимӣ-ҳарбӣ дохил шудаанд, барои истиқомати доимӣ ба хориҷа мераванд (агар дигар ҳолатҳо дар созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад), инчунин шахсони вафотнамуда варақаҳои суроғавии баромад дар як нусха танҳо барои фиристодан ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ тартиб дода мешавад.
  17. Азқайдбарории шахсони ба хизматӣ ҳарбӣ даъватшуда баъди ворид шудани аризаҳои онҳо оид ба азқайдбарорӣ ва шиносномаҳо аз комиссариатҳои ҳарбӣ ё қисмҳои ҳарбӣ амалӣ карда мешавад. Аризаи азқайдбарорӣ бояд бо имзо ва муҳри комиссари ҳарбӣ ё командирони қисми ҳарбӣ тасдиқ карда шуда бошанд.
  18. Азқайдбарории кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки аз тарбияи падару модар маҳрум шудаанд, аз ҷойи истиқомат ва маҳалли будубош танҳо бо розигии мақомоти васоят ва парасторӣ амалӣ карда мешаванд.
  19. Азқайдбарории шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, инчунин шахсони шартан бо ҷалби ҳатмӣ ба меҳнати маҷбурӣ аз озодӣ маҳрумшуда, агар онҳо дар ҳабс қарор дошта бошанд, баъди қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд амалӣ карда мешавад.
  20. Маъмурияти тавқифгоҳи тафтишотӣ дар ин ҳолатҳо, дар якҷоягӣ бо хабарномаи қувваи қонунӣ пайдо намудаи ҳукми суд нисбати чунин шахсон, ба мақомоти корҳои дохилие, ки дар ҳудуди минтақаи хизматӣ ҷойгиранд, хабарнома (шакли 20), шиносномаи маҳкумшуда ва аризаи азқайдбарории ӯро мефиристад. Аризаҳои азқайдбарорӣ бояд бо имзо ва муҳри сардори тавқифгоҳи тафтишотӣ тасдиқ шуда бошанд.
  21. Шиносномаҳои намунаи соли 2014 ва шиносномаҳои намунаи соли 1996 тибқи тартиби муайяннамудаи Дастурамали мазкур аз қайд бароварда мешаванд. Баъди азқайдбарорӣ як нусхаи варақаи суроғавии баромад ҳамроҳи шиноснома ба тавқифгоҳи тафтишотӣ барои ба парвандаи маҳкумшуда дӯхта шудан фиристода мешавад ва нусхаи дуюм ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷойи истиқомат ё маҳалли будубоши пештара ирсол карда мешавад.
  22. Дар мавриди шиноснома надоштани маҳкумшудагон, азқайдбарорӣ дар асоси хабарномаҳо амалӣ карда мешавад. Ҳангоми дар хабарнома мавҷуд набудани ягон маълумоти барои тартиб додани варақаи суроғавии баромад зарурӣ, ин маълумот дар асоси маълумоти бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ ё хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ илова карда мешавад.
  23. Аз қайд баровардани шахсони вафотнамуда мутобиқи Дастурамали мазкур, аз рӯи шиносномаҳое, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ аз мақомоти САҲШ ворид мегарданд, амалӣ карда мешавад, баъди ин шиносномаҳо мутобиқи тартиби муқарраргардида нобуд карда мешаванд. Дар ин маврид варақаи суроғавии баромад ба расмият дароварда шуда, ба бюрои суроғавию маълумотдиҳӣ фиристода мешавад.
  24. Дар сурате, ки агар шахси вафотнамуда дар дигар мақомотикорҳоидохилӣ ба қайдгирифташудабошад, варақаи суроғавии баромад ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли бақайдгирӣфиристодамешавад. Агар шиносномаҳо ҳангомибақайдгирии вафот супорида нашуда бошанд ва гирифтани онҳо ғайриимкон бошад, азқайдбарориишаҳрвандони вафотнамуда дар асоси рӯйхатҳои аз мақомотиСАҲШворидшудаамалӣкардамешавад.
  25. Варақаҳоисуроғавииомад ва баромад (мутобиқи замимаи№5 пуркардашаванда) ҳангомибарасмиятдарориибақайдгирӣ ваазқайдбарорӣ даршаҳрҳо, ки бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии ҷумҳуриявӣ ёвилоятӣ доранд, дар як нусха, дар дигар маҳалҳо дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ фиристода шуда, нусхаи дуюм ба баргадони суроғавӣ-маълумотдиҳии хадамоти шиносномавию бақайдгириимақомотикорҳоидохилӣ воридкарда мешавад, ки дар он ҷомаълумот дар бораи сокинони нуқтаиаҳолинишинимазкур ҷамъ оварда мешаванд.
  26. Варақаҳои суроғавии омад ва баромад ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳии минтақавӣ, на дертар аз рӯзи дигар баъди бақайдгирӣ/азқайдбарорӣ фиристода мешаванд.
  27. Нусхаи якуми варақаҳои суроғавии омад ва баромад ҳангоми барасмиятдарории бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятӣ ба бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ на кам аз ду бор дар як ҳафта фиристода мешаванд.
  28. Талонҳои ҳисоботиоморӣбаварақаҳоисуроғавииомад, ҳангомибақайдгирӣ аз ҷойиистиқомат ё ба варақаҳоисуроғавиибаромад, ҳангоми азқайдбарорӣазҷойиистиқомат (мутобиқизамимаи №5 пуркардашуда) дар як нусха тартиб дода шуда, ба ҳамаишаҳрвандоне, киазякҷобаҷойи дигар барои истиқомати доимӣ меоянд, аз он ҷумлабашаҳрвандоне, киба ҳудудиҶумҳурииТоҷикистонбаҷойинави истиқомат аз давлатҳои аъзои ИттиҳодиДавлатҳоиМустақиломадаанд, тартиб дода шуда ва ба мақомотиоморфиристодамешаванд.
  29. Талонҳои ҳисоботиоморӣтартибдоданамешаванд:

