29 Апрел, 2024

Сафари хизматии сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба шаҳри Москва

 

Сардори  Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир рӯзҳои 7-8 декабри соли  2023 тибқи нақшаи қаблан тасдиқгардида ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба шаҳри Москва сафари хизматӣ намуда, дар Конференсияи илмӣ-амалӣ дар масъалаҳои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд – ИДМ) доир ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ҷаласаи бисту шашуми Комиссияи муштараки кишварҳо – иштирокчиёни ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ширкат намуд.

Дар чорабиниҳои зикргардида сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ баромад намуда, доир ба вазъи муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи таҷриба, ҳамкориҳои судманди байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо-иштирокчиёни ИДМ, мушкилоти ҷойдошта дар ин самт ва роҳҳои бартараф намудани онҳо ибрози назар намуд.

Зимни сафари хизматӣ ба шаҳри Москва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Халилзода Ҳ.С. ҳамчунин бо курсантҳои Донишгоҳи Москваи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ба номи В.Я.Кикотя вохӯрӣ доир намуда, аз сатҳу шароити таҳсили онҳо огаҳи пайдо намуд. Вобаста ба такмили донишу аз худ намудани фанҳои касбӣ ва забономӯзӣ, инчунин ахлоқи намунавӣ доштан дар кишвари будубош дар байни курсантҳо корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда шуд.

Х. Солеҳӣ