Фаъолияти шуъба оид ба корҳои шиносномавии ХШБ дар соли 2021

Шуъба оид ба корҳои шиносномавии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз зерсохторҳои муҳими Хадамот ба ҳисоб рафта, кормандони шуъба баҳри дар амал татбиқ намудани талаботи қонун, қарорҳо ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа дар давоми соли 2021 корҳои назаррасеро ба анҷом расониданд.

Кормандони шуъбаи мазкур фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», “Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомномаи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд то ки вазифаҳои аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар наздашон гузошташударо сари вақт ва босифат иҷро намоянд.

Дар соли сипаригардидаи 2021 аз ҷониби кормандони шуъба оид ба корњои шиносномавии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ дар мувофиқа ва мусоидати роҳбарияти Хадамот фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилҷ ва Вазорати корҳои хориҷӣ“Дар бораи Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 01 декабри соли 2021 №746 б/з ва аз 29 ноябри соли 2021 №1022 бо таҳрири нав таҳия гардида, 31 декабри соли 2021 аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Моҳи декабри соли 2021 бахшида ба «Рӯзи кормандони шиносномавӣ» як семинар-конфронс дар мавзӯи «Ҳамоҳангсозии сохторҳо дар барасмиятдарории шиноснома ба шаҳрвандон ва риояи қонунгузорӣ дар ин самт» бо ҷалби кормандони масъули Сарраёсати консулии Вазорати корњои хориҷӣ, Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, Раёсати  таҳқиқ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки тамоми сардорони хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоят ва шаҳру ноҳияњои ҷумҳурӣ доир карда шуд, ки дар доираи он байни баромадкунандагону иштирокчиёни ҷамъомад мубодилаи афкор ва таҷриба сурат гирифт.

Дар давоми соли 2021 кормандони шуъба оид ба корҳои шиносномавии Хадамот кору фаъолияти кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро мавриди санҷиши комплексӣ қарор дода, илова ба ошкор ва бартараф намудаи камбудию норасогиҳои ҷойдошта, ҳамчунин ба кормандон дар ҳалли мушкилоташон ёрии амалӣ расониданд.

Бояд қайд намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва кӯшишҳои бевоситаи сардори Хадамот полковники милитсия Ҳусейн Халилзода шароитҳои хизмативу иҷтимоии кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гардида истода, ба беҳтар гардонидани фаъолияти кории онҳо мусоидат карда шуда истодааст. Ҳамзамон бо назардошти хатари глобалии бемории сироятии “КОВИД-19”, ки ба саломатии мардумони тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад, як қатор тадбирҳои пешгирикунандаю зиддиэпидемикӣ роҳандозӣ карда шуда истодаанд. Тамоми биною иншоотҳои хадамоти шиносномавию бақайдгирӣбо овезаҳои аломатҳои огоҳикунандаи хатари ин беморӣ насб карда шуда, истифодаи ниқоби муҳофизатӣ, риояи қоидаҳои тозагию гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоӣ гирифтан тарғиб карда мешавад.

Аз тарафи кормандони шуъба оид ба корҳои шиносномавии ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 дар маҷмӯъ 1 ҳазору 237 адад дархостҳои аз дигар давлатҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту идораҳо воридшуда, сари вақт баррасӣ карда шуда, ба онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гардонида шуданд. Ҳамчунин, оид ба масъалаҳои шиносномавӣ 49 адад аризаи шаҳрвандон баррасӣ карда шуда, ба аризадиҳандаҳо ҷавоби муфассал ирсол карда шудааст.

Кормандони шуъба оид ба корҳои шиносномавии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ соли 2021 дар тамоми чорабиниҳои реҷаи шиносномавӣ бо номҳои шартии “Тозакунӣ”, “Иҷоранишин” ва ғайра, ки дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид, дар якҷоягӣ бо кормандони дигар хизматҳо фаъолона иштирок намуданд.