-ҳангоми бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд ва аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудаанд;

– ба шаҳрвандоне, ки ба муассисаҳои ҳарбӣ-таълимӣ дохил шудаанд;

– ба шахсоне, ки аз озодӣ маҳрум шудаанд ё шартан аз озодӣ маҳрум бо ҷалб намудан ба меҳнатӣ ҳатмии маҷбурӣ ва аз қайди комендатураи махсус баровардашуда;

– ба кӯдаконе, ки ба синни 16 нарасида, ки бе падару модар мустақилона ҳозир шудаанд;

-ҳангоми бақайдгирӣ ва азқайдбарории шахсоне, ки ҷойи истиқоматашонро дар ҳудуди як ноҳияи маъмурӣ, шаҳрӣ ва шаҳрак иваз намудаанд;

– ба шаҳрвандоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014-ро бо расидан ба синни 16 гирифтаанд;

– ба шаҳрвандоне, ки шиносномаи намунаи соли 2014-ро иваз намудаанд ё ба ҷои шиносномаи гумшуда шиносномаи намунаи соли 2014 гирифтаанд;

-ҳангоми азқайдбарории шаҳрвандони фавтида.

  1. Талонҳоиомории ҳисоботӣбаварақаҳоисуроғавииомадвабаромад ба мақомотиомор на камтар яз як маротиба дар як моҳ фиристодамешаванд.
  2. Дар шиносномаҳоинамунаисоли 1996, гувоҳномаҳоииқомат, варақаҳоииловагӣвадигар ҳуҷҷатҳо, инчуниндар варақаҳоибақайдгирӣ, дафтарҳои ҳавлӣ, варақаҳоисуроғавиибаромадибашаҳрвандондодашаванда осори муҳри бақайдгирӣ ё осори муҳриазқайдбарорӣ гузошта шуда, реквизитҳои онро корманде, ки бақайдгирӣваазқайдбарориро ба расмият даровардааст, пур намуда, бо имзои худ тасдиқ менамояд. Ҳамзамон дар осори муҳрибақайдгирӣ, кидар варақаҳои бақайдгирӣва дафтари ҳавлӣгузошта мешавад, танҳосанаибақайдгирӣнишондодамешавадва ҳангомипуркардани реквизитҳо осори муҳриазқайдбарорӣдар варақаи бақайдгирӣва дафтари ҳавлӣ, ғайразсанаиазқайдбарорӣ, суроғаибакуҷорафтанишаҳрванд нишон дода шуда, дар варақаҳои ҳуҷравӣ санаи азқайдбарорӣгузоштамешавад.
  3. Осори муҳри бақайдгирӣваазқайдбарорӣ дар варақҳоишиносномаҳоинамунаисоли 1996, кибарои қайдҳои ҷойиистиқомат пешбинӣ шудааст, бо назардошти риояи қатъии вақтигузошта шудани онҳо гузошта мешавад.
  4. Ҳангомигумкардани варақаихудчаспи бақайдгирӣ, варақаихудчаспи азқайдбарорӣёба ҳолатикорношоямӣоварданионҳо, боаризаишаҳрванд, баъдисанҷиши маълумоти низом, дар ҳолати зарурӣ– аз рӯи қайдҳоибюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ аз нав ба расмият дароварда мешавад.
  5. Шахсони пиронсол, шахсони имкониятҳоиҷисмониашон маҳдуд, шахсони дар табобати маҷбурӣ қарордошта ва дигар шахсоне, ки ба таври доимӣдархонаҳоимахсусвамуассисаҳо (азҷойиистиқомати пештара аз қайдбаровардашудаанд) ёазрӯизарурият, аз рӯи маҳалли будубош дар давраи нигоҳдорӣдархонаҳоимахсусвамуассисаҳо, дар ҷойиистиқоматёмаҳаллибудубоши бинои истиқоматӣба қайдгирифтамешавандвабопешниҳоди маъмурияти ин хонаҳои махсус ва муассисаҳоботартибимуқаррарнамудаиДастурамали мазкур аз қайд бароварда мешаванд.
