Тартиби воридшавии хориҷиён ба минтақаҳои сарҳадӣ

Тартиби воридшавӣ ва ивази ҷойи зист дар маҳалҳои (минтақаҳои) алоҳида, ки барои воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд манъ аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳвранд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2018, № 1471 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, № 207 “Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавссути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Вобаста ба мақсадњои воридшавӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар минтақаи сарҳадӣ, рухсатнома бо тартиби зерин дода мешавад: шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки нияти воридшавӣ ва будубош дар минтақаи сарҳадӣ бо мақсадҳои амалигардонии сафарҳои хизматӣ, корӣ, сайёҳӣ, фаъолияти меҳнатї, барои таҳсил ва ғайра дошта бошанд – дар асоси муроҷиати хаттии ташкилотҳои қабулкунанда; шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки нияти воридшавӣ ва будубош дар минтақаи сарҳадӣ бо мақсадҳои амалигардонии сафарҳои сайёҳӣ, шахсӣ, барои табобат бошанд – дар асоси аризаҳои шахсии шаҳрвандони хориҷӣ.

       Дар муроҷиатҳои хаттӣ ва аризаҳо нишон дода мешаванд: шаҳрвандӣ, насаб, ном ва номи падари шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, соли таваллуд, силсила ва рақами шиноснома, минтақаҳои сарҳадие, ки шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ният дорад ташриф орад, санаи воридшавӣ ва санаи хориҷшавӣ аз минтақаи сарҳадӣ, мақсади сафар.

Ҳангоми додани иҷозатнома ба шаҳрванди хориҷие, ки қаблан шиносномаи худро ба қайд гирифтааст, инчунин ба шаҳрванди хориҷие, ки шиносномааш дар дигар воҳиди Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба муроҷиати хаттӣ ё ариза, нусхаҳои саҳифаҳои шиноснома, ки дар онҳо расм, маълумоти соҳиби шиноснома ҷойгиранд, нусхаи варақаи бақайдгириӯ замима карда мешавад. Агар дар баробари барасмиятдарории рухсатнома, ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бақайдгирии шиноснома амалӣ карда шуда истода бошад, нусхаҳо пешниҳод карда намешаванд.

Аз рӯи муроҷиатҳои хаттии ташкилотҳои қабулкунанда, дархостҳо оид ба додани рухсатнома метавонанд то вақти воридшавии шаҳрванди хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шаванд. Дар ин ҳолат ба муроҷиати хаттӣ нусхаҳои шиноснома, ки дар онҳо расм, маълумоти соҳиби шиноснома, раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд ва ё нусхаи тақвиятдиҳандаи раводидӣ замима карда мешаванд, агар тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳолат пешбинӣ карда нашуда бошад.

Иҷозат барои воридшавӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар минтақаи сарҳадӣ, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти корҳои хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муддати 1 рӯзи корӣ, пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ дода мешавад.

Рухсатнома дар китоби додани варақаҳои ҳисоботи қатъӣ сабт шуда, ба шахси мансабдор зери имзо дода мешавад.

Дар варақаи баҳисобгирии шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар сутуни «Воридшавӣ ба минтақаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот оид ба рухсатномаи додашуда навишта мешаванд. Дар дархости хаттии ташкилоти қабулкунанда ва ё аризаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд рақам ва санаи додани рухсатнома навишта мешавад.

Барои додани рухсатнома хаққи хизматрасониҳои дар Нархномаи хизматрасониҳо пешбинишуда, ки аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё воҳидҳои он расонида мешавад, ситонида мешавад.

Ҳангоми гум кардан ва ё вайрон намудани рухсатнома аз ҷониби соҳиби он, ташкилоти қабулкунанда оид ба додани рухсатномаи нав ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё воҳидҳои он бо таври хаттӣ муроҷиат менамояд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки рухсатномаро бо тартиби инфиродӣ гирифтааст – бо ариза дар шакли озод. Маблағе, ки барои рухсатномаи бар ивази гумкардашуда ва корношоямгашта ситонида мешавад, дар асоси Нархномаи хизматрасониҳои пешбинишуда, аз ҷониби Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё воҳидҳои он амалӣ карда мешавад.

Масъалаи воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ташриф ба кӯли Сарез, аз ҷониби ташкилотҳои қабулкунанда бо Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд ва минтақаи сарҳадиро бо воситаҳои нақлиётӣба таври транзит мегузаранд, аз гирифтани рухсатнома барои воридшавӣ ва будубош дар минтақаҳои сарҳадӣ озоданд. Ин шахсон ҳуқуқи истодан дар нуқтаҳое, ки тавассути онҳо ба таври транзит убур менамоянд, надоранд, ба истиснои ҳолатҳои таваққуф аз ночорӣ, ки оиди ҳолати ҷойдошта, ӯҳдадоранд, воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт хабардор созанд, онҳо дар навбати худ фавран дар асоси аризаҳои онҳо рухсатномаро ба расмият дароварда медиҳанд.