Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

 

Таҳти ин унвон бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД вохӯрии шоир, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб доир гардид.

Нахуст, муовини сардор оиди кор бо ҳайати шахсии ХШБ ВКД полковники милитсия Раҷабзода Боймаҳмад Шариф дар бораи расидан ба истиқлоли комил, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ба пойдор нигоҳ доштани оросиву осудагии мамлакат изҳори андеша намуд.

Сипас, шоир Муҳаммад Ғоиб зимни баромади хеш дар атрофи соҳибистиқлол гардидани миллати тоҷик, кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму пойдории Истиқлолияти давлатӣ, ватандорию хештанпарастӣ, сулҳу амонии кишвар ибрози андешаронӣ намуд.

Шоир аз эҷодиёти худ дар васфи Ватан, меҳру вафо, зебоиҳои табиати биҳиштосо, қадри инсонгарӣ ва дигар паҳлӯҳои зиндагӣ шеърҳо хонда, қайд намуд, ки ба наздикӣ маҷмӯи шеърҳои навинаш дар китобчаи таҳти унвони «Меҳри Ватан» аз чоп мебарояд.

Ҳайати шахсии Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ аз ин вохӯрии самимӣ таассуроти баланд ва ғизои маънавӣ бардоштанд.

Қобили зикр аст, ки Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар буда, ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Номбурда соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуда, соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2001), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008), дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» (соли 2013), барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин (2012) ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов (2019) мебошад.

Дар ин ҷамъомад ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ як қатор кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти шиносномавию бақайгирӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар таъмири тартиботи ҷамъиятӣ, хизматҳои софдилонаю содиқона дар мақомоти корҳои дохилӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мукофотҳо сарфароз гардида шуданд.

Наврӯз ҶОБИРОВ