26 Апрел, 2024

Суҳбат дар мавзўи дастрасӣ ба шиноснома

Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони милитсия бо аҳли ҷамоатчигӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, саъй менамоянд вазифаҳои базиммадоштаашонро сари вақт иҷро намоянд. Ҳамзамон, дар доираи қонунҳои амалкунанда ба мушкилоти пешомадаи шаҳрвандон расидагирӣ намоянду ҳарчи бештар сазовори бовариву эътимоди онҳо гарданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ кормандони дастгоҳи марказии ин хадамот ва ниҳодҳои поёнии он вобаста ба минтақаи хизматии худ пайваста дар маҳаллаву ҷамоатҳо бо аҳолӣ вохўриҳо мегузаронанд.

Дар ин асно, ҳафтаи сипаригардида сардори шуъбаи кор бо шиносномаи ХШБ полковники милитсия Манучеҳр Миршамсзода ва сардори ХШБ ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ майори милитсия Чаман Қаҳҳорова бо раисон ва сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ ва Телмани ин ноҳия вохўрӣ намуданд. Масъулин вобаста ба амалишавии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, таҳти №207-7 “Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд”, инчунин оид ба сари вақт дастрас намудани шиносномаи шаҳрвандӣ аз ҷониби хонандагону хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, ки аллакай ба синни 16 расидаанд, суҳбатҳо анҷом доданд. Қайд карда шуд, ки шаҳрвандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бемамониат пешниҳод намуда, дар муҳлати муайянгардида соҳиби шиноснома гарданд.

Дар интиҳои ин вохўриҳо намояндагони маҳаллаҳо вобаста ба фаъолияти дахлдор ба кормандони ХШБ саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.