26 Апрел, 2024

Ташрифи гурӯҳи кории ВКД Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ, мусоидат дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ва баррасии масоили марбут ба фаъолияти хизматии Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзи 16-уми сентябр ҳайати кории ВКД-ии ҳамсоякишвар таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон полковник Тошпулатов Азиз Анварович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

140

Ҳайати меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Турсунзода муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ва сардорони раёсатҳои оперативию минтақавӣ қабул намуданд.

Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ гурӯҳи кории ҳайати меҳмононро сардорони Сарраёсати кофтукови ҷиноятӣ, муовини аввали сардори Сарраёсати мубориза бо терроризм ва экстремизм, муовини сардори Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Сарраёсати кофтукови ҷиноятӣ, сардори шуъбаи фаъолияти ҷустуҷӯии Сарраёсати кофтукови ҷиноятӣ ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳури Ӯзбекистон, ҷониби Тоҷикистонро сардорони Раёсатҳои ВКД дар вилояти Суғд, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ намояндагӣ мекунанд.

Ҷаласаи мазкур ҷиҳати боз ҳам густариши ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар самти мубориза алайҳи унсурҳои ҷиноятӣ ва доду гирифти иттилооти оперативӣ баҳри пешгирии чинояткорӣ аз ҷумла чиноятҳои характери экстремистӣ-террористӣ дошта, хариду фурӯши одамон, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, мусоидат намудан дар дастгиркунии ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, убури ғариқонунии марз ва дигар паҳлуҳои фаъолияти таъмини амнияту тартибот нигаронида шудааст.

243

Баъди баргузории ҷаласа сафари ҳайати меҳмонон ба вилоятҳои Хатлон ва Суғд ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷараёни он иловатан иттилоъ хоҳем дод.