26 Апрел, 2024

Корҳои тарбиявӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД

19 июни соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ намоиш ва тамошои филми хуҷҷатии “Зангулаи бедорӣ” ташкил карда шуд.

Филми мазкур дар бораи кирдорҳои ғайриқонунии кормандони политсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нисбати шаҳрвандони сиёҳпусти ин давлат ва оқибатҳои сиёсӣ-ҷамъиятии куштори бераҳмонаи шаҳрванди ИМА Ҷорҷ Флойдро, ки оқибатҳои манфии сиёсӣ-криминогенӣ ва иқтисодиро ба бор овардаанд ва дар натиҷа обурӯи кормандони политсия дар назари шаҳрвандон коста гардид, хабар медиҳад.

Ногуфта намонад, ки дар доираи татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – ин таъсис додани робитаи устувори дутарафаи кормандони милитсия бо аҳолӣ мебошад.

Барои бардоштани боварии аҳолӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ милитсияи муосир бояд:

– шаффоф, рақобатпазир ва обрӯноку бонуфуз бошад;

– барои ноил шудан ба фаъолияти натиҷанок ва босамар нигаронида шуда бошад;

– ба таври фаъол бо институтҳои ҷомеъаи шањрвандӣ дар ҳамкории мутақобила қарор гирифта бошад.

Дар ҷомеаи демократию мутамаддини муосир хизмат дар милитсия ақлу хиради комил, фарҳанги ботинӣ, қавииродагию далерӣ ва пеш аз ҳама, хоҳиши зиёди хизмат намуданро ба шаҳрвандон ба манфиати шахсият, давлат ва ҷомеа дар умум талаб менамояд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД таъкид кард, ки ҳар як корманд барои баланд бардоштани сатҳи дониши худ бояд кӯшиш кунад ва ҳангоми кабули шаҳрвандон муомилаи хуб кунад ва ба онҳо хизматрасониҳои босифат ва саривақтӣ пешниҳод карда намуда,ба кашолкорӣ ва амалҳои коррупсионӣ роҳ надиҳад.