  6. Нисбати шаҳрвандонихориҷӣвашахсонибешаҳрванде, кибатавридоимӣдарҶумҳурииТоҷикистонистиқоматменамоянд, бақайдгирӣдарҷойи истиқомати доимӣ ва азқайдбарорӣ ҳангомирафтаназҷойиистиқомати доимӣботартибибароишаҳрвандониҶумҳурииТоҷикистон муқарраргардида амалӣкардамешавад. Шаҳрвандонихориҷӣ (бо гувоҳномаи иқомати барои шаҳрвандонихориҷӣ), шахсонибешаҳрванд (бо гувоҳномаи иқомати барои шахсони бешаҳрванд) бо мактуби воҳидҳои хадамоти шиносномавию бақайдгирие, ки гувоҳномаи иқоматро додааст, ба муҳлатиамали гувоҳномаи иқомат ба қайдгирифтамешаванд. Шахсонибешаҳрвандисиннусолашонба 45 расида, ки гувоҳномаииқомати бемуҳлат гирифтаанд, ба таври доимӣба қайдгирифтамешаванд.
  7. Ҳангомибақайдгирӣ ёазқайдбарории шаҳрвандонихориҷӣвашахсонибешаҳрванддарварақаҳоисуроғавииомадвабаромад дар кунҷирости он бо ҳарфҳоикалон ҳарфи«Х»навиштамешавад.

 

  1. ТАЪМИНИ РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАҲОИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Чорабиниҳои ташкилӣ ва амалии таъмини риояи Қоидаҳо аз ҷониби тамоми воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ, чӣ дар рафти корҳои ҳаррӯза ва чи тавассути гузаронидани чорабиниҳои махсуси санҷиши риояи Қоидаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони мансабдор амалӣ карда мешавад.
  2. Чорабиниҳои таъмини риояи Қоидаҳо бояд мушаххасу мақсаднок бошанд, қувва ва воситаҳои барои амалисозии амалии онҳоро ба назар гирифта, номгӯ ва ҷойгиршавии иншооти санҷидашаванда, шахсони масъул ва муҳлати иҷрои онро пешбинӣ намояд. Ба чорабиниҳо нақшаи хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва ҳам нақшаҳои кории умумии мақомоти корҳои дохилӣ дохил мешаванд.
  3. Дар нақшаҳои чорабиниҳо дохил мешаванд:

– тибқи тартиби муқарраршуда санҷиши хонаи истиқоматӣ ва дигар ҷойҳое, ки шаҳрвандон метавонанд бе шиноснома ё бо шиносномаҳои ғайриқонунӣ, ё ин ки бе қайд истиқомат кунанд;

– тибқи тартиби муқарраршуда санҷиши риояи Қоидаҳо аз ҷониби соҳибони шиносномаҳо, шахсоне, ки бо қабул ба кор ва таҳсил сарукор доранд, соҳибмулкони хонаи истиқоматӣ ва дигар шахсоне, ки дар ихтиёрашон хонаи истиқоматӣ ва биноҳо қарор доранд;

– омӯзиши хусусият, сабаб ва шароитҳое, ки ба вайронсозии Қоидаҳо ва қабули чораҳои амалӣ барои баратараф намудани он мусоидат менамояд;

– гузаронидани санҷиши назоратии фаъолияти нозирони минтақавии милитсия оид ба таъмини риояи Қоидаҳо дар минтақаҳои хизматрасониҳои онҳо;

– амалисозии назорати шахсоне, ки барои риояи Қоидаҳо масъуланд;

– бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла тавассути васоити ахбори омма, баргузории ҷаласаҳои дастурӣ бо шахсоне, ки барои риояи Қоидаҳо масъуланд;

– омода намудани маълумотнома оид ба камбудиҳои ошкоршуда ва таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати бартараф намудани онҳо.

