26 Апрел, 2024

Коррупсияро дар якҷоягӣ пешгирӣ мебояд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ барҳақ қайд намуданд: «Ҳар яки мо – роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кулли хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунем, на халқ ба мо».

Ин гуфтаҳо бояд шиори ҳамешагии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, хусусан ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирии (ХШБ) Вазорати корҳои дохилӣ қарор гирад, – афзуд сардори ин хадамот полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир зимни дарси хизматие, ки рӯзи 26-уми апрел дар мавзӯи «Пешгирии омилҳои содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсиононидошта» дар маҷлисгоҳи ХШБ доир гардид.

119

Ҳусейн Халилзода дар идома илова намуд, ки аз ин рӯ, гуфтаҳои Роҳбари давлат ва таъкиду эродҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки аз ҷаласаи мушовараи семоҳаи соли 2019 бармеояд, бори дигар мо, кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирииро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат намуда, дар муносибату муошират бо шаҳрвандон хушмуомила бошем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар кору хизмат ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем. Фаромӯш набояд кард, ки ба амалҳои коррупсионӣ даст задан ба шаъну шарафи кормандони милитсия иснод оварда, обрӯву эътибори ин мақомотро дар ҷомеа коҳиш медиҳад.

118

Сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон майори адлия Муқимӣ Нигора Аминзод дар тақвияти суханони боло, дар бораи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ сухан ронда, аз ҷумла зикр намуд, ки мо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ субъектони асосии муборизабаранда бо коррупсия мебошем ва дар пешгириву ошкорсозии амалу кирдорҳои ҷиноятиву коррупсионӣ масъулият дорем, ки саҳмгузор бошем ва набояд, ки худ олудаи фасод шавем.

Номбурда дар идома дар бораи ҳамкориҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ ва дар якҷоягӣ кору фаъолият бурдан баҳри амалисозии талаботҳои санадҳои меъёрии хуқуқӣ сухан ронда, илова намуд, ки иҷроиши «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» талаб менамояд, ки пеши роҳи амалу кирдорҳои коррупсионӣ сари вақт гирифта шавад, то ки ин беэътиноӣ ба ҷиноят бурда нарасонад.

Дар ҷумҳурӣ барномаи зиддикорррупсионӣ қабул гардида, дар ин самт як қатор чорабиниҳо аз ҷониби Вазорату идораҳо ба сомон расонида шуданд. Аз замони гузаштан ба соҳибихтиёрии давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар самти муқовимат бо коррупсия ба тасвиб расонидааст. Дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур омад, ки соли 2007 бо барҳам додани як қатор сохторҳои муборизабаранда бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусгардондаи мубориза зидди фасод, яъне Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро таъсис диҳад.

120

Нигора Муқимӣ ҳамчунин доир ба бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он ибрози андеша намуда, таъкид сохт, ки пеш аз ҳама, вазорату идораҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ бояд бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

Ин вохӯрӣ баҳри баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии кормандони ХШБ доир гардида, дар анҷом муҳокима ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Наврӯз ҶОБИРОВ