«Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд»

Имрўз ҷавонони мо ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Зеро имрўз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин нерўи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар нахустин анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 17-уми марти соли 1994 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар ва пешомадҳои он ва нақши муҳими ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ, муҳаё намудани шароити муносиб ва кору фаъолият таъкид намуда буд: «Ҳоло ба мо зарур аст, ки ҳамаи он чизи мусбатеро, ки дар соҳаи иқтисодиёт, фарҳангу маънавиёт аз даст додаем, аз нав барқарор намоем. Дар ин кор пеш аз ҳама ба ҷавонон такя мекунем». Ҳамзамон дар суханронии худ таъкид карда буданд, ки «Мо бояд дар ҷавонон ҳисси ватандўстиро парвариш намоем. Онҳо дар чунин руҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад. Ҳифз кардани онро барои худ шарафи бузург донанд». Аз ҳамин маврид оғоз карда, давлату ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи xамъият боварӣ ҳосил намуда, такягоҳи асосии худ шуморид.

Аз ин суханҳои Сарвари давлат зиёда аз 29 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат ҷавонони кишвар ба як қувваи воҳид ва нерўи пуриқтидори созанда табдил ёфтанд, ки дар таҳсилу кор, пешбурди корҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу маданият, варзиш ва иштирок дар чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд.

Таъсисёбии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қадами қатъие дар самти амалисозии сиёсати ҷавонон буд. Ҳамзамон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди нерў, илму дониш, омўхтани таҷ рибаи пешқадам, тайёр намудани мутахассисони ҷавон, инчунин дар самти тарбияи наврасону ноболиғон як қатор барномаҳо, стратегия ва консепсияҳо тасдиқ ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

Эълон гардидани соли 2017, ҳамчун «Соли ҷавонон», ки онҳо ҳамчун нерўи тавоно, бунёдгузор ва ояндасози ҷомеаи фардо ба ҳисоб мераванд, боиси рўҳбаландии ҳамагон гардида, ин ташаббусро иштирокчиён, алалхусус ҷавонон ва сокинони кишвар хеле гарму ҷушон истиқбол намуданд.

Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иљтимоиву иқтисодии кишвар, тадбирҳои амалӣ андешида дар ин муддати кутоҳ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон як катор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иxтимои ҷавонон» қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло гардидани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид.

Ҳоло даҳҳо нафар ҷавонон, аз ҷумла дастпарварони Ҷамъияти варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари ҳифзи шарафи мақомоти корҳои дохилӣ парчамбардорони кишвар дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд. Иштироки онҳо дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва соҳиб гардидан ба ҷоизаҳои баланди варзишӣ ин шаҳодати ғамхорӣ ва таваҷҷўҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ояндаи ҷавонон ва солимии ҷомеа дар ҳаёт мебошад.

Талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд соли охир шароиту имконият фароҳам овард, ки сокинони Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва тинҷ иву осоиштагӣ умр ба сар бурда, дар муттаҳидӣ, вахдату ягонагӣ ва дастаҷамъӣ баҳри некўаҳволӣ, ободӣ ва фардои дурахшон софдилона меҳнат намоянд.

Ноил шудан ба дастоврадҳои сиёсӣ-иҷ тимоӣ, иқтисодӣ ва илми-фарҳангӣ моро водор месозад, ки имрўз аз дирўз ва фардо аз имрўз боз ҳам беҳтару бештар ба нафъи халқу Ватан ва миллат меҳнат кунем. Пешвои миллат доимо дар баромад ва суханрониҳои худ дар симои ҷавонон ояндасозони давлату миллатро дида, таъкид менамоянд, ки онҳо созандагони имрўзу фардо мебошанд, дар ҳаёти иттилоотии дунё мавқеъ ва мақоми кишвари худро муаррифи ва ҳимоя намоянд.

Аз ин лиҳоз, ҳисси ватандустӣ, арҷгузорӣ ба муққадасоти давлату миллат, таваҷҷўҳ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ифтихор аз ватану ватандорӣ ва Сарвари муътабару муаззами давлат дар замири ҷавонон боз ҳам беҳтару бештар авҷ  ва маъво мегирад.

Соҳибдавлат будан ва соҳиби чунин як сарзамини ободу зебо гардидан на ба ҳар як қавму халқият муяссар мегардад. Ва ин неъматҳои бебаҳоро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва эҳтиёт намоем. Барои ояндагон як мулки ободу зебо, рўзгори тинҷу осоишта ва фарҳангу таърихи бойро боқӣ гузорем то ояндагон моро ба некӣ ёд кунанд.

Ҳар қадар ҷавонони кишвар муттаҳид шаванд, ҳамон қадар ҷомеа пеш рафта, муносибатҳои сиёсӣ, иҷ тимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию мадании кишварамон рушд меёбад.

Тавре Президенти кишвар дар Паёми худ зикр кардаанд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷ аҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». Аз ин рў ҷавонон бо рафтору пиндори нек, гуфтори хирадмандона, хониши аъло, одобу ахлоқи намунавӣ ба дигарон таъсир расонанд ва ҳамсолони худро аз роҳи бад бигардонанд ва ба роҳи нек ҳидоят созанд.

Имрўз ҷомеа ба мутахассисони болаёқат, доно ва соҳибистеъдод ниёз дорад. Таъкидҳои Пешвои миллат пеш аз ҳама ба ҷавонон, падару модарон, омўзгоронро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи насли наврас диққати xиддӣ диҳанд.

Фарде, ки худро воқеан фарзанди содиқи ин сарзамин меҳисобад ва обу хоки диёрро азиз медонад, бояд садоқату самимияти хешро бо ҳунару истеъдод, дониш ва меҳнати софдилона нишон диҳад.

Нозири ШШБА дар ш. Душанбе

ХШБ ВКД Ҷ умҳурии Тоҷикистон

лейтенанти калони милитсия

Fаниева Муниса Нураҳмадовна