  1. Роҳбарии бевоситаи кор оид ба таъмини риояи Қоидаҳо аз ҷониби сардорони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад, ки ҳамбастагии кори байни хадамот ва воҳидҳои мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин мақомоти амнияти давлатӣ, прокуратура, муассисаҳои давлатии омор, комиссариатҳои ҳарбӣ, дар минтақаи наздисарҳадӣ бошад, бо сохтор ва қисмҳои қӯшунҳои сарҳадиро ташкил менамояд.
  2. Корҳо оид ба таъмини риояи Қоидаҳоро сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ташкил мекунанд. Бо ин мақсад онҳо вазъу ҳолати корро таҳлил менамоянд, нақшаи чорабиниҳо тартиб медиҳанд, маълумот омода менамоянд, барои бартараф намудани сабаб ва омилҳои ба вайронсозии Қоидаҳо мусоидаткунанда таклифу пешниҳод медиҳанд, аз иҷрои кори нозирони минтақавии милитсия дар самти кори шиносномавию бақайдгирии минтақаи хизматрасониашон назорат мебаранд, бо дастури роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва шахсони масъул барои риояи Қоидаҳо корҳои дастурдиҳӣ ва ҷаласаҳо гузаронида, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
  3. Кормандони тамоми хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ барои мустаҳкам намудани реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ бо истифода аз имкониятҳои оперативӣ ва дигар чорабиниҳо мусоидат намуда, оид ба муайянсозии шахсоне, ки бе шиноснома, бо шиносномаҳои ғайриқонунӣ, бе қайд истиқомат мекунанд ба хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ хабар медиҳанд. Кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ нисбати шахсони ба қоидавайронкунӣ роҳдода, ки зимни санҷиши реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ ошкор шудаанд, ба хадамоти дахлдор хабар медиҳанд.
  4. Ҷавобгарӣ аз болои рафти реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ дар минтақаи таҳти хизматрасонӣ қарордошта ба зиммаи нозирони минтақавии милитсияе, ки онро бо истифода аз кумаки гурӯҳҳои ҷамъиятӣ таъмин менамоянд, вогузор шудааст.
  5. Нозирони минтақавӣ уҳдадоранд:

– тартиби додан ва иваз намудани шиносномаҳо, бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ, инчунин қонунгузорӣ дар бораи ҷавобгарии шаҳрвандон барои вайрон намудани Қоидаҳоро донанд ва ба аҳолӣ фаҳмонанд;

– санҷиши риояи Қоидаҳоро аз ҷониби шаҳрвандон амалӣ намоянд;

– нисбати шахсоне, ки талаботи Қоидаҳоро вайрон намудаанд, протокол тартиб диҳанд;

– бартарафсозии камбудиҳои ошкоршударо назоратбарӣ намоянд;

– дар бораи корҳои анҷомдодашудаи самти таъмини риояи реҷаи шиносномавӣ аз рӯи шакли 23 маълумотнома тартиб диҳанд.

  1. Маълумот дар бораи корҳои вобаста ба таъмини риояи реҷаи шиносномавию бақайдгирӣ (аз рӯи шакли 23) анҷомдодашуда аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия на камтар аз як маротиба дар як моҳ ба роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ бо гузориш пешниҳод карда мешавад, ки минбаъд аз ҷониби хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҷамъ карда мешаванд.
  2. Ҳангоми доштани ахбори дақиқи қоидавайронкунӣ барои санҷиши риояи Қоидаҳо даромадан ба хонаҳои истиқоматӣ аз соати 6.00 то 22.00 иҷозат дода мешавад. Санҷиши пайдарҳамии риояи Қоидаҳо аз ҷониби шаҳрвандон, танҳо аз рӯи вазъияти фавқулодаи бамиёномада ва бо иҷозати роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
  3. Вайронкунандагони қоидаҳо, ки аз дигар маҳалҳо омада бе шиноснома ё бе қайд истиқомат мекунанд, тавассути бюрои суроғавӣ-маълумотдиҳӣ бо телефон санҷида мешаванд. Ҳамзамон нисбати шахсоне, ки рафторашон шубҳанок аст, ба хадамоти оперативии мақомоти корҳои дохилӣ хабар дода мешавад.
  4. Санҷиши риояи Қоидаҳо ҳангоми қабули шаҳрвандон ба кор ё таҳсил тавассути санҷиши ҳуҷҷатҳои дар қайдбудаи дастгоҳҳои кадрӣ ё шахсоне, ки барои қабул ба кор, таҳсил, маълумот оид ба шиносномаҳо ва бақайдгирӣ масъуланд, амалӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои азназаргузаронӣ шиносномаҳои кормандон ва донишҷӯён талаб карда мешавад.
  5. Аз натиҷаи санҷиш дар ду нусха санад тартиб дода мешавад, ки аз тарафи кормандони санҷишгар ва роҳбарияти корхона, муассиса, дигар ташкилот, сохторҳои тиҷоратӣ ё муассисаҳои таълимӣ ба имзо расонида мешаванд ва як нусхаи он таҳти дастхат ба маъмурияти иншооти таҳти санҷиш қарордодашуда супорида шуда, нусхаи дуюмаш дар хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар санадҳо камбудиҳои ҳангоми санҷиш ошкоршуда, инчунин пешниҳодҳо дар бораи тартиб ва муҳлати бартарафсозии онҳо нишон дода мешавад.
  6. Тартиби барасмиятдарорӣ, пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда, таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин иҷрои қарорҳо оид ба татбиқи ҷазои маъмурӣ ва санадҳо оид ба татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Намунаи ягонаи протоколҳо бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешавад.