Кормандони шуъба дар ҳайати Гурӯҳи кории созмондодашуда бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби ноҳияҳои Рудакӣ ва Варзоб” бо намояндагон ва сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рудакӣ ва маҳаллаҳои навтаъсиси ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯриҳо гузаронида, оид ба бақайдгирӣ дар хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист корҳои фаҳмонидадиҳӣ бурданд. Дар натиҷа, аз ҷониби воҳидҳои сохтории Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ алакай то охири соли 2021 ба 329 соҳибони хонаҳои истиқоматӣ дафтари ҳавлӣ тайёр карда шуда, 740 нафар шаҳрвандон дар суроғаи нав ба қайд гирифта шуданд.

Бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2016 сол, №207-7 “Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он” дар соли 2021 аз ҷониби воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, аз ҷумла дар 436 ҷамоату шаҳраки деҳот овезаҳо оид ба иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 ба шиносномаи намунаи соли 2014 овезон карда шудаанд, дар 1 ҳазору 597 муассисањои таҳсилоти миёнаи умумї, 2 донишгоҳ, 4 коллеҷ, 364 адад ҷамоати шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, 90 корхонаю идораҳо корҳои фаҳмонидадиҳию таблиғотӣ гузаронида шуданд. Тавассути телевизион ва радио 79 маротиба баромад пахш гардида, дар ҳафтанома ва рӯзномаҳои даврӣ, аз ҷумла дар ҳафтаномаи “Қонун ва Ҷомеа”, рӯзномаҳои “Ҷумњурият”, “Пайк” ва ғайра 71 мақолаҳо нашр карда шудааст.

Дар соли 2021 аз тарафи хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сокинони ҷумҳурӣ ҳамагӣ 504 њазору 642 адад шиносномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда, дода шудааст. Аз ин шумораи шиносномаҳо 272 ҳазору 942 ададаш аз руи иваз намудан, 189 ҳазору 350 ададаш бори аввал, 21 ҳазору 204 ададаш барои гум намудан, 20 ҳазору 442 ададаш ивази ному насаб дода шудаанд.

Дар давраи соли 2021 инчунин 223 ҳазору 833 нафар шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, 60 ҳазору 696 нафар шаҳрвандон аз қайд бароварда шудаанд.

Дар давоми соли сипаригардидаи 2021 5 ҳазору 521 нафар шаҳрвандон муваққатан ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 489 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳури 307 нафар, вилояти Суғд 3,943 нафар, вилояти Хатлон 683 нафар, минтақаи Рашт 68 нафар, ВМКБ 31 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо дигар хизматҳо 1 ҳазору 883 маротиба рейдҳои шиносномавӣ гузаронида шудааст, ки дар натиҷа нисбати 108 ҳазору 372 нафар шаҳрвандоне, ки реҷаи шиносномавиро вайрон намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  тартиб дода  шуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Дар соли 2021 аз ҷониби кормандони шуъба оид ба кори шиносномавӣ ва хадамоти шиносномавию бақайдгирии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бораи ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маросими тантанавӣ супоридани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ваосити ахбори омма инъикос карда шуданд. Аз ҷумла тариқи телевизионњои “Шабакаи аввал”, ТВ “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Шабакаи Кўлоб” бо 18 гузориши телевизионї намоиш дода шуданд.

Кормандони масъули шуъба оид ба корҳои шиносномавӣ дар моҳҳои май ва июни соли 2021 дар мизи мудаввар дар мавзӯи “Иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба алимент ва маскун кардан, муштарак ва роҳҳои ҳалли онҳо”,  Семинар-машварат дар мавзӯи “Давраи омӯзиши усулҳои навини ошкор намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ” бо иштироки намояндагони Хадамоти марзбонии Лаҳистон, инчунин дар давоми сол дар чандин лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи вазорату идораҳо ва ташкилотҳо таҳияшаванда иштирок намуда, таклифу пешниҳодҳои худро баҳри пешрафти кор манзур намуданд.

Кормандони шуъба оид ба корҳои шиносномавии Хадамот баҳри беҳтару хубтар ба роњ мондани кору фаъолият дар соли 2022, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои вогузоргардида, чорабиниҳои бақшагирифташуда, саҳм гузоштан дар пешрафту ободии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, софдилонаю содиқона хизмат хоҳанд намуд.

Шуъба оид ба корҳои шиносномавии ХШБ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон