26 Апрел, 2024

Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамот

6 марти соли 2020 дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД бо иштироки роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии ин ниҳод бахшида ба Рӯзи модар воҳӯрӣ бо шахси эҷодкор ва чорабинии идона доир гардид.

Дар қисми расмии маҷлис вохӯри бо сардабири ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа” полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шерали барпо гардид.

Шерализода Ҳ.Ш. бо суҳанони нек ва самимӣ корманд-занони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии вазорат табрик намуда тамоми хушиҳои зиндагиро барояшон таманно кард ва аз қадру манзалати зан-модар, ситоиши модар дар эҷодиёти шоирону бузургон ва шахсиятҳои барҷастаи олам ёдоварӣ намуд.

Ҷамъомади тантанавиро сардори ХШБ полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир давом намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модар ва фарорасии баҳори хуҷастапай муборакбод гуфта, барояшон саломатии бардавом ва хушбахтиҳо таманно намуд.

Сардор қайд кард, ки барои ҳар як нафар модар беҳтарин неъмат, азизтарин инсон ва ғамхору меҳрубонтарин шахс мебошад, ки тамоми ҳастии худро барои фарзанд мебахшад.

Сардори ХШБ ба собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, иброз дошт, ки имрӯз роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба собиқадорон таваҷҷуҳи хосса дошта, пайваста дастгиру мададгори мебошад. Дар баробари ин, дар арафаи ҳама иду љашнвораҳо ба аёдати онҳо рафта, аз саломативу шароити зиндагиашон огоҳ мегардад.

Шумо, ки мутахассисони соҳа ҳастед ва дар хубтару беҳтар гардидани самти фаъолият таҷрибаи кофӣ доред, баҳри рушд ва омода намудани мутахассисони соҳа дастгириву тавсияҳои шумо зарур мебошад. Итминон дорам, ки бо дастгирии шумо дар пешрафти кор ва боварии роҳбарияту мардуми кишвар бештар сазовор мешавем, – афзуд баромадкунанда.

Дар фарҷоми ҷамъомади идона сардори ХШБ ВКД полковники милитсия Ҳусейн Халилзода бо собиќадорон суҳбати озоду самимона намуда, онҳоро ба ҳамкориву омӯзонидани таҷрибаи хеш ба кормандони ҷавон даъват кард.

Дар охир иштирокчиёни ҷаласа дар саҳнаи Хадамот сурати хотиравӣ гирифтаанд.