 

  1. БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХИЗМАТИИ ХАДАМОТИ ШИНОСНОМАВИЮ БАҚАЙДГИРӢ

 

  1. Фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар асоси нақшавӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ чораҳо андешида мешаванд.
  2. Дар мавриди набудани сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ шакли 1, варақаҳои иловагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахси иҷрокунандаи вазифаи ӯ, дар ҳолати набудани онҳо аз ҷониби сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва муовинон ба имзо расонида мешаванд.
  3. Барои ҳалли вазифаҳое, ки ба додани шиноснома ба шаҳрвандон ва дигар фаъолият алоқамандӣ дорад, ташкили кор аз инҳо иборат мебошад:

– банақшагирии фаъолияти хизматӣ ва муайян намудани идомаи ҳалли масъалаҳо;

– назоратбарӣ аз болои амалисозии нақшаҳо;

– омода намудани шарҳ ва амалисозии методӣ, гирд овардан ва тарғиби таҷрибаи мусбати кор;

– амалисозии назоратбарии амалӣ аз болои фаъолияти кормандони зертобеъ;

– ошкор намудани камбудиҳо ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба миён омадани онҳо;

– бақайдгирии кори анҷомдодашуда. Ба баҳисобгирӣ маълумоте, ки ҳисоботи оморӣ пешбинӣ намудааст, ворид мешаванд.

  1. Дар ҳисоботҳои корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои он маълумоти оморӣ, инчунин дигар нишондодҳо, ки хусусияти натиҷаҳои фаъолияти хизматии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар додани шиносномаҳо ба шаҳрвандонро дар худ доранд, инъикос меёбад. Ба ғайр аз маълумоти рақамӣ, ки далелҳои хоси самтҳои алоҳидаи корро мушаххас дар бар мегирад, инчунин оид ба беҳтар намудани фаъолият пешниҳодҳо манзур карда мешаванд.
  2. Аз натиҷаи кори хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳар моҳ ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ (якмоҳа ва давраи ҳисоботӣ, бо натиҷаҳои афзуншаванда) бо шакли 29 ва маълумотнома оид ба корҳои анҷомдодашудаи хадамоти шиносномавию бақайдгири (якмоҳа ва давраи ҳисоботӣ, бо натиҷаҳои афзуншаванда) бо шакли 30 тартиб дода мешавад, ки аз ҷониби сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ё муовинони онҳо тасдиқ гардида, ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳармоҳа то санаи 25-уми ҳар моҳ, барои ҷамъбаст фиристода мешаванд. Хадамоти шиносномавию бақайдгирии тобеи вилоят, минтақа ва ноҳияи Рашт ҳисоботҳоро ба раёсати Вазорати корҳои дохилӣ оид ба тобеият барои ҷамъбаст ва минбаъд фиристодан ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд.
  3. Ҳангоми тартиб додани ҳисоботҳо аз рӯи шакли 29 (дар банди 2) ва бо шакли 30, ҳангоми гирифтани шиносномаҳои намунаи соли 2014 мутобиқи якчанд асос, дар як вақт, мисол: гум кардани шиноснома ва иваз намудани насаб, ном, номи падар, иваз намудани шиноснома марбут ба гузаштани муҳлати амали шиносномаи пештара ва иваз намудани насаб, ном, номи падар, маълумоти додани шиносномаи намунаи соли 2014 танҳо дар як зербанд ба инобат гирифта шуда, ворид карда мешавад.
  4. Натиҷаи фаъолияти хизматии хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ҳар семоҳа дар ҷаласаҳои оперативии назди сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.
  5. Гузаронидани санҷиши фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.