5 феврали соли 2020 дар Маҷмааи давлатӣ “Душанбе-Плаза” ҷаласаи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, маркзи тадқиқотӣ стратегӣ, Академияи илмҳо ва ташикилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ.
Дар рафти маҷлис муҳимияти амали байниидоравии якҷоя, ташаббусҳои глобалӣ баҳри амали якҷоя, Шартномаи умумӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, танзимшуда ва қонунӣ ва Шабакаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои муҳочират мавриди муҳоқима ва баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин дар ҷаласа масъалаи истифодаи босамари Нишондиҳандаҳои идоракунии муҳоҷират, муаррифии вазифаҳо: фоида ва раванди Нишондиҳадаҳои идоракунии муҳоҷират баррасӣ шуд.
Натиҷаҳои муҳоқимаи масъалаҳои мазкур барои муайян намудани норасогиҳо дар сиёсати муҳоҷират, гузоштани заминаҳо барои пайгирӣ намудан ӯҳдадориҳои миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Хадафҳои рушди устувор ва Созишномаи умумӣ оид ба муҳочирати бехатар, ташкил намудани имкониятҳо барои мақомотҳои давлатӣ дар татбиқи сиёсати муҳочират мусоидат хоҳад